Читать книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода - Страница 3
Назирзода Н. Ғ
ОглавлениеФасли якум
Кӯдаки деринтизор ба дунё омад
Рӯзе як писараке ба дунё омад. Писараке, ки таваллуди он ҳамаашро аз доира баровард. Ӯро Наримон мегуфтанд. Наримон писараки ғайриоддӣ буд. Ӯ зурриёди иблис ва инсон буд, ки падари ӯ яке аз иблисҳо, модар бошад, як зан. Дар вуҷуди Наримон ду зот мубориза мебурд, инсон ва иблис. Ҳама медонист, ки аз ин ду қувва якеаш ғолиб меояд ва Наримон дар тарафи ҳамон ғолиб мешавад. Аммо худи Наримон кӣ шудан мехоҳад? Инсон ё иблис? Хисдатҳои иблисӣ пурқудраттаранд ё инсонӣ? Зулмот ғолиб мегардад ё равшанӣ?
Падари Наримон ба қудрати калон соҳиб буд. Ӯ Камар ном дошт. Гарчанде, Камар иблис бошад ҳам, аз намуди зоҳирӣ ба иблис монанд набуд. Ӯ чашмон ва мӯйҳои сиёҳ, қаду қомати боқувват ва тақрибан чилу панҷ сола менамуд.
Модар бошад як инсони оддӣ буд. Ӯ Мариям ном дошта, мӯйҳои ҷингилаи норинҷӣ, чашмони ҷигарии паст, қадду қомати хароб дошт. Пас аз таваллуди Наримон Мариям писарашро гирифта, ба шаҳри дигар бо он мақсаде, ки Камар онҳоро наёбад, рафт. Мариям медонист, ки агар Камар Наримонро ёбад, ба мамлакати иблисҳо мебарад. Ба он ҷое, ки зулмот ва беадолатӣ ҳукмронӣ мекунад. Он ҷое, ки меҳру муҳаббат, орзую умедро намедонанд. Он ҷое, ки иблисҳои ба хун ташна зиндагӣ мекунанд. Мариям метарсид, ки писараш дар тарафи онҳо мешавад..
Як шаб ба назди хонаи Мариям як паррандаи калони уқобмонанди сиёҳ, ки чашмони даҳшатноки зард дошт, парида омад ва ба назди дари хонаи дуошиёна нишаст. Парранда оҳиста баланд шуда, болҳо ва парҳои ӯ ғоиб шуданд ва ӯ ба одам табдил ёфт. Ранги зарди чашмон оҳиста ғоиб гаштанд. Ӯ Камар буд, ки дар тан либоси сиёҳи дароз дошт. Камар ба хонаи Мариям омад. Ӯ дасташро дароз карду ба дар дасташро нарасонд, аммо дар худ аз худ кушода шуд. Камар оҳиста ба хона даромад. Хона тип – торик буд ва чизеро дида намешуд. Камар дасти росташро каф ба боло карда кушод ва кафи ӯ оҳиста сурх шуду дар болои каф худ аз худ оташ дар гирифт. Бо равшании ҳамон оташ ӯ оҳиста ба ошиёнаи дуюм, ки ҳуҷраи Мариям буд, баромад. Ба назди ҳуҷра омада кафашро пӯшид ва оташ ғоиб шуд. Камар дастаки дарро дошта, кӯшиш намуд, ки кушояд аммо дар қулф буд. Ӯ ба дастаки дар нигоҳ карда, муддате истод. Чашмони ӯ ба ранги зард табдил ёфтанд, ки гӯё дар даруни чашмон оташ аланга мезад. Дар худ аз худ якбора калон кушода шуд. Вақте, ки Камар даромад, дар он ҷо низ касе набуд ва хуҷра холию торик буд.
Ногаҳон тирезаи ҳуҷра кушода шуд ва ба хона нури сафед аз тиреза оҳиста ворид шуд, гарчанде нисфи шаб буд. Аз тиреза ба ҳуҷра як паррандаи зебои аҷибе, ки ранги сафед дошт, болзанон даромад. Парранда ба Камар наздиктар парида омаду, ба замин нафаромада, дар ҳаво ба духтаре табдил ёфт. Ӯ малика Алфинур буд. Малика Алфинур маликаи нури замин буд. Ӯ хеле зебо, дар тан либоси сафеди дароз, мӯйҳои дароз, чеҳраи нурангез ва дар сар тоҷи сафед дошт, ки дар болои тоҷ як санги кабуд зеб медод.
– Маликаи нур – Алфинур— гуфт Камар —Ҳуш омадӣ!
Малика Алфинур бо овози фораму ҷарангдораш гуфт:
– Камар, медонистам, ки Наримонро кофта меоӣ. Вақти деринтизори мо фаро расид. Он писар ба дунё омад, он писаре, ки тамоми дунёро тағйир медиҳад. Камар, ту бояд Наримонро то ба синни ҳаждаҳсолагиаш ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорӣ. Аз ҳама зиёд ӯро аз Авранг эҳтиёт намо. Аврангро ту хуб медонӣ ӯ барои мақсади худ ҳама монеъаҳои дар роҳ бударо нест менамояд ва Наримон монеъаи бузург дар роҳи ӯ аст. Авранг инро медонад
– Ман бояд чӣ кунам малика Алфинур? – пурсон шуд Камар —Оё Наримонро ба Тирагоҳ набарам? Оё дар он ҷо барои Наримон таҳдид калон аст? Авранг ба ман шарти ягонаи зинда доштани Наримонро гуфт. Он ҳам бошад, Наримонро ба замини иблисҳо бурда, ҳамчун иблис ба воя расонидан. Баракс Авранг Наримонро мекушад. Ман дар ноилоҷӣ мондам малика Алфинур— оҳи чуқур кашид Камар.
– Ту Наримонро ба Тирагоҳ бубар Камар— гуфт малика Алфинур —Бигузор, ӯ дар наздат бошад. Дар берун ӯро таҳдидҳои зиёдтар интизор аст. Ту барои зинда мондани Наримон ба ҳама шартҳои Авранг розӣ шав. Авранг пурқудрат аст ва аз дасти ӯ ҳама чиз меояд. Ягона наҷод- ризогӣ аст. Авранг кӯшиш мекунад, ки Наримонро ҳамчун иблис ба воя расонад. Ӯ медонад, ки дар вуҷуди Наримон ду қувва, инсоният ва иблисӣ рақобат мекунад аммо худи Наримон то синни ҳпждаҳ кӣ буданро аниқ мекунад. Худи ӯ тарафро интихоб менамояд, ё зулмот ё равшанӣ. Ман аз рӯзи таваллуд Наримонро аз назари худ дур накардаам ва медонам, ки Мариям ӯро ба куҷо бурд. Агар хоҳӣ, туро мебарам.
Малика Алфинур дасташро ба Камар дароз кард. Даме ки Камар дасти малика Алфинурро дошт, ҳарду якбора ғоиб шуданд.
Дар шаҳри дигар, дар як ҳуҷраи торик Наримон хоб мекард. Ӯ ҳоло кӯдакчаи нозукакак буд. Аз ҳама чиз бехабар, ором нафас мекашид.
Мариям ногаҳон бедор шуд ва ба ҳар сӯ нигоҳ кард. Сипас ба кӯдаке, ки дар ҷойгаҳи хурдакаки худ оромона хоб мекард, нигоҳ кард. Мариям ташнагиро ҳис карда, барои об нӯшидан баромад ва дарро кушода гузошт. Шуълаи моҳтобе, ки аз тиреза медаромад хонаро нимравшан месохт. Ба он шӯъла тобхӯрон аз дари нимкушода як мори сиёҳу дарозе ба хона даромад. Мор оҳиста ба кӯдак наздик шуд. Ӯ ба назди кӯдак омаду худро печонида, сарашро бардошт.
Ҳамон вақт кудак чашмонашро кушод, ки чашмони ӯ зап – зард буданд.
Мариям ба хона даромад ва манзараи дар хона бударо дида, ба чашмони худ бовар намекард. Дар хона Камар ва дар даст ӯ кӯдак Наримон меистод.
– Камар— гуфт Мариям дар ҳайрат —Не, ту ин тавр карда наметавонӣ. Ту Наримонро аз ман гирифта рафта наметавонӣ!
– Ман маҷбурам Мариям— гуфт Камар —Агар ман Наримонро ба Тирагоҳ набарам, Авранг ӯро мекушад. Ҷои ягона барои зинда мондани фарзандамон- ин Тирагоҳ аст!
– Дар он ҷо зиндагӣ кардан чӣ суд? – гуфт Мариям —Дар он ҷо фақат зулмат ҳукмронӣ мекунад. Наримон мисли онҳо калон мешавад. Беҳтараш, Наримонро ба ман деҳ. Ман ӯро гирифта ба ҷойҳои дур меравам. Ба он ҷое, ки моро ҳеҷ кас ёфта наметавонад.
– Ту Аврангро намедонӣ— гуфт Камар —Агар ҳозир ман бе Наримон ба Тирагоҳ дароям, маро ҳам, Наримонро ҳам мекушад. Авранг гуфтагиашро иҷро мекунад ва ба ӯ на ман ва на ту муқобилият нишон дода метавонем.
– Ин тавр бошад аввал маро кушта рав— гуфт Мариям —Акнун ҳаётам мазмун гирифт. Он мазмунро аз ман нагир Камар!
– Маро бубахш Мариям— гуфт Камар ва кӯдак дар даст дардуи онҳо ғоиб шуданд.
Мариям бошад, гирякунон ва додзанон ҳама чизҳои хонаро чаппа роста мекард. Чизи рост омадаашро ба девор мезаду бо овози баланд мегуфт:
– Лаънат ба ҳаммаи шумоён! Лаънат!
Камар дар назди як кӯҳи баланде пайдо шуд. Наримон дар дасти Камар оромона хоб мекард. Кӯҳҳои баланди гирду атроф дар нури моҳтоб намоён буданд. Ҳама ҷо сокин ва ягон овозе ба гӯш намерасид. Камар ба кӯдак нигоҳ карду гуфт:
– Омадем писарам!
Дар ҳамон кӯҳ як ғоре буд. Аз намуди зоҳирӣ ғори оддӣ буд ва он қадар дароз ҳам набуд. Камар ба охири ғор рафт ва дасташро ба девори сангини ғор гузошт. Дар мобайни дасти Камар ва санг оташ пайдо шуд. Камар дасташро гирифт ва санг даргирон як сӯрохаи доирашакле дар ғор пайдо шуд. Атрофи сӯроха даргирон оҳиста калонтар шуд. Камар аз даруни он сӯроха ворид шуд. Сӯроха боз даргирон оҳиста хурд шуда, пӯшида шуд ва оташ ғоиб гашт.
Айнан даруни ҳамон кӯҳи азимро «Тирагоҳ» меномиданд. Ҳама тарафи он сангин буд ва ягон растанӣ дар он ҷо мамерӯид. Он ҷо хонаи иблисҳо буд. Дар даромадгоҳ ҷои васеъ, ки ҳамаи иблисҳо ҷамъ мешаванд ва аз он ҷо якчанд пайроҳаҳо буданд, ки аз он пайроҳаҳо ба ҷойҳои гуногуни Тирагоҳ рафтан мумкин буд. Дар деворҳо оташҳо барои равшанӣ сохтан, дар таги по ва дар деворҳо морҳо, каҷдумҳо тортанакҳо ва гургони сиёҳу чашмонашон зард мегаштанд. Дар Тирагоҳ тақрибан сесад иблисҳо буданд.
Вақте, ки Камар даромад, ҳама иблисҳо ба ӯ нигоҳ карданд. Нигоҳ ва чашмони ҳамаи онҳо шахсро ба ваҳима меандохт. Ҳамаи он иблисҳо сиёҳ пӯшида буданд. Дар Тирагоҳ ягон хосият набуд ва дар онҷо шахс худро ҳамчун дар зиндони қотилон ҳис мекард.
Камар оҳиста Наримонро бардошта, аз мобайни иблисҳо мегузашт. Иблисҳо ба ӯ роҳ кушода ба ду тараф гузаштанд ва касе аз Камар ва Наримон чашмашро намеканд. Даме, ки Камар аз назди онҳо мегузашт, иблисҳо ба якдигар пичирос мезаданд:
– Наримонро овард. Инсонбаччаро овард. Касофатро овард. Ӯ дар ин ҷо зиёд зинда намемонад!
Онҳо ба кӯдак бо нигоҳи хунук, мисли ҳайвонҳои ваҳшӣ нигоҳ мекарданд.
Ҳамаи ин гапҳоро Камар шунавида, тарс ва ваҳима дар дили ӯ пурзӯртар мегашт. Камар дар ҳаёти худ бори нахуст аз чизе тарсид. Бори нахуст тарсро ҳис кард.
Камар оҳиста аз байни иблисҳо гузашта, ба як пайроҳаи таргтаре даромад ва роҳашро давом дод. Дар болои пайроҳа хонаҳои тортанакҳо пур буданд ва тортанакҳои сиёҳи заҳрдор дар ҳама деворҳои Тирагоҳ дида мешуд. Дар он ҷо на дар ва на тиреза мавҷуд буд.
Камар ба як ҷое даромад, ки монанди толор буд. Дар мобайн як курсии шоҳона буд, ки рангаш кабуди баланд ва дар болояш сари мор тасвир карда шуда буд. Дар ду тарафи курсӣ сутунҳои баланд буданд ва дар нӯги он сутунҳо оташ дар мегирифт. Дар пеши курсӣ бошад, як миз буд. Дар паҳлӯи чапи курсӣ як қамчини сиёҳи дарозе буд, ки мисли мор ҷунбида меистод. Дар деворҳои ҳуҷра низ оташҳо буданд.
Даме, ки Камар ба он ҷо ворид шуд, дар он ҷо чаҳор бародарон ва хоҳарони ӯ буданд. Ду бародар ва ду хоҳар. Бародари калонии ӯ, ки сардори Тирагоҳ буд, дар курсӣ менишаст. Ҳамон бародарашро Авранг меномиданд.
Авранг иблисе, ки ранги хунук, чашмони сафеду зард, бемӯ буд. Аз сараш ду шохи кӯтоҳ баромада буд. Аз берангии пӯст, рагҳои кабуди ӯ дар баданаш намоён буд. Дар рӯи чап, аз таги чашм то назди лаб асари захм буд. Лабони кабуд ва даҳони калон дошт. Дар тан либоси сиёҳи ғайриоддие дошт, ки гӯё пӯсти морро дар тан дошта бошад. Камар мисли иблисҳои дигар бераҳм, бешафқат, худбин ва сангдил буд. Шахсе, ки бо гапи ӯ розӣ нашуд, раҳм намекард. Барои ҳамин дар Тирагоҳ ҳама аз ӯ меҳаросиданд.
Бародари дуюм Бадир ном дошт. Хулқи Бадирро фаҳмидан душвортар буд. Дар чеҳраи ӯ ягон эҳсосот на ханда, на ғамгинӣ, дида мешуд. Ӯ ҳамчун одами оҳанин рафтор мекард. Чашмон ва мӯҳои сиёҳ, дандонҳои каҷу килеб, қомати боқувват дошт. Дар тан либоси дарози сиёҳ, дар даст шамшер дошт.
Хоҳари калонӣ бошад Сафия буд. Ранги Сафия аз ҳад зиёд сафед, қомати хароб ва чашмони калони кабуд дошт, ки аз намуди зоҳирӣ мори обиро ба ёд меовард. Мӯйҳои сиёҳи баланд, дар тан либоси сиёҳи дароз ва миёнбанд дошт.
Хоҳари аз ҳама хурдиро Луиза меномиданд. Луиза ба дигарон монанд набуд. Ӯ ранги нисбатан гармтар, мӯйҳои сурхчатоб, абрӯҳои борик, қомати хароб дошт. Ӯ нисбат ба иблис бисёртар ба инсон монандтар буд.
Авранг нисбат ба Камар ва Луиза зиёдтар Бадир ва Сафияро ҳуш медид. Барои он, ки ҳардуи онҳо фармонҳои ӯро бе ягон камбудӣ ва муқовимат иҷро мекарданд. Камар ва Луиза бошанд, аз намуди зоҳирӣ зиёдтар инсониятро ба хотир меовард ва зоте, ки Авранг дар ин дунё нисбаташ нафрати калон дошт, инсоният буд. Авранг инсониятро ночор, қабеҳ ва беқувват зот меҳисобид. Мақсади аввалиндараҷаи Авранг, аз болои тамоми инсоният ҳукмронӣ кардан, дунёро ба дасти худ гирифта, ба зулмот табдил додан буд.
Камар оҳиста Наримонро бардошта, даромад. Ҳар чаҳори онҳо ба Камар ва ба кӯдаке, ки дар дасти ӯ буд, нигоҳ карданд. Авранг оҳиста аз ҷои худ хест.
– Наримонро овардам— гуфт Камар ба Авранг нигоҳ карда —Чӣ тавре, ки фармоиш додӣ.
– Ниҳоят— гуфт Авранг —Он зот ба ҳузури ман ташриф овард.
Ӯ оҳиста ба Камар наздик шуда, ба кӯдак нигоҳ карду суханонашро давом дод:
– Он зоте, ки на иблис ва на инсон. Он зоте, ки дар дарунаш хуни бузурги иблисҳо бо хуни қабеҳи инсон омехта аст. Ин кори ту барои зоти мо пасткашӣ аст— ӯ ба Камар нигоҳ кард.
Камар бошад, ба замин нигоҳ мекард. Авранг суханонашро давом дод:
– Наҳод, ту ҳамин зотро, ҳамин мисли шапарак беқувватро «писарам» гӯён фахр мекунӣ?
– Ту оварданро фармон додӣ, овардам— ҷавоб дод Камар.
– Оё медонӣ, чаро ин тавр фармон додам? – пурсид Авранг ва Камар сухан накарда гапашро давом дод —Барои он, ки зоте хуни иблисро дорад, набояд бо инсонҳо ба воя расад. Набояд дар тарафи инсоният бошад. Барои ҳамин писарат ё дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунаду мисли иблиси ҳақиқӣ ба воя мерасад ва қоидаҳои моро азхуд менамояд, ё умуман зиндагӣ намекунад!
Камар сарашро бардошта ба Авранг нигоҳ кард.
Авранг суханашро давом дод:
– Медонам, ки кадом роҳро интихоб мекунӣ ва пешакӣ гӯям, ки писарат то ба синни ҳаждаҳ расидан аз Тирагоҳ як қадам ҳам ба берун намебарояд, инсониятро намебинад, модараш инсон будагиашро намедонад. Фақат бо қонуну қоидаи иблисҳо зиндагӣ мекунад. Агар ба ҳаждаҳсола нарасида аз Тирагоҳ барояду ба инсоният ҳамроҳ шавад, ҳамон рӯз ҳам туро ва ҳам писаратро марги бешафқат интизор аст. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошӣ, писарат зинда, дар ҳамин ҷо мемонад.
Камар хомӯш меистод. Ҳама бошад ҷавобро интизор буданд.
– Ҷавобро интизорам— гуфт Авранг —Розӣ ҳастӣ ё не?
Камар ба чеҳраи хурдакаки Наримон нигоҳ карду ҷавоб дод:
– Розӣ ҳастам!