Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 2
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз
ОглавлениеАз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.
Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд – занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд – ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.
Садри ин маҳфил амлокдори бозори Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб дулунҷа гӯшт мехойид ва аз шарики тиҷоратӣ буданаш бо соҳибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Иброҳимхоҷа, ки ғайриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ӯҳда дошт, ҳар гапи вайро тамаллуқкорона тасдиқ карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, марҳамат кунед!» гӯён, гӯштпораҳои равғанин ва меваҷоти беҳтарин наздаш мегузошту гоҳ-гоҳе бо чашми илтифот ба ду меҳмони рӯ ба рӯ низ менигарист, ки аз ҷониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол муқаддам як гурӯҳ устоҳои ворухӣ дар сохтмони масҷиди ҷомеи Исфара чил рӯз тариқи ҳашар кор карданду тибқи тақсимот Абдулсайид шабҳо дар манзили Насриддини усто мехобид, ки қории мураттаби «Қуръон» буду ҳама бо эҳтиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ҳар ду ба ҳам рост омаду дӯстони ҷонӣ шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба роҳ монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хушҳолӣ пазируфта, додарзодааш Аҳмадро ҳамроҳ оварда буд, ки кайҳо боз тамошои манзараҳои афсонавии ин деҳаи биҳиштиро орзу мекард.
Аҳмади шоиртабъ ба сӯҳбати бузургсолон ҳамроҳ нашудаю ҳар замон мағзе ё мавизе ба даҳон партофта, бо завқи зиёд ҳаракатҳои мавзуни раққосаи тахмин 14-15 соларо тамошо мекард, ки Бойбобо кафи саховатро калон кушода, ӯро ҳамроҳи дастаи мутрибони номдори исфарангӣ ҳадя оварда буд.
Вақте таронаи шӯх анҷом ёфту муғаниҳо аз лаҳни сигонаи Борбад тараннуми сурудеро андар ситоиши волидон оғоз карданд, ба раққоса имконият фароҳам омад, то лаҳзае нафас рост карда, обу ғизо хӯрад. Хиромон роҳ гашта, худро ба ҳалқаи занҳо расонду мурғи хаёли Аҳмад ба парвоз омад. Зеро ба назараш чунин намуд, ки ин духтаракро пештар дар куҷое дидааст. Хеле фикру хаёл карду оқибат дарёфт: соли охирини таҳсил дар мадрасаи Марғинон ҳамроҳи ҳамсабақони шоирпешааш ба дарбори подшоҳӣ рафта, бо сарпарастии вазири фозил ва фарҳангпарвар Баҳоуддин, ки соҳибдевон буд, базми сухан ва ҳунар оростанд. Ана дар ҳамон маҳфили бошукӯҳ ин раққоса низ иштирок дошту мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифт. Байғушоҳ, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват вайро «товуси навхиром» номида, диноре чанд пеши пояш партофта буд…
Мақоми тӯлонӣ анҷом ёфтан ҳамон оҳанги сабук баланд шуд ва «товуси навхиром» бо нерӯи тоза бол кушода, ба рақсгоҳ парид. Дар тан парниёни сабук саҳнаро давр зада, лаҳзае дар мобайн қарор истод, то авҷи рақсро шурӯъ намояд. Ҳамин асно аз байни занҳо Нигиначаи гулгунлибос бо чеҳраи шукуфон дартоз баромаду айнан мисли раққоса саҳнаро давр гашта, дар паҳлӯяш ором гирифт. Ҳама даҳон калон кушода, аммо нафас дарун кашида, интизор истоданд, ки идомаи кор чӣ мешавад.
Мутобиқ ба зарби доира раққоса китф ҷунбонду Нигина ҳам китф ҷунбонд. Раққоса даст бардошту духтарча ҳам даст бардошт. Пой ҷунбонад – пой меҷунбонд, сар афшонад – сар меафшонд.
Доду ғиреви мардум ба осмон печид. Ҳама баробар каф кӯфта, офарин мегуфтанду нидои шодӣ мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ҷавмаст шиҳа кашида, як каф тангаи нуқра аз сари Нигина пошид. Часорати ногаҳонӣ ва тақлидкорию ҳаракатҳои ширини кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шир меомаду имрӯз ба ҳама гуна нозу нуз ва эркагию густохӣ ҳақ дошт, аксариятро ба по хезонд. Аҳмад ҳам ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушрӯча»-ро озод аз замин бардошту дар ҳаво давр занонда, оҳиста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш бӯсид. Сипас бо овози ҷарангосӣ гуфт:
– Мебинам, ки дастафшонию пойкӯбии ин кафтараки навбол ҳамаро шӯр ангехт. Ман ҳам сахт шодмона шудам. Бадоҳатан як рубоӣ эҷод шуд, ки ба Нигина мебахшам:
Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,
Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.
Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз
Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат!
Шеъри шоирро кадхудои деҳа ба дуо гардонду ҳама баробар омин гуфта, бо шавқи тоза хушҳолиро идома бахшиданд. Абдулмаҷиди Ворухӣ – ҳамон шоири ғайбдон, ки Нигинаро ҳангоми кӯдаки бачилла буданаш «Бадри Ворух» унвон дода буд, ширакайфу чеҳрагулгун лаби тахтакат омаду одоби саломро нопурра баҷо оварда, бетакаллуф паҳлӯи Аҳмад нишаст ва ба тахтапушташ тап-тап зада, мастона гуфт:
– Ман ҳам усулу бозии Нигинаро дида, як шеъри зӯр бофтанӣ будам. Офарин ба ту, ки пешдастӣ кардӣ. Биё, ҳамин шеъри туро хушрӯ навишта, ба падараш тӯҳфа мекунем. Усто хурсанд мешад.
Хоҳиш дарзамон иҷро гашту Абдулмаҷид аз коғазпора рубоиро бо овози баланд хонда, ба Абдулсайид бахшид ва шодиёна гирифт. Сипас бори дигар бо кафи даст китфи Аҳмадро тап-тап «навозиш» карда, дар лаби дарёча ӯро ба сӯҳбат кашид:
– Бахудо, ки шеъри нағз эҷод кардӣ! Ту чанд сол боз шеър менависӣ?
– Се сол боз… Аз чордаҳсолагӣ машқи шеър мекунам.
– Устодат кӣ?
– Бародарам Шаҳобиддин.
– Шаҳобиддини Булбул? Писари қозии Тамохуш?!
– Бале.
– Вайро нағз мешиносам. Чандин бор ҳамроҳи Усто Мулло ба Ворух омадагӣ. Мо якҷоя бисёр кӯҳу дараю ҷоҳои зеборо тамошо кардагӣ. Лекин туро якум бор мебинам.
– Шаш сол дар Марғинон будам, муҳассили мадраса…
– Шаҳобиддин чаро наомад?
– Вай ҳозир дар Самарқанд. Аз Ворух баргардем, наздаш меравам.
– Барои тамошо?
– Не. Таҳсилро давом додан мехоҳам. Боз… дар он шаҳр шоирони зӯр бисёр…
– Рост мегӯйӣ. Афсӯс, ки ҳамроҳат рафтан наметонам.
Шоирам ман, шоирам ман,
Шеъри ман дар қуллаи кӯ.
Аз сари сангу сари ҷӯ
Мезанад рӯ, медиҳад бӯ.
Агар хоҳӣ, ҳамроҳ Ворухро чарх мезанем. Ҷойҳои Шаҳобиддин дидагиро мебинӣ, илҳомат ояд, шеър менависӣ.
– Саломат бошед, ако, ки табъи дилам сухан гуфтед. Ман барои зиёфатхӯрӣ не, барои тамошо омадагӣ. Бародарам гаштаю баргашта мегуфт, ки «то Ворухро бо чашми дил набинӣ, шоири асил намешавӣ!»
– Гапи Шаҳобиддин ҳақ асту рост. Ворух манзараҳои зебо бисёр дораду таърихаш қадимаю бою рангин. Дар бағали ҳар санги Ворух як қисса асту ҳар ғор пури асрор ва ҳар қуллае соҳиби як ҳикмате…
– Муболиғаро ба ҳадди ғулувв расондед, акои Абдулмаҷид! –беғаш хандид меҳмон. – Масалан, қуллае, ки тори сари мост, чӣ ҳикмат дорад?
– Ҳикмати ин қулла – як номаш Тешазадагӣ – басо талх асту мағзаш аз ишқи ҷигарсӯз бармеояд. Номи дигари ин кӯҳ Душоха асту ба ишқи Фарҳод пайванд:
Ошиқам ман, ошиқам ман
Дарду доғам бод бурда.
Банди дил ҳамчун Душоха
Тешаи Фарҳод хурда.
Мегӯянд, ки замонҳои қадим дар Ворух як гулдухтари нозанине машҳури олам буд бо номи Парихон. Қадаш сарви равон, лабаш гули хандон ва рухаш моҳи тобон будаасту Ширини моҳҷабин дар хирмани ҳусни вай хӯшачин. Бисёр ҷавонҳо аз дуру наздик ошиқи ин парипайкар шуда, хостгор аз пайи хостгор мефиристоданд. Вале ҳама ҷавоби рад мешуниданд. Зеро ин духтар Фарҳод ном деҳқонписари дилхурӯш ва орзупарварро дӯст медошту ҳар ду ошиқи ғош буданд ва савганди садоқат ба забон оварда, ки агар ба висоли якдигар нарасанд, тарки дунё мегӯянд. Падари духтар аз ин ишқи ифротӣ огоҳӣ дошт. Аммо на духтар ба Фарҳод додан мехосту на духтар аз даст додан. Рӯзу шабон фикр карда-фикр карда, тадбире ёфт ва ба ҳама хостгорон чунин шарт гузошт:
– Ҳавлии ман соярӯ – соле ёздаҳ моҳ ҳавояш хунуку рӯшноияш тунук, фақат як моҳи чилаи тобистон рӯйи офтоб баръало намоён мешавад. Чунки қуллаи сабили рӯ ба рӯ пеши офтоба гирифтагиаш гирифтагӣ. Ҳар касе ин қуллаи бахила паст карда, манзили мана офтобрӯя кунад, Парихон ҳаққи ҳалолаш шавад!
Ин шартро шунидан ҳамон ҳамаи хостгорҳо бо алам ба қуллаи баланд нигаристаю «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, ноилоҷ дасту дил шустанд. Фақат Фарҳоди ориятманд путку теша ва обу тӯша гирифта, чун ҷавоншери маст худро ба тори кӯҳ расонд, то қуллаи баландро паст гардонад ва коми дил ба даст орад. Ҳафтае чанд обу арақ резонда, пайваста путку теша зада, аз ду тарафи қулла камар кофт, то кӯчонидани қулла осон гардад.
Мардуми деҳа аз ҳарбу зарби деҳқонписари шердил бо кӯҳи бахил ба таҳрик омада, хайрхоҳона даст ба дуо бардоштанд. Зеро аз поён баръало медиданд, ки агар Фарҳод боз андаке заҳмат кашад, рахна васеътар гашта, кӯчидани қулла осонтар мешавад. Аз дуову санои мардум рӯҳ гирифта, ошиқписар солор аз ҷой хесту бо тамоми қувват, Рустамвор, путки гарон ба сари санги калон кӯфт. Он чорпора гашту ба ҳар тараф пош хӯрд. Тамошогарон оҳи сабук кашиданду Фарҳод шодмона ончунон наъра зад, ки аз акси садояш кӯҳ ларзид. Сипас пешонабанд аз сар кушода, арақи гардану рӯй пок карду латтапора мисли Дирафши Ковиёнӣ алвонҷ дода, ба чашминтизорон ва дар навбати аввал ба Парихон нахустин пайки зафар расонд. Шӯру ғиреви ошиқнавозон ба фалак печид ва дастафшону пойкӯбон паёпай «Офарин!» мегуфтанд. Парихон низ дар болои бом болу пари шодӣ кушода, рӯймоли ҳарир аз сар ба даст гирифту чун ливои ошиқон ба ҷилва овард.
Ҳама суруру тантана доштанд, ғайр аз Хусрави бойбача. Вай ҳам талабгори ашадии Парихон буду аз он ки рақиби сарсахташ Фарҳод ба фатҳи қулла қариб омадааст, чун мӯйи сӯхта ба худ мепечид.
Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:
– Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?
Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:
– Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!
Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.
Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.
Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт…
Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:
– Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!
Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад… Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!
Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,
Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!
В-эй чанги Парихони сабукдилшударо
Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!
Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:
– Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?
– Ман аз куҷо донам? – бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид. – Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?
– Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад, – шарҳ дод шоири Исфарангӣ. – Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?
Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:
– Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд…
– Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем! – шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид:
– Ҳоқонӣ ном шоирро медонед, ако?
– Ҳа. Қасидаҳои хуб дорад…
– Вай ба Ворух омада бошад ё не?
– Инашро намедонам. Чӣ буд кӣ?
– Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Гӯш кунед:
Чашми бад, к-аз патари оҳанӣ таъвиз нагашт,
Банди таъвиз бибурреду Патар боздиҳед!
Шумо ҳам аз чашми баду тӯмору таъвизи кампирҳо наҳароседу банди тилисм бибурред ва роҳи Патар фарох бикушоед, ки аҷаб нишастангоҳи олиҷаноб асту аз Каҷбед беҳтар! Макони дилкушо набояд ҳайф шавад. Сидқан бикӯшед ва сайргоҳ ба соҳибдилон боздиҳед.
Деҳқоне, ки таърихи Патарро ҳикоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ҷой хест ва даст болои дил ниҳод:
– Барои ворухӣ сухани шоир баробари фармони амир қадру қимат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хоҳад, болои шоҳкат мешинед, сайргоҳро пуродам мебинед ва даҳчанд лаззат мегиред.
Ҳама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод роҳи сафар идома бахшиданд.
Рӯзи сеюми саёҳат аз тамошои Рахнаи Оташон оғоз ёфт, ки дар ҷониби шимолу шарқии деҳа воқеъ буд. Вазифаи роҳбаладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ӯҳда дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ҳамроҳонашро лаҳзае аз роҳгардӣ боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дуриҳои дур оғоз бахшид:
– Ҳу, ана он кӯҳи сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш гӯри муғ ҷой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро гӯристон ё қабристон не? Барои он ки пайравони дини зардуштӣ баробари оташу офтоб заминро низ муқаддас дониста, майит дар хок намегӯронданду фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин кӯҳкамар бошад, маъбади оташпарастон ҷойгузин буду агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз чаҳор ҳазор сол пеш ба габрону муғон тааллуқ дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле қадимист.
– Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва машҳур буд, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Аҳмад. – Дар китобҳои қадима сабт шуда, ки ба ин дайри муғон аз Бухорову Самарқанду Истаравшан низ мубадону коҳинон ва ҳатто мубади мубадон ташриф оварда, манзумаҳои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.
Мударрис бо ишораи сар шарҳи шоирро тасдиқ намуд ва бо шавқи аввала афзуд:
– Боз як чизи дигар: ҳама ҷашну маросимҳои хурсандӣ, маҳфилу тантанаҳои муғон дар ин оташкада баргузор мешуд…
– Ҳатто базми арӯсӣ? – пурсид ҷавоне.
– Бале. Дар ин маҳфили муборак зардуштиён аз оташи ҳамеша фурӯзони дайр гулхани бузурге афрӯхта, шоҳу моҳ, яъне арӯсу домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мерақсиданду суруд мехонданду шодкомӣ мекарданд. Авҷи аланга, яъне спаниш лаҳзаи висол буд.
– Ин одат ҳоло ҳам дар Ворух давом дорад, – луқма партофт Абдулмаҷид. – Фарқаш ҳамин, ки имрӯза домод саллаю тоқӣ дораду арӯс фаранҷӣ.
– Магар пешина арӯсҳо фаранҷӣ надоштанд? – боз пурсид он ҷавони қаднавча.
– Ту арӯсҳои пешинаро даҳҳо маротиба дидаӣ, Қосим. Лекин маълум мешавад, ки эътибор надодаӣ.
– Ман дидагӣ?! Кай? Дар куҷо??
– Камтар сабр кунӣ, боз мебинӣ. Рафтем…
Ҳама ба умеди дидани арӯси замони оташпарастон аз дунболи раҳнамо равон шуданд. Баъди соате дар канори кӯчаи аробагузар санги дарозу борике падид омад монанди дастаи ҷувоз, аммо ҳазор карат бузургтар. Он санги кӯҳ набуду ба хорою рухом ҳам шабоҳат надошт. Мисли санги дарё суфтаю ҳамвору лағжон ва чун санги шиша андаке шаффофу ҷилодор метофт ва дар дашти васеъ яккаву танҳо меистод. Ба назар чунин мерасид, ки пайкарасозе онро махсус дар чунин ҳолат гузоштааст, то бути сангин тарошад. Вале фурсат наёфта, ё натавониста, аз ҳайкалтарошӣ даст кашидаасту нияти вайро боду борон беҳунарона иҷро намуда, бо харошу тарош дар қисмати болои санг сӯрохиҳое монанд ба чашму даҳон ва барҷастагиҳое шабеҳи бинию гӯш ба вуҷуд овардаанд.
Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:
– Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?
– Чанд борҳо дидаам.
– Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ…
– Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!
– Фаҳмо! – сухан мухтасар кард Зарифи Доно. – Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.
Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.
Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.
Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.
Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд – мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.
Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону – нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд…
Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.
– Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст, – хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид. – Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд…»
– Он шоир худат нестӣ?
– Не. Вале ман ҳам дар ҷавонӣ як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ҳаст:
Дар фироқат, эй Сайида, зору ҳайрон мондаем,
Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.
Бӯ накарда накҳати гул, ту шудӣ Санги Арӯс
Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.
Ҷавобан ба нигоҳи саволомези муаллиф меҳмони латифтабъ маҷбур шуд, ки таассуроти худро фошофош гӯяд:
– Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбеҳу суханҳои он шоире, ки қаблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. Кӣ будани ӯро саҳеҳ гуфта метавонед?
– Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.
– Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!
– Шумо чӣ?
– Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.
– Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед? – бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд – агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.
Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:
Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,
Санги Арӯс Сайидарост кошона.
Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз
Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.
Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:
– Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!
Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.
Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!
Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…
– Омад ба сарам он чӣ метарсидам! – даст ба пешонӣ зад роҳбалад. – Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…
Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:
– Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.
Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:
Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,
Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.
М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,
К-аз булбулу гул баргу навое дорем!
Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.
* * *
Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.
– Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, – гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. – Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.
Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:
– Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…
Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:
– Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам…
– Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад…
– Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.
– Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат…
– Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!
– Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ…
– Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ…»
– Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.
Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…
– Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:
Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,
Дар гулшани ҷон баҳори кӯи Ворух,
Чун ваъдаи васлу аҳди некӯномӣ
Дар дафтари ишқ гуфтугӯи Ворух.