Читать книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода - Страница 4
Фасли дувум
Асрори Тирагоҳ
ОглавлениеАз байн чордаҳ сол сипарӣ гашт. Наримон ба синни чордаҳ расид ва ҳоло бори нахуст ҳам инсонро надидааст. Ҳаёти инсонӣ чи буданашро намедонист. Ӯ дар байни иблисҳо, мору тортанакҳо калон шуд ва дар бораи некӣ, зебогӣ ва меҳр ҳатто тасаввуроте надошт. Намедонист, ки дард чӣ аст. Ба фикри наримон ҳаёт ин даруни Тирогоҳ аст ва Тирагоҳ тамоми дунёи Наримон буд. Дар давоми чордаҳ сол ҳатто ба баромадгоҳи Тирагоҳ наздик ҳам нашуд.
Наримон писараки содда буд ва мӯйҳои ҷигарию чашмони калон – калон, ки ранги чашмон низ ранги мӯйҳои ӯ ҷигарӣ буданд. Дар вақтони охир Наримон бисёр таъсирчан шуда буд, ки ин хислати ӯ Камарро хавотир мекарду ғазаби Аврангро меовард. Соддадил будани ӯ дар назди амакбачааш Самеъ боз ҳам намоёнтар мешуд.
Самеъ писари Бадир буд. Ӯ аз Наримон як сол хурд буд, аммо аз Наримон зиёд чизро медонист. Самеъ мисли падараш бераҳм, сангдил буд. Ҳайвонҳои дар Тирагоҳ бударо кушта, морҳоро майда – майда карда мегашт. Ӯ мӯйҳои зард, чашмони кабуд қомати хароб ва дандонҳои калон – калон дошт. Ба хулқи хунуки ӯ нигоҳ накарда, Наримон ва Самеъ муносибати хуб доштанд.
Модари Самеъ яке аз иблисҳои Тирагоҳ Кибрия буд. Кибрия аз намуди зоҳирӣ бо Самеъ монанд буданд. Ӯ низ мӯйҳои зарду чашмони калони кабуди ранги хунукӣ, пешонаи майда дошт ва шакли рӯи ӯ рӯи қурбоққаро ба назди чашм меовард. Кибрия Наримонро хуш намедид ва Ба Самеъ бо Наримон вақти зиёд гузаронданро манъ мекард. Аммо ба муқобилияти Кибрия нигоҳ накарда, Самеъ вақти зиёди худро бо Наримон мегузаронид, барои он, ки дар тирагоҳ дигар иблиси наврас набуд.
Рӯзе Наримон як морро дар даст бозикунон нишаста буд, ба наздаш Самеъ омад.
– Наримон— гуфт Самеъ —Ҳаёти ту умуман ғайриоддӣ. Аз саҳар то шаб ҳайвонҳоро бозикунон менишинӣ, ягон сеҳру ҷодуро омӯхтан намехоҳӣ, аз Тирагоҳ дар ҳаётат набаромадӣ. Барои чӣ айнан ба ту баромадан мумкин нест? Сабабаш чӣ бошад?
– Ман низ шабу рӯз ба худам савол медиҳам— гуфт Наримон —Чаро айнан ман? Чаро ба ман мумкин нест, ки ба берун бароям ва одамонро бубинам. Самеъ, ту бори зиёд ба берун баромадӣ. Ҳаёт дар берун чӣ хел? Зоте, ки «Инсон» ном дорад чӣ хел аст?
– Ба ту чӣ тавр тасвир кунам— гӯён Самеъ ба девор нигоҳ карду инсониятро тасвир кард —Инсонҳо тарсончак ва камқувват. Онҳо сеҳру ҷодуро намедонанд, ба ягон ҳайвон табдил ёфта наметавонанд, бо як сухан инсонҳо аз ҳама зоти заиф ҳастанд. Чаро айнан дар бораи инсонҳо мепурсӣ, на ин ки афсунгарҳову париён?
– Надонам— ҷавоб дод Наримон —Худ низ намедонам, ки чаро дар бораи инсоният зиёдтар донистан мехоҳам.
Оҳи чуқур кашид ӯ.
– Наримон бихез! Ба ту як чизро нишон медиҳам.– гуфт Самеъ —Аниқ медонам, ки ту инро надидаӣ ва дар ҳайрат мемонӣ!
– Самеъ— гуфт Наримон —Ба берун баромадан ба ман қатъиян манъ аст. Ту инро хуб медонӣ.
– Ба берун намебароем— гуфт Самеъ —Он чиз дар ҳамин ҷо, дар даруни Тирагоҳ аст.
– Оё дар ин ҷо ягон чизе ҳаст, ки ман намедонам? – Наримон ба тааҷҷуб афтид ва мори бозӣ кардаистодаашро ба гарданаш гузошту аз ҷояш хест.
Онҳо бо як пайроҳаи танг ба боло баромаданд.
Самеъ роҳравон гуфт:
– Ман ҳам намедонистам. Дирӯз падарам ба ман нишон дод ва ман низ ба тааҷҷуб афтидам. Падарам ба ман ду асроре, Тирагоҳ дорад, нақл кард. Шояд ҷойҳое, ки мо намедонем, дар ин ҷо зиёд бошанд.
Пайроҳа хеле танг, дароз ва то рафт ториктар мешуд. Самеъ барои роҳро дидан дар кафаш оташ пайдо кард. Наримон низ каф ба боло, дасташро кушод ва дар болои кафи ӯ оҳиста оташ пайдо шуд. Онҳо роҳро давом медоданд. Дар як ҷое, ки пайроҳа гардиш дошт, истоданд.
– Мана ин ҷо— гуфт Самеъ.
Наримон ба ҳар тараф нигоҳ кард. Аммо чизи ҳайратомезаш набуд. Танҳо пайроҳаи тангу торик, ки самташро дига карда буд. Наримон ҳамин тавр фикр кард, аммо ҳоло ҷои муҳимаш наомада буд. Самеъ оҳиста дастонашро ба девор монд ва дар девор шакли чоркунҷа, ки атрофаш дар мегирифт, пайдо шуд. Он шакл оҳиста ҷудо шуду ба боло баромад ва дар девор даромадгоҳ пайдо шуд. Онҳо ҳарду оташҳои болои кафро хомӯш намуданду ба дарун даромаданд. Дарун мисли толор калону васеъ буд ва дар деворҳо оташҳо буданд. Наримон ба ҳар тараф нигоҳ карду гуфт:
– Ин ҷоро бори нахуст мебинам.
– Ин ҳоло ҳамаш не— гуфт Самеъ —Ба ин ҷо биё!
Самеъ ба охири толор рафту ба поён нигоҳ кард.
– Инро бубин!
Наримон аз қафои Самеъ рафт ва дид, ки дар охири толор як чуқурии калону васеъи чоркунҷа буд. Ҳаҷми он ҷуқурӣ мисли як ҳуҷра буд ва чуқурии ӯ тақрибан даҳ ва ё ёздаҳ қадам мебаромад. Дар он ҷо пурри морҳои сиёҳи калон – калон, ки дарозии ҳар якташ тақрибан ду қадам мебаромад, тобхӯрон меистоданд. Онҳо ҳамин тавр зиёд буданд, ки замин дар чуқурӣ намоён намешуд.
– Ин қадар мори зиёдро акнун мебинам— гуфт Наримон дар ҳайрат —Онҳоро кӣ ба ин ҷо ҷамъ кардааст ва барои чӣ?
– Инҳо морҳои оддӣ нестанд— гуфт Самеъ —Инҳоро «Флунҳо» меноманд. Бо нақли падарам дар дунё ғайр аз инҳо дигар Флунҳо нестанд. Ин морҳо тақрибан дусад сол пеш, аз тарафи иблисҳо дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо сохта шудаанд. Чӣ ҷонзоте набошад ҳам, ки агар ба тӯдаи Флунҳо фарояд зинда намемонад, ҳатто иблисҳо. Дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо иблисҳо афсунгарҳои охиронро дар ҳамин ҷо, бо азоб куштаанд. Ҳоло афсунгарҳо дар дунё мавҷуд нестанд. Дар ҷанги тӯлонӣ иблисҳо ғолиб омада буданд.
Самеъ море, ки дар гардани Наримон истода буд, гирифту дар болои чуқурӣ овезон дошт. Флунҳо оҳиста ба ҷои мефаромадани мор ҷамъ шуданду сарашонро бардошта, ба ҳамла омода шуданд. Мор бошад, аз тарс фаромаданро намехост ва ба дасти Самеъ мечаспид.
– Ту чӣ кор мекарданӣ ҳастӣ? – Наримон гуфт —Бубин мор метарсад напарто!
Мор аз тарс дасти Самеъро газид. Самеъ бошад, ба газидани мор парво ҳам накарду гуфт:
– Ҳозир шоҳиди тамошои аҷоиб мешавӣ.
Ӯ морро сар дод. Даме, ки мор фаромад, Флунҳо ӯро пора пора карданд.
– Бубин— гуфт Самеъ —Онҳо як зот бошад ҳам, Флунҳо инро намедонанд, онҳо фақат куштанро медонанд ва айнан барои ҳамин Флунҳо сохта шуда буданд. Онҳо ҳатто соҳиби худро мекушанд.
– Дастатро сахт газид? – Наримон ба дасти Самеъ нигоҳ кард.
– Не— ҷавоб дод Самеъ —Ҳатто таъсир накард.
Самеъ ҷароҳатро нишон дод, ки аз ҷои газидаи мор хуни сип – сиёҳ мебаромад. Зеро хуни иблисҳо сиёҳ буд.
– Ин ҷароҳатҳо бут мешаванд— Самеъ ҷароҳатро молид ва ҷароҳат худ аз худ ғоиб шуд —Аммо ҷароҳати як чиз дар иблисҳо умуман нест намешвад ва иблисро бо як теғ мекушад. Он чиз шамшери манҳус аст.
– Шамшери манҳус? – гуфт Наримон дар он оҳанге, ки бори аввал дар бораи ин шамшер шунавида истода буд.
– Бале— гуфт Самеъ —Шамшери лаънатикарда. Чуноне ки падарам нақл намуд, он шамшер панҷсад сол қабл аз тарафи афсунгари бузург сохта, лаънатӣ карда шуда буд. Он шамшерро ҳеҷ гоҳ шикаста ва ё нобуд карда намешавад. Ин тавр шамшерро дигар касе сохта наметавонад. Он ҳатто кӯҳро ба осонӣ мебурад.
– Мақсади он афсунгар чӣ буд? – Наримон пурсид.
– Мақсади ӯ худро ҳимоя кардан аз иблисҳо буд— Самеъ ҷавоб кард —Ягона шамшер, ки иблисро як лаҳзаба нобуд месозад. Он шамшер сабаби асосии ҷанги панҷсадсолина дар байни иблисҳову афсунгарҳо шуд. Ҳама зот мехоҳанд, ки он шамшерро дошта бошанд. Аз қафои шамшери манҳус чандин иблисҳо, афсунгарҳо ва дигар зотҳо нобуд шуданд. Дар охир, шамшер дар дасти иблисҳо монд ва аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки шамшер ҳоло дар ҳамин ҷо, дар Тирагоҳ аст. Ҷои аниқи онро чор бародарону хоҳарон, Авранг, падарам, падари ту, Луиза ва Сафия медонанд. Дигар ягон иблис ҷои онро намедонад ва падарам ба ман низ онро нишон надод, ки он асрори бузурги Тирагоҳ аст. Агар шамшери манҳус ба дасти зоти дигар фарояд, хатари калон барои иблисҳо пайдо мешавад.
Ҳамон вақт овози ҷарангдори Авранг ба гӯш расид. Онҳо ҳарду ба баромадгоҳ нигоҳ карданд.
Наримон гуфт:
– Беҳтараш, ки аз ин ҷо зудтар равем.
– Бале— гуфт Самеъ —Моро дар ин ҷо набояд, ки касе бубинад дар акси ҳол, ба сарамон кулфат меояд.
Онҳо зуд аз он ҷо баромаданд ва даромадгоҳ боз пӯшида шуд. Онҳо аз роҳи омадаашон бо зудӣ ба поён фаромаданд.
Дар поён ҳамаи иблисҳо ҷамъ шуда буданд. Авранг ба монанди минбар ба ҷои баланд баромада, бо овози баланд сухан мекард. Ҳамаи иблисҳо хомӯш ва бодиққат суханони ӯро гӯш мекарданд. Наримон ва Самеъ низ ба қатори дигарон ҳамроҳ шуда, Аврангро гӯш карданд.
Авранг бе саросемагӣ, дона -дона, ба ҳар тарафи иблисҳо нигоҳ карда, гуфт:
– Мақсади асосии мо дунёро аз они худ кардан аст. Албатта ҳама зот мехоҳад, ки дар дунё ҳукмрон бошад. Аммо аз они мо хоҳиш нест балки мақсад аст. Доимо ба сӯи мақсад ҳаракат мекунем ва касе ҳалалдор шавад бо замин яксон мекунем. Дар ин дунё зулмотро ҳукмрон месозем ва одамон ҳар лаҳза аз иблисҳо ҳаросида зиндагӣ мекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки одам доимо аз мо поён аст. Онҳо дар назди мо як мавҷудоти заиф ва паст. иблисҳо ҳамеша ба мақсади худ мерасанд ва ғалабаро ба даст меоранд. Дар роҳи мо монеъаи калон як зот буд, ки он зотро «Афсунгарҳо» меномиданд. Онҳо мехостанд, ки мақсади мо амалӣ нашавад, аммо мисли ҳарвақта иблисҳо пурқудтар баромаданд. Якчанд даҳсола қабл зоти афсунгарҳо тамоман нест карда шуд. Аз зоти афсунгарҳо ягон дона намонд. Ҳамин тавр, навбат бо навбат, ҳама зотҳоро несту нобуд месозем. Ҳукмронӣ аз они зоти пурқудрадтарин шуданаш лозим ва ҳамин тавр ҳам мешавад!