Читать книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев - Страница 4
2. Таъсири антропогенӣ ба атмосфера
Ҳаво ва Иқлим
ОглавлениеСифати ҳаво дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон дар сатҳи ҷоиз нигоҳ дошта мешавад. Манбаи асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд, партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.
Партовҳои газҳои гулхонавӣ (ГГ), ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як на-фари аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим осебпазир мемонад. Аз соли 2005 то соли 2010 партовҳои СО2 қариб дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд, вале вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар тадбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 20С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.
Зери таъсири партовҳои ҷаҳонии гулхонавӣ ва гармшавӣ майдони бо пиряхҳо пушидашудаи Тоҷикистон аз соли 1930 то ин ҷониб 25-30%– и он кам шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2050 майдон ва ҳаҷми пиряхҳо боз 25-30 % кам гардад, ҳаҷми оби ҳавзаи дарёҳо аз ҳисоби обшавии босуръати пиряхҳо бошад аввал зиёд шуда, баъдан кам мегардад.
Қуллаи обнокии дарёҳо ба муҳлатҳои пештар гузашта, ба таъминот бо оби кишоварзӣ метавонад таъсир расонад. Зиёд шудани эътимолияти селфароӣ, обхезӣ ва камобӣ низ дар назар аст.