Читать книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев - Страница 6
3. Таъсири антропогенӣ ба гидросфера
Таъсироти антропогенӣ ба ҳавзаи обӣ
ОглавлениеОбҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.
Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ мавҷуданд. Оби ширин ва шӯрро ҷудо мекунанд, сайёраи мо асосан аз оби шӯр иборат мебошад. Шӯрнокии миёнаи оби уқёнус баробари 34,7%, ё ин ки 34,7 г/л мебошад. Миқдори намакҳо дар оби ширин бошад на зиёда аз 1 г/л мебошад.
Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км2 мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.
Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*109 км3 мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км3:
Уқёнуси ҷаҳонӣ 1 370 323
Обҳои зеризаминӣ 60 000
Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об 4 000
Пиряхҳо 24 000
Кӯлҳо 280
Намнокии хок 85
Буғи атмосферӣ 14
Обҳои дарёҳо 1,2
Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои зеризаминӣ ҳамчунин минералонида мебошад, баъзеи онҳо дар таркибашон то 200-250 г/л намакҳоро доранд.
Расми 3.1. Захираҳои умумии оби ҷаҳонӣ (
GRIDA-UNEP, 2012
)
Аксарияти ҳавзаҳои дарёҳо байнисарҳадӣ мебошанд. 148 мамлакатҳо дар ҳудуди худ як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ доранд. Дар 39 мамлакатҳо як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ зиёда аз 90%– и ҳудуди онро дар бар мегирад, ва 21 мамлакат пурра дар ҳудуди як ё якчанд ҳавзаҳо ҷойгир шудааст.
Расми 3.2. Тақсимоти глобалии (дастрас будан) об ба ҳар як сари аҳолӣ (Revenga, 2000).
Рас. 3.3. Ҳавзаҳои дарёҳои калонтарини ҷаҳон (GRIDA-UNEP, 2002).
Дар ҷаҳон 276 ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ вуҷуд дорад (64 – дар Африқо, 60 – дар Осиё, 68 дар Европа, 46 дар Америкои Шимолӣ ва 38 – дар Ҷанубӣ).