Читать книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода - Страница 6

Вазифа ба Самеъ

Оглавление

Дар тарафи дигари Тирагоҳ бошад, Авранг ва Бадир меистоданд. Сафия ҳоло наомада буд ва онҳо аз гурехта рафтани Аида бехабар буданд.

– Чаро, ки Сафия ҳоло бар нагашт— гуфт Авранг —То устухони ҳамон ҳаромхун тамом шудан, аз манзара ҳаловат бурда истодааст.

Авранг ба Бадир боз ҳам ҷиддитар нигоҳ карду суханонашро давом кард:

– Бадир, ҳозир ту рафта, ба назди ман писарат Самеъро ор! Сабабашро баъд мефаҳмӣ!

– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт. Ӯ ба назди Самеъ, ки дар даруни тӯдаи иблисҳо буд, рафта гуфт:

– Самеъ туро Авранг пурсид. Бо ман биё!

– Чаро? – ҳайрон шуд Самеъ —Барои чӣ ман ба Авранг лозим шудам? Барои ман чӣ кор доштааст? – Самеъ рафтан намехост.

– Сабабашро акнун мефаҳмем— гуфт Бадир ва ба Самеъ боз наздиктар шуда, бо овози паст гуфт:

– Самеъ, Авранг чӣ нагӯяд, чӣ нафармояд, фақат ва фақат розӣ шав! Ҳеҷ гоҳ муқобили гапҳои ӯ набаро. Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам— гуфт Самеъ ва онҳо ҳарду ба назди Авранг рафтанд.

Онҳо ба назди ӯ даромаданд ва Авранг ба Самеъ наздик шуд ва гуфт:

– Самеъ, оё медонӣ, ки чаро ман туро даъват намудаму дигаронро не? Барои он, ки ин корро фақат ту иҷро карда метавонӣ.

– Чӣ хел кор? – Самеъ савол дод.

– Кори оддӣ— ҷавоб дод Авранг —Ту танҳо Наримонро аз Тирагоҳ барорӣ бас. Кори боқимондаро мо худамон иҷро мекунем.

– Аммо барои чӣ? – Самеъ савол дод.

– Ту коре, ки ман гуфтам иҷро кун— гӯён Авранг пушташро гардонд —Ба корҳои боқимонда худат шоҳид хоҳӣ шуд.

– Лекин… – Самеъ норозигӣ баён мекарданӣ буд, ки Бадир оҳиста ба китфи ӯ бо ақиби дасташ зад ва ишора намуд, ки розӣ шавад. Гапҳои Самеъ дар дарунаш монду дигар сухан накард.

– Ман боварӣ дорам, ки ту ин корро зудтар иҷро мекунӣ Самеъ— гуфт Авранг боз ба тарафи Самеъ гашта —Бирав, худи аз ҳозир оғоз намо!

Самеъ нарафта ба Авранг нигоҳ карда меистод, ки вақте Бадир ба ӯ бо чашмонаш рафтанро ишора кард, Самеъ баромада рафт.

– Оё сабабашро донам мешавад? – Бадир бо оҳанги ноустувор пурсид, ки гӯё метарсид —Барои чӣ Наримон бояд ба берун барояд?

Авранг ҷавоб дод:

– Шарте, ки барои зинда мондани Наримон ба назди Камар монда будам, дар ёд дорӣ? Камар ба он розӣ шуда буд ва аз Тирагоҳ баромадани Наримон ин як баҳона барои мо.

– Баҳона барои чӣ? – пурсид Бадир.

– Барои нест кардани ҳарду— ҷавоб дод Авранг —Онро баҳона карда, ҳам Камарро ва ҳам Наримонро мекушем. Тирагоҳро аз ҳаромхунҳо тоза мекунем. Дар байни мо ба одамбаччагон ҷой нест!

Ҳамон вақт ба назди онҳо Сафия ва Камар саросема даромаданд. Сафия парешон менамуд.

– Сафия— гуфт Авранг —Гӯшти ҳаромхун ба Флунҳо маъқул шуд?

– Ӯ гурехт— ҷавоб дод Сафия ба замин нигоҳ карда —Ба Флунҳо супорида натавонистам.

Авранг ба ғазаб омад:

– Чӣ тавр шуд? Чӣ тавр як инсонбаччаи нотавон аз дасти ту гурехта тавонист?

– Фикр мекунам, ки ба ӯ касе ёрӣ расонд— гуфт Сафия —Барои он, ки духтараке, ки бори нахуст ба Тирагоҳ даромада, баромадгоҳи маҳфиро донистанаш қадри имкон нест. Ба ӯ касе, ки Тирагоҳро хуб медонад, ёрӣ расонд. Дар торикӣ надидам, ки ӯ кӣ буд.

Авранг каме фикр карду гуфт:

– Дар бораи баромадгоҳи махфӣ танҳо мо медонем. Ба он тараф ягон иблис намегузарад ва ҳамон вақт ҳар чаҳори мо дар назди Луиза будем, аз ин бармеояд, ки ё Самеъ ё Наримон ёрӣ расонидааст.

– Аммо Наримон баромадгоҳи маҳфиро намедонад— гуфт Камар —Ӯ ёрӣ дода наметавонист.

– Оё ту мегуфтанӣ, ки Самеъ ин корро кардааст? – пурсид Бадир —Писари ман бар муқобили мо ҳеҷ гоҳ намебарояд. Ӯ қоидаҳои моро хуб медонад.

– Шояд ки Наримон баромадгоҳро надонад— гуфт Авранг ба Камар —Аммо аз ӯ чунин корҳоро интизор шудан мумкин. Мегӯянд-ку кӯр кӯрро дар торикӣ меёбад. Шояд писарат ба ҳамзоти худ, ҳаромхун ёрӣ расонида бошад. Агар шубҳаҳои ман рост барояд, ба ҳолати аз Луиза ҳам бадтар мефароӣ Камар. Фаромӯш накун!

– Ҳақиқат як рӯз не як рӯз ошкор мешавад— гуфт Камар —Дар ҳамон вақт чӣ хел ҷазо доданро муайян мекунӣ Авранг!

Камар бо ҷаҳл баромада рафт.

Ӯ рост ба назди Наримон, ки бо хаёлҳои гуногун хомӯш менишаст, омад. Ӯ рӯ ба рӯи Наримон нишасту пурсид:

– Духтари Луиза гурехта, зинда мондааст, оё хабар дорӣ?

– Ҳа, хабар дорам— ҷавоб дод Наримон —Барои гурехтан ба Аида ман ёрӣ расонидам.

– Чӣ? – Камар ба тааҷҷуб афтид —Наримон оё ту медонӣ чӣ кор кардӣ?

– Намедонам— Наримон ба чашмони Камар нигоҳ кард —Намедонам, ки чӣ кор кардам. Вақте, ки Аида барои Луиза бо ҷидду ҷаҳд гиря мекард, дар мана ин ҷоям дардро ҳис кардам.

Наримон дилашро дошт. Камар лаҳзае гапи худро гум кард. Ӯ оҳиста барои худро доштан, дасташро мушт карду гуфт:

– Наримон, иблис набояд дардро ҳис кунад. Дард ба мо тамоман чизи бегона аст. Ин гапҳоро дигар нагӯ!

Наримон ба ғазаб омаду гуфт:

– Инро нагӯ, онро нагӯ! Дар ин ҷо чизеро гуфтан мумкин аст ё не? Оё ман ҳам мисли ту ҳама гапҳоро дар дарунам нигоҳ дорам? Мисли ту хомӯш гардам? Ту низ дардро ҳис мекунӣ-ку вақте, ки дар бораи модарам фикр мекунӣ, ҳамин тавр не. Аммо ту аз тарси худ ба касе намегӯӣ. Аммо ман инро фаҳмидам.

Дар чашмони Камар яраққос зада каме ашк намоён шуд.

Наримон бошад гапҳои худро давом дод:

– Модари ман иблис нест, ҳамин тавр? Чӣ тавре, ки мегӯянд, ман ҳаромхун ҳастам.

– Ин тавр нагӯ— гуфт Камар —Ту ҳаромхун нестӣ.

– Набошад? кӣ ҳастам? – пурсид Наримон —Ҷавоб бидеҳ! Чаро айнан ба ман дар ин ҷо ҳеҷ чиз мумкин нест? Барои чӣ хоҳишҳои ман аз хоҳиши дигарон фарқ мекунад? Барои чӣ дигарон азоб бинанд, ман дардро ҳис мекунам? Чаро Аида маро ту ҳиссиётҳои одамигарӣ дорӣ гуфт? Ту иблис нестӣ гуфт? Оё Аида ҳақ аст?

– Наримон медонӣ?

Камар сухан карда буд, як саққочаи нурафшоне оҳиста ба байни онҳо парида даромад. Наримон кафашро кушод ва саққо ба кафи Наримон оҳиста фаромад.

– Ин чӣ аст? – Наримон ҳайрон шуд.

– Ин хабар аз малика Алфинур— ҷавоб дод Камар —Ба фикрам ӯ ягон гапи муҳим дорад.

– Малика Алфинур кист?

– Ӯ маликаи нур— гуфт Камар —Ман бояд ба назди ӯ зудтар равам. Дар бораи малика Алфинур касе набояд бидонад. Чӣ тавре, ки фаҳмидӣ, малика Алфинур ба иблисҳо дӯст нест. Инро ба касе нагу. Саққо бо ту бимонад.

Камар саросемавор баромада рафт. Наримон бошад, саққочаро каме тамошо карду, сипас оҳиста ба кисаи худ гузошт.

Камар аз Тирагоҳ баромадагиашро Бадир дид ва ҳамон замон ба назди писараш Самеъ омаду ба ӯ гуфт:

– Самеъ, Камар аз Тирагоҳ баромад. Акнун ту рафта, дар бораи падараш ба Наримон хабари бад деҳ, ки ӯро маҷбур созад, ки аз Тирагоҳ барояд.

– Ба фикрам ту маро нафаҳмидӣ— гуфт Самеъ ба падараш.

– Нафаҳмидам— ҳайрон шуд Бадир.

– Ман ин корро намекунам— Самеъ инкор кард —Медонам, ки баъд аз баромадан ҳарсеи шумо кадом кулфатҳоро ба сари Наримон меоред! Медонам, ки ҳарсеи шумоён Наримонро бад мебинед. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман хости шумоёнро иҷро менамоям. Ман мисли шумо нестам ва барои инро гуфтан наметарсам!

– Самеъ, ту дар тарафи Наримон ҳастӣ— Бадир ҳайрон шуд —Ту ҳамон ҳаромхунро ҳимоя мекунӣ? Бидон уро ҳимоя кардан ва дар тарафи ӯ будан, фақат ба ту кулфат меорад.

– Намедонам чаро— ҷавоб дод Самеъ —Аммо хоҳиши ман ҳамин аст. Шояд, ки шумоён ҳамон «Ҳаромхун» гуфтагиатон аз ҳама тозахунҳо беҳтар аст. Гап дар хун нест. Инро аз ёдат барор. Ман ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам ва ба ҳамон Авранг ҳам бигӯ!

– Агар ту аз ин кор саркашӣ намоӣ, ман худам иҷро мекунам— гуфт Бадир —Тамошоро ту мекуни Самеъ

Писари иблис Наримон. 8

Подняться наверх