Читать книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев - Страница 5

2. Таъсири антропогенӣ ба атмосфера
Сифати ҳаво

Оглавление

Ҳавои тоза барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии боҳаловат зарур аст. Сифати ҳаво ба вазъи табиати зинда, нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ, фоиданокии кишоварзӣ ва ҷозибадории шаҳрҳо таъсир мерасонад. Фаъолияти нақлиёт, энергетика ва саноат бисёр вақт сабаби партовҳои моддаҳои заҳрнок ва ифлоскунандаҳои ҳаво мегардад. Дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ ва табиат метавонанд зарар бинанд.

Манбаҳои асосии доимии партовҳо ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои обугармидиҳии бо ангишт коркунанда ба ҳисоб мераванд. Тағйиротҳо дар сохтори саноат барои камшавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мусоидат намуданд. Дар муқоиса бо нишондодҳои максималии 30 сол пеш (100 ҳазор тонн) дар давраи ҳозира ҳаҷми партовҳои зарарнок аз манбаҳои доимӣ 3 маротиба (35 ҳазор тонн) кам шудааст.

Нақлиёти автомобилӣ дар давоми 15 сол манбаи асосии ифлоскунандаи атмосфера ба ҳисоб меравад: ба он 70-80 % ҳаҷми ҳамаи партовҳо дар сатҳи 340-540 ҳазор тонн дар як сол (маълумотҳои давраи солҳои 2015-2017) рост меояд.

Ба нақлиёт қисми асосии партовҳо (омехтаҳои карбон ва нитроген) ва ҳиссачаҳои сахт рост меояд. Теъдоди автомобилҳо дар роҳхои мамлакат сол то сол зиёд шуда, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз 440 ҳазор адад зиёд шуд. Ҳаҷми калони партовҳо бо куҳнашавии парки автомобилҳо, ки муҳлати миёнаи истифодабариашон аз 15 сол зиёд аст, вобаста мебошад. Сифати пасти сӯзишворӣ низ ташвишовар аст.

Ҳаҷми аз ҳама хурди партовҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (Помир) мушоҳида мешавад (камтар аз 10 ҳазор тонн дар як сол), ҳаҷми аз ҳама калони партовҳо дар шаҳри Душанбе (35-55ҳазор тонна дар як сол) ва ви-лояти Суғд (105-135 ҳазор тонна дар як сол) ба қайд гирифта мешавад. Манбаи калонтарини доимии ифлоскунанда (корхонаи саноатӣ)– корхонаи алюминийбарорӣ дар шаҳри Турсунзода (15-20 ҳазор тонн дар як сол) ба ҳисоб меравад. Барои кам кардани партовҳо дар корхонаи мазкур филтрҳои ҳавотозакунанда насб шудаанд, системаи омӯзиши экологӣ ҷорӣ шудааст, элек-тролизҳо ва технология истеҳсолот нав мешавад, гирду атрофи корхона мониторинги доимии давлатию идоравии сифати ҳаво ва об гузаронида мешавад.

Манбаи маълумотдиҳӣ дар бораи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон Агентии омор мебошад, ки он маълумоти расмӣ пешниҳод менамояд (www.stat.tj). Маълумотҳо дар бораи ғунҷоиши моддаҳои ифлоскунанда, бо нишон додани ҳиссаи ғунҷоиши ҳадди имкон ҳар ҳафта дар сайти Агентии обуҳавошиносӣ чоп мешавад (www.meteo.tj).


Мушоҳидаҳо аз рӯи сифати ҳаво дар панҷ шаҳрҳо гузаронида мешаванд. Миқдори моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво одатан аз меъёрҳои ғунҷоиши ҳади имконпазир зиёд намешавад. Баъзан шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба ифлосшавии зиёди ҳаво дучор мешаванд, ки сабаби асосии он партовҳо, сабабҳои метеолорогӣ – миқдори ками боришот, туфонҳои ҷангӣ, ҳавои бешамол, беҳаракат мондани гардишҳои атмосферӣ дар фасли зимистон.

Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт ва ҳезум кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудан ва гармкунии хӯрок ҳезум ва ангишт истифода мешаванд. Партовҳо ба ҳавои атмосфера инчунин аз ҳисоби сӯзонидани пояи пахта (ғузапоя) ҳосил мешаванд.

Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷониби давлат чораҳои дахлдор андешида мешаванд – санҷиши дуднокӣ, назорати сифати сӯзишворӣ, дастгирии рушди нақлиёт бо сӯзишвории газ. Дар давоми 15 соли охир ҳиссаи автомобилҳои бо газ коркунанда чанд маротиба зиёд шудааст, аз 5% то 30- 40%. Истифодаи васеи гази моеъ аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбад, чунки он метавонад партовҳоро ба ҳаво нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ кам кунад. Автомобилҳои сабукрави электрикӣ ва гибридӣ кам истифода бурда мешаванд, вале бо тараққиёти технологияи истеҳсол ва паст рафтани нархи хариди онҳо дар шароити электроэнергияи арзон ин намуди нақлиёт ояндаи хуб дорад. Аз соли 2018 дар мамлакат воридоти автомобилҳои куҳна, соли бароришашон то соли 2005 манъ шудааст.








Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Подняться наверх