Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 4
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи сеюм. Чакомаи наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои пири арҷманд
ОглавлениеНигина даҳумин навбаҳори умри худро дар шаҳри Хуҷанд истиқбол гирифт. Ваю амакдухтаронаш Назокату Назорат ва модарашон Бибисолеҳаро Аҳмадсайид барои сайру тамошои иди Наврӯз оварда буду дар ҳавлии калони Шайх Бурҳониддин мезистанд. Чолу кампир, ки ҳар сол баробари сар шудани хунукӣ аз кӯҳистони қаҳратун ба шаҳри офтобӣ кӯчида, амалҳои муваққатан мавқуфгузоштаашонро идома мебахшиданд, аҳли ҳар ду оиларо боисрор ба меҳмонӣ хонданд. Мастурабону аз он сабаб омада натавонист, ки кӯдаки ширхора дар бағал дошту тағйири иқлим ва роҳи дурударозро хатарнок ҳисобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозгоҳе барои маҳалла месохт, ягон лаҳза вақти зиёдатӣ надошт – мехост то фаро расидани иди азҳо ҳама корро ба субут расонад, то Шайх Бурҳониддини Валӣ хутбаи идонаро маҳз аз минбари масҷиди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ҳеҷ ваҷҳ модару кӯдакро танҳо гузошта наметавонист…
Меҳмонҳо чун ба ҳавлӣ даромаданд, аҳли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ҷавони ҳамқад гилем метаконданду духтараке косаву табақ мешуст ва зарфҳои лабпарида ё андак кафидаро алоҳида мегузошт. Кадхудо бо ҷорӯби дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ғубор тоза мекарду очаи Бибинурӣ дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиёҳ сафед мегардонд. Вай, аз омадани меҳмонҳо бехабар, бо овози баланд нидо кард:
– Саросема нашаведу бикӯшед, то дар ягон гӯшаи хона ё кунҷу канори ҳавлӣ заррае ифлосӣ ё сиёҳӣ намонад! Фаҳмидед? – гӯён ба ҷавонҳо нигаристу нигоҳаш ба Нигина бархӯрд ва пешгир аз миён кушода, сӯйи дарвоза давид. – Эҳ-ҳе, Нигинаҷон омадаст! Хуш омадӣ, духтари оча! Хуш омадед, меҳмонҳои нури дида!
Нигина боли парвоз кушода, ба оғӯши муаддибаи пазмонгаштааш париду ҳамдигарро бӯсаборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.
– Чӣ ҳол дорӣ, духтари оча? Медонам, ки роҳи дароз пургарду дард аст, ранҷи ароба бисёр…
– Нағз ҳамааш, очаҷун. Маъқул шуд ба ман роҳи пурафсона. Аз хунукӣ гурехта, ба гармӣ расидем.
– Гармиро ту овардӣ, духтари оча. То дина ҳаво ях барин буд, мисли рӯзи зимистон…
Баъде ки ҳама давра нишастанду гуфтаниҳои ибтидоӣ гуфта шуд, Шайх Бурҳониддин сухани ҳамсарашро тақвият бахшид:
– Ҳақиқатан ҳам шумо аз Ворух баҳор овардед. Сармои ҳафтрӯзаи барди аҷуз, яъне охирин нафаси сарди аҷузкампир, ки онро мо – хуҷандиён «баъди чилла-ҳилла» мегӯем, дина ба охир расиду имрӯз ҳаво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кунҷе ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ҳушдор дод, ки Наврӯз меояд! Ва мо шурӯъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди аҷдодист.
– Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани меҳмонҳо хонаҳоро тозаю озода мекунед, – гапро ба шӯхӣ кашид Аҳмадсайид.
– Ҳам ину ҳам он! – бо ханда ҷавоб гардонд соҳибхона. – Имрӯз мардуми Хуҷанд аҳлона ба тозакорӣ машғуланд. Зеро аксу наҳси аҳриманӣ аз қудрат ва тавоноӣ маҳрум гашта, бо ҳидоят ва маслиҳати бародарам Шамсиддин имсол дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз бо шукӯҳмандию шаҳомати бузург чун дар аҳди сомониён таҷлил мешавад.
– Магар Наврӯзҳои пешина бешукӯҳ буд? – мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисолеҳа.
– Шикӯҳ дошт, аммо на ба қадри дилхоҳ. Дар замони сомониён махсус барои ҷашни Наврӯз идгоҳи бузурге вуҷуд дошт ва тантанаи мардум басо хушҷилою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки қарохониҳо ба Хуҷанд расид, идгоҳи обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ҳам аз обу ҳам аз гили Сайҳун дуд баромад!
– Оббо! – аз мағзи дили Аҳмадсайид низ оҳи сӯзон баромад. – Ана акнун сабаби дар Ворух бо ҳамҳамаю дамдама ид нашудани Наврӯзро фаҳмидам. Маълум мешавад, ки бо шикасти давлати сомониҳо дарахти наврӯзи олам шикаста, ба гулбазми мардумӣ боди хазон расидааст.
– Мағзи гапро гуфтед, бародар. Қарохониён, ки аз пасмондаи яғмою чигил ном қабилаҳои бодиянишини турк пайдо шуда буданд, ашаддитарин душмани сомониён ба ҳисоб мерафтанду дусад сол пештар аз таваллуди Нигина шаҳру вилояти моро ба тасарруфи худ дароварда, авлоду аҷдоду расму ойини сомониҳоро беамон решакан мекарданд. Бадтарин сиёҳамали ин бадкорони сияҳдил хати батлон кашидан ба ҷашни гулафшони табиат буду «болои сӯхта – намакоб» гуфтагӣ барин, ин кӯчиёни бедин ба ҷойи Наврӯз иди майпарастон – Хазонакро ҷорӣ намуданд.
– Чува?? – овози чирросии Нигина он қадар баланду ногаҳонӣ садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш қад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.
– Онҳо ба чанд савдогару одамҳои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ҷойдорӣ барои майкашӣ хеле мувофиқ асту агар Хуҷанд ба маркази майбарорӣ ва майгусорӣ табдил ёбад, ба роҳи абрешим пайроҳаи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ҳоким кофӣ шуд, ки пулпарастони ҳарис ба сар давиданду Наврӯзро рад карда, Хазонакро ҷонибдор шуданд ва сари майхораҳо ба осмон расонданд. Он замон ҳар касе калимаи «Наврӯз» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ҳолаш табоҳ мешуд…
Шайх Бурҳониддин оҳе сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Хуҷанд ба ёд овард. Аз рӯзгори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Хуҷандӣ ҳикояте гуфт, ки дар сӯҳбату маъракаҳо агар аз Наврӯз сухан равад, мисли ҳезуми хушк дармегирифт. Ӯро огоҳ карданд, ки эҳтиёт бошад ва сухан санҷида гӯяд.
Дар маҳфиле аз сӣ лаҳни Борбад сухан рафту онро ороиши Наврӯз номид. Нафаре эрод гирифт:
– Ороиши иди Хазонак бигӯ!
– Ҳаргиз чунин нагӯям! Хазонак иди палидон асту Наврӯз ҷашни покон!!
Он лаҳза касе намедонист, ки арзиши ҷумлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ҳокими қарохонӣ маҳз ибораҳои «Хазонак иди палидон, Наврӯз ҷашни покон» кифоят шуд, ки ӯро ба қатл маҳкум кард ва фармуд, то хонумонашро бисӯзанд!
Аз ин шумхабар огоҳ шуда, бародари калониаш Абӯбакри Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ бо аёлу ақрабои хеш филҳол рӯ ба гурез ниҳод, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфаҳон расид ва он ҷо муқимӣ шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи мӯътабари Оли Хуҷандро асос гузошт.
Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ҳарос фаромӯш шуд. Зиндагии Абӯбакр ва пайвандонаш дар ҷойи нав маҷрои тоза ёфт. Лекин… маълум гардид, ки қарохониҳо ҳақиқатан ҳам уштуркина будаанд: гумоштаи онҳо шоир ва олим Абусайиди Хуҷандӣ – писари Абӯбакрро вақти маъвизахонӣ дар масҷиди ҷомеъ бераҳмона ба қатл расонду хунсардона гуфт:
– Ҳар ким дар бораи Наврӯз амри маъруф кунад, хунаш меоқад…
Шоира Маҳастии Хуҷандӣ низ бо хашму ғазаби навдавлатони қарохонӣ дучор гардид ва ин ҳодиса дар базми яке аз бузургони шаҳр рух дод. Он вақт Маҳастӣ нав ба синни бистсолагӣ қадам ниҳода, аммо дар ҳусну малоҳат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз накҳати гулу сабзаи фасли навбаҳор вайро хумори ҷашни ниёгон ба сар омаду бадоҳатан як рубоӣ эҷод карда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик гуфт:
Зад лола парер дар Нишопур озар,
Дӣ бар зад аз оби Марв нилуфар сар.
Наврӯз, ки шуд, боди Сайҳун ҷонпарвар,
Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.
Дӯстон ва наздикон дар баҳри эҳсосот ғарқа шудани Маҳастиро ҳис карда, «аз бало ҳазар» гӯён, ӯро ба эҳтиёт даъват карданд. Вале ғурури ҳусн ва ҳунар боло гирифту ба замзамаи ғазали наврузӣ аз эҷоди Анварӣ шурӯъ кард:
Бингар чӣ ҷавонист заминрову замонро,
Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро…
Хонуми булбуловоз бо лаҳни форам суруд мехонд, вале… базм ба охир нарасида, ду навкари сиёҳҷурда башаст омаданду айши ҳамаро талх гардонданд ва хостанд, Маҳастиро ба маҳкамаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миёнҷӣ шуда, бо лутфу караму ҳадяи фаровон дами табарро гардонданд ва Маҳастиро аз дари оқиб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару панҷара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ҳамлаи чокарон ва таҳдиди онҳо хабар дод.
Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифоқа оварданду саҳл осуда шуданд. Вале рӯзи дигар чанд сипоҳии туркнажод бо роҳбаладии хуҷандие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ҳис карда, модарро ба по хезонду ҳар ду ҳадаҳа аз ҳавлии ҳамсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирорӣ шуданд. Маҳастӣ дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Хуҷанд дорам» гӯён умри ширин бо шӯрию талхӣ гузаронд…
– Баъди гурехтан аз хона як рубоӣ гуфтагӣ Маҳастӣ, – бетоқатона ғунчаи лаб бикшод Нигина. – Азёд кардагӣ ман ин рубоиро:
Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,
Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.
Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,
Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.
– Офарин, духтари оча! – шогирдро рӯҳбаланд гардонд Бибинурӣ. – Пагоҳ ба тамошои шаҳр мебароем, ба ҳавлии Маҳастӣ меравем…
– Намеравам ҳеҷ куҷо, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам! – гуфт бо якравии кӯдакона Нигина. – Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм…
– Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!
– Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест! – бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо. – Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд…
– Яъне ки… бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?
– Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам…
– Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд! – доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин. – Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.
Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред…
* * *
Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.
– Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав! – вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ. – Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.
– Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.
– Чува дар он ҷо?
– Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақат…агар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд…
Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун – чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай» …
Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд – дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!
– Вой, бобоҷун! – кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ. – Оъ… Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!
– Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин… агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.
Нигина бо чашмони ҳаёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Алҳамдулиллоҳ» ба гӯшаш расид. Сӯйи овоз шитофт ва Пире дид маҳосинсафеди сурхрӯй, субҳаи саддона дар даст канори Сайҳун нишаставу бо нигоҳи нуронӣ ба мавҷи дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мегӯяд. Наздиктар омаду ҳисоби кораш гум шуд. Зеро мувофиқи дастури модар амал карда, худро дарҳол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист – оби дарё имкон намедод. Маҷбуран интизор истод, ки тӯлонӣ нашуд. Шайх Маслиҳатдин нимовоз «Аллоҳу акбар» гуфту даст ба рӯй кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:
– Пештар биё, ғунчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони ақл ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки сеҳру ҷодуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шудӣ, маслиҳат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супорӣ, то раво-раво инояти азалӣ дарёбӣ ва ҳар чиро Худо ба ту додааст, бегумон соҳиб шавӣ.
Нигина дасти адаб рӯи дил ниҳода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:
– Эй Бобокалуни меҳрубон, фидои шумо дилу ҷунам!
Шайх Маслиҳатдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастангоҳ мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ниҳонхонаи дил кушод:
– Баъди намози бомдод ҳар субҳидам ба соҳили Сайҳун мешинам, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сайҳун! Нишастан дар лаби обу ғарқи дарёи тафаккур шудан ҳар шахси соҳибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф таҳнишин гаштан аст… Алҳол маслиҳат ин аст, ки ту ҳам лаҳзае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шавқат бо вусъати Сайҳун мувозӣ гардад, баҳри дилат ба мавҷ ояд ва дарёҷӯш шавӣ…
Нигина ҳамчунин кард ва нигоҳаш бо маҷрои дарё пеш рафту қафо баргашт, боло рафту поён омад, ба он соҳил расиду ба дуриҳои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзараҳои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ҳузуру ҳаловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фаҳмид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!
– Оре, об ҳар куҷост, зиндагӣ он ҷост! – андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ҳамадон. – Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Хуҷанд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, вуҷуди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба рӯшноӣ мерасонад, осиёби зиндагиро ҳамеша гардон медорад, талхию шӯрӣ аз мазоқи мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинкомӣ меорад.
Эй ғунчаи мастураи бобо! Обе, ки имрӯз тамошо дорӣ, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали баҳор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби раҳмат табдил меёбад, ба чашму рӯйи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб медиҳад, ҳама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ҳамин сабаб ниёкони мо, ки обро муқаддастарин муқаддасот медонанд, обпоширо як рукни Наврӯз меҳисобанд, дар арафаи иди баҳор ба умеди бақо ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби раҳмат шодоб мегардонанд.
Эй ғунчаи мастураи бобо! Азбаски рӯйи ту шабеҳи гули наврӯзист, маслиҳат ин аст, ки расми аҷдодиро имрӯз аз ту оғоз бахшем.
Ҳазрати бузургвор кӯзачаи сафолиро пури оби навбаҳор карду «умрат мисли об дароз шавад!» гӯён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва кӯза ба соҳил ниҳоду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «ҳар дарду бало дорем – об бубар!» гӯён се бор ҷаҳид. Сипас бо оби равон дасту рӯй шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:
– Анизриб би ъасока-л-баҳра!4 Асо дар дарё зан!
Бобокалон бо чеҳраи пуртароват ва тару тозаю ҷилодори Нигина бо меҳр назар афканду аз беди соҳил се шохчаи сабз канда, даруни кӯзача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:
– Имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустию худро ба ҳадди булуғ наздик расондӣ. Ин рӯзи басо хотирмони ҳаёт, ки оғози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гулғунчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё задӣ, дигар кӯдак наӣ ва бодиққат гӯш дору ҳуш ба паёми обоӣ кун: қадри обу нону намак ҳамеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бикӯш, то оби чашм дар дида нигоҳ дорӣ, аммо агар аз ноилоҷӣ оби чашм резӣ ҳам, оби рӯ ҳифз намо; ба дӯстон ва дугонаҳои ҷонӣ об аз ҷигар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу равған мухолиф не, балки монанди обу ҳаво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ҳован кӯфтан кӯшиши беҳуда асту ҳеҷ кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.
Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин маслиҳати наврӯзиро бо шарҳаш шунав: ҳамеша кабутари обӣ5 бош, на мурғи обӣ! Яъне мисли он паррандаи моҳихор фақат поктарин навола – моҳиро луқмаи ҳалол кун, на кирму обсабзаро монанди мурғобӣ…
Шайх Маслиҳатдин андаке таваққуф карда, аз ҷайб як каф моҳичаи тиллою нуқра баровард, ки тибқи таомули қадима дар радифи дигар сокинони суғднажоди Хуҷанди бостонӣ махсус дар маҳаллаи Заргарон созонда буду ҳар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як моҳичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ҳамоил карду маслиҳат дод, ки сеи дигарро ба Бибисолеҳаю духтаронаш ҳадяи наврӯзӣ барад.
– Оби кӯзача ба бехи ниҳоли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тибқи суннати аҷдодӣ шинондам. Ин ниҳолро муридон аз Балх овардаанд, ки аз рӯзгори ориёиҳо то замони Хуросони исломӣ маркази аслии баргузории ҷашни Наврӯз буд. Ин навниҳол аз оби раҳмат нашъунамо ёфта, Тути калони Хуҷанд мешавад, ҳазорсола мешавад. Ту ҳам сарсабз мешавӣ…
* * *
Чоштгоҳи рӯзи сешанбе аз бурҷи баланди куҳандиз овози мутантани мунодӣ ба атроф ғулғул андохт:
– Нашунидам, нагӯед! Нафаҳмидам, нагӯед! Пагоҳ оғози сари сол – Ҷуфтбаро-ооро-оон!! Ҳар касе молу замин дорад, ба Боғмайдони Унҷӣ барояд ва урфу одати дадою бӯвоҳо-о баҷо о-о-орад!
Нидои даъватиро шунидан ҳамон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати масҷид воқеъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинурӣ қироати китоби олими маъруфи хуҷандӣ Мӯсо ибни Абдуллоҳ «Ҳиками амсол»-ро қатъ намуда, пас аз дуо гуфт:
– Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузорӣ бидуни таъхир, нидои мунодӣ оиди ҷуфтбаророн ишоратест аз оғози ҷашни Наврӯз. Мо бояд дарҳол аз ҳама кору ташвишҳои зиндагӣ худро фориғ гардонем ва ба хушҳолӣ пайвандем. Яъне чун ҳамеша аз ҳамин лаҳза таътили идонаи шумо шурӯъ мешавад!
Нигина, ки барои дидани мактаби шаҳр ва қиёс кардан бо мактабхонаи деҳа «меҳмон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ҳамон бо шӯру шавқ аз ҷой мехезанд. Вале дувоздаҳ духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос рӯ ба омӯзгор ботавозӯъ нишаста, ҳатто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати онҳо низ сахтгир асту ду ҷумлаи машҳурашро ба толибаҳои шаҳрӣ низ зеҳннишин кардааст: аввалан – шогирд пеши устод саропо гӯш шавад ва агар ӯ сухан гӯяд, чун соя хомӯш бошад; сониян – шогирд ҳеҷ гоҳ густохӣ накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муроҷиат сукут наварзаду тамаллуқ як сӯ ниҳода, мағзи гапро гӯяд, жож нахояд.
Бибинурӣ аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо рӯҳи болида гапашро давом дод:
– Таътили мову шумо як ҳафта давом мекунад. Ҳар як рӯзи он як шохаи Наврӯз аст, ид аст, замони хушдилӣ аст. Дар арсаи чаману боғу гулзор ва идгоҳ бемалол шодию бозӣ кунед, аммо дар ҳама ҷо адабу иффат нигаҳ доред ва ҳама кор бо ақлу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо – шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Наврӯзи Бузург мешавед.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!
Гулдухтарон табрикоти маъмули наврӯзиро бо хушҳолӣ такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ҳар кадоме алоҳида-алоҳида Нигинаро ба меҳмонӣ хонданд. Аммо Бибинурӣ фақат ба ду нафар – Гулсимо ва Саодат иҷозат дод, ки ӯро ҳамроҳи худ баранду шаҳрро тамошо диҳанд.
Сайри Хуҷанд аз манзили Маҳастӣ оғоз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ҳамсоя. Вай аз деҳаи дурдасти Исфарамарз омадани меҳмони хурдсолро дониста, бо чарбзабонӣ ҳар серо ба ҳавлии тозаву озода дароварду роҳравон шарҳ дод:
– Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид – худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ…
Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем…
– Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? – аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:
– Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.
– Чӣ ном дорад китобаш?
– «Чоргоҳи Маҳастӣ».
– Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».
– Наход?! Оъ… ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?
– Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.
– Кӣ??
– Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, – риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. –Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!
– Мирмалик акои ту?! – якбора ба шавқ омад Нигина.
– Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.
– Дар куҷост ҳозир акоят?
– Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?
– Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ…
– Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! – риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. –Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум…
– Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?
– Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!
– Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…
– Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста – оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.
– Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!
– Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад… бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд…
Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?
– Падарам метавонанд, – ҷавоб гардонд Саодат. – Он кас шогирди бисёр доранд.
– Писари ман яке аз онҳост, – гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама. – Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!
Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.
– Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад насиб, меоем ба меҳмунӣ…
Идгоҳ аллакай серодам менамуд. Ҳалвогарону нишаллочиҳо, пазандаю нонвойҳо ва фурӯшандаҳои меваҷоти тару хушк тиҷоратро оғоз бахшида, кулолу мисгару косатарошу заргарон ва дигар пешаварон дӯкону раста месохтанд ё хайма мекашиданду устоҳои дуредгар дар мобайн Дарахти оламро устувор мекарданд, ки аз ибтидо рамзи асосии Наврӯзи Хуҷанд, маркази дилхушию тамошо буд.
– Акоям мегӯяд, ки ба Искандари Мақдунӣ иди Наврӯз ҷудо ҳам маъқул шудааст, – худ аз худ ба гап даромад Гулсимо. – Ба канори Яксарт расидан ҳамон фармудааст, ки ана дар ҳамин соҳили хушманзара идгоҳи калон созанд барои таҷлили Наврӯз, то мардум хушҳол бошанду идгоҳи искандарӣ мисли ин ҷашни ҷовидона то будани одаму олам ба ёдгор монад.
– Аз ҳамун вақт сар шудагӣ ҷашни Наврӯзи Хуҷанд? – пурсид Нигина ва гардан ёзонда, ба тори Дарахти олам нигарист, ки шабеҳи санавбарҳои бузурги кӯҳистони Ворух буд.
– Наврӯзи Хуҷанд мисли дарёи Сайҳун аз дуриҳои дур сарчашма мегирад, – ҷавоб гардонд Саодати ба сол аз ҳар ду калонтар. –Модаркалонам мегуфтанд, ки номи якумин рӯзи олам Наврӯз аст. Ин маъниро аз китоби тафҳими Абурайҳони Берунӣ ёфтам, ки «аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» навиштааст. Дар китоби «Осор-ул-боқия» оғози гардиши фалак, яъне ибтидои офариниши оламро аз рӯзи ба тахт нишастани аввалин подшоҳи рӯйи замин Каюмарс ҳисобида, ба ин муносибат барпо гардидани ҷашне ба номи Наврӯз зикр шудааст.
– Ин қисса дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдрас шудагӣ – илова намуд Гулсимо. – Дар китобҳои қадима таъкид мешавад, ки Каюмарс аввалин одам дар олам буда, корбасти обу гиёҳу маъданро ба дигарон ёд додааст.
– Фаҳмидам, ки Наврӯз будааст аввалин рӯзи олам ва Каюмарс аввалин подшоҳи олам ва Яксарт будааст номи пешинаи Сайҳун. Чӣ дахл дорад ин ҳама ба Наврӯзи Хуҷанд?
– Дар китоби муғон номи шаҳри мо ба шакли «Хва-канта» будааст ба маънои «шаҳри офтоб». Дар «Насиҳат-ул-мулук»-и аллома Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «подшоҳии Каюмарс сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!
– Наход? Намеояд боварам…
– Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!
– Куҷост қабри ӯ?
– Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?
– Албатта!
Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид – «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:
– Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.
– Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор…
– Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.
Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:
Ҳаво, ҳаводор – е,
Барги сафедор – е,
Уштуро қатор – е,
Сандуқо пурбор – е.
Биё, навбаҳоре – е!
Биё, навбаҳоре – е!
* * *
Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.
– Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб – гуфт Назорат. – Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!
– Бахудо, ки рост! – тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат. – Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки…
– Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро? – пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд: – Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.
– Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?
– Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро «унҷӣ», замини кӯҳдоманро «ноҷӣ» мегуфтанд, ки номи деҳаест дар он тарафи ағба…
– Падари худораҳматиям боре гуфтанд, ки «барои ғалладаравӣ Унҷӣ меравам». «Унҷа меравед?» – пурсиданд модарам бо лаҳни хеш. «Ҳа, – гуфтанд бо табассум падар. – «Ун ҷа» гуфтани тую «Унҷӣ» гуфтани ман як замин аст, ки Сайҳун аз канори он мисли оринҷи қатшуда ҷорӣ мешавад.
Сухани лутфомези Бибинурӣ бо лабханд шунида шуд. Вале саволи Бибисолеҳа ҳамаро ба ханда овард:
– Пагоҳ унҷа мерем ё унҷӣ?
– Ҳамакаса ба ҷуфтбаророн меравем, – андаке асабонӣ шуд Аҳмадсайид. – Мебинем, ки он ба говхунуккунони Ворух монанд аст ё не?
– Ҳам дар Воруху ҳам дар Унҷӣ ва ҳам дар Хуҷанду ҷумла олам Наврӯзи деҳқон якгуна асту бо роҳи дида меояд. Ҳар касе пеш аз дамидани сапеда дида бикушояд, пеш аз дигарон ба дидори Наврӯз мерасад, хушбахту хушрӯз мешавад, – гуфт бо оҳанги шаббахайр Шайх Бурҳониддин. – Дар субҳи ҷуфтбаророн ҷавонон мекӯшанд, рӯйи банури пиронро бинанду фотиҳаи нек гиранд, мо бошем, баҳри он мекӯшем, то рухи тифлонро бингарем ва дуо кунем, ки ҳамроҳи тифли накуноми табиат сарсабзу гулбасар шаванд…
* * *
Дар Унҷӣ аввалин шахсе, ки ба назари Нигина намуд, Деҳқонбобои озодалибос Бадриддин – бародари Шайх Маслиҳатдин буд, ки меҳмононро бо чеҳраи нурафшон истиқбол мегирифт. Бибинурӣ ба ҳамроҳонаш фаҳмонд, ки ҳукамо вайро иқтоъдор мегӯянду уламо молики замин меҳисобанд, аммо барзгарон ва боғкорон бо меҳр деҳқони одил меноманд. Зеро Бадриддин ҳар кадоме ин раъиятро ном ба ном медонаду аз рағбату ҳунар ва ҳусну қубҳи аксарият комилан огоҳӣ дорад, аз фасод пок асту ҳатман ва ҳаққан мардуми хокпошро ҳимоят мекунад, ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе аз онҳо намеситонад, ягон маҷбурияти берун аз одат намениҳад.
– Фаҳмидам, ки аз Бадриддин ҳам холиқ розию ҳам халқ! – таҳсиномез нидо кард Аҳмадсайид ва дар паҳлӯи деҳқонон истоду ҳамроҳонаш ба ҳалқаи занону духтарон пайвастанд. Амакдухтарон муддате рӯйи сабзагилеми навруста нишаста, лаклакпаронию гӯштингирӣ, буҷулбозию хурӯсҷанги кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:
– О-омада-а-андд!
Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.
Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.
Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:
– Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.
Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!
Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон – рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!
Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.
Ин карат Шайх Бурҳониддин даст ба дуо бардошт:
– Илоҳо, омин:
Арвоҳи Бобои Деҳқон мадад кунад, аввалу охири сол нек шавад, ҳосил фаровон рӯяд, файзу барака зиёд гардад.
Кушоиши кор,
Муборакии наврӯзи баҳор,
Як донаи шумо – ҳазор,
Ҳазори шумо – бешумор
Аллоҳу акбар!
Таҳамтандеҳқон як тоба ҷуфт карда, говҳоро дам доду аз халтаи пурбор табақе ғаллаи тухмиро бардошта, чанд мушт ба замини навшудгор афканд ва боқимондаашро болои барзаговҳо пошид. Хонумҳо ӯро пайравӣ карда, пасопеш болои говон чормағзу ғулунг мепошиданду кӯдакон ва ҳам калонсолон талош мекарданд.
Ғалмағалро садои форами ҷуфтнай паст нишонд ва очаи Бибинурӣ сабзи суманак аз ниҳонпарда берун овард, ки онро то ҳол ба чашми ғайр нишон надода, дар зарфи махсусе аз гандуми баҳорӣ сабзонда буд. Саодат табақи мудавварро боэҳтиёт аз дасти муаддиба гирифта, бо ҷилваи хиромон ва мувофиқ ба савти найанбон онро ба Бобои Деҳқон супурд. Вай бо зикри номи Аллоҳ зарфи муқаддас баробари китф бардошту ҳар ду чашмро бонавбат ба гандуми навраста расонда, нек ба он назар афканд, то сабзаи нозанин сардию зардӣ дур гардонад.
– Соле, ки накӯст, аз сабзабаҳораш пайдост ва нашъунамои сабзи суманак табъи дили мост! Ин фоли нек аст ва моро аз рӯзу рӯзии сабзу хуррам башорат медиҳад, пиронро сарсабз медораду ба ҷавонон бахти сабз мерасонад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!!
Табрики Бобои Деҳқон ишорае ба оғози шодмонӣ шуду аз ҳама пештар ва бештар гулдухтарон ба ҳаракат даромаданд. Яке лабчанг менавохту дигаре доира мезад, сеюмӣ суруд мехонду чорумӣ мерақсид. Гулсимою Саодат зеби маърака буданд ва Нигинаро ба паҳлӯи худ кашида, базмро тасфонданд. Рақси се гул ҳамаро ба ваҷд оварду ҳини ҷамъбаст Бобои Деҳқон лаб ба офарин кушода, аввал ба ин духтаракон, пасон ба дигар кӯдакони ҳунарманд – ғолибони ҳарби кабку бедона ва хурӯсҷанг, мусобиқаҳои сагони бонию шикорӣ, лаклакпарронӣ ва гӯштингирӣ муносиби ҳолашон ва солашон ҳадяҳои хелмахели наврӯзӣ бахшид.
Ба Нигина як куртаворӣ адрас расид. Вай нахустин ҳадяи тақдирро маҳкам ба сандуқи синааш пахш карда, ҷилвазанон ҷониби амакбобояш тохт ва худро бо шавқу сурур ба оғӯши гарми бозаргони меҳрубон андохт…
Ба адраси армуғонӣ бо ҳавас нигаристани духтаронашро дида, Аҳмадсайид аз бозор ду либосвории дигар хариду дарҳол куртаҳои якхела дӯзонд. Се хоҳари адраспӯш дастобадаст ба ҷашни Чилбеди Хистеварз рафтанду болои сабзазори махмалӣ арғушт рафта, чун дигарон «зардии ман моли ту, сабзии ту моли ман» гуфтанду се рӯзи дигар шоду ғазалхон дар маъракаҳое, ки бӯйи занона дошт, давр зада, арӯсбинон карданду салом-салом намуданд, ҳино бастанду ӯсма кашиданд ва ба маънои томи сухан гул-гул шукуфтанд.
Шабҳангом низ фурсати дамгирӣ надоштанд. Ҳамроҳи ҷавонзанону духтарони маҳалла гирди гулхани наврӯзӣ давра гирифта, сурудҳои муборакбодӣ мехонданду мерақсиданд. Се маротиба аз болои лахча парида, «зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ!» гӯён, гуноҳ сӯзонданду оташдил шуданд…
Чунин хушҳолию оташафрӯзӣ ва сурудхонию худафрӯзӣ дар суманакпазӣ идомаи тоза ёфт. Аввали он шаб Нигина кокулчаҳои мушкборашро чапу рост афшонда, нармак-нармак ба ҷилва омаду андактар, ҳар боре нақароти «Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем» баланд мешуд, духтарак ба ҷӯш омада, кафча мезаду давр мегашту мечархиду ончунон бомаҳорат мерақсид, ки ҳамагон ангушти ҳайрат ба лаб бурданд.
Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки бо даъвати хоҳараш Бибинурӣ барои ком ширин кардан аз нӯшдоруи равонбахши наврӯзӣ сари қадам ба сари деги суманак омада буд, Нигинаро назди худ ҷеғ заду аввал офарин хонд. Сипас сухан ба табассуми малеҳ идома бахшид:
– Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!
Ин бигуфту фармуд, ки кӯзае кӯҳна биёранду ба дасти Нигина диҳанд.
– Эй ғунчаи мастураи бобо, маслиҳат ин аст, ки кӯза дар даст болои бом барою то қадри тавонистан онро болои сарат баланд бардор ва се бор гирд гардонда, бо тамоми қувват ба замин ҳаво деҳ!
Амри Пири бузургвор бечунучаро иҷро шуд ва зарфи сафолӣ ба замин бархӯрда, пора-пора гашт.
– Кӯзашиканӣ яке аз пиндорҳои фаромӯшшудаи Наврӯзи ниёкон аст, – шарҳ дод Пири донишманд. – Ғараз аз ин амал шикастани тилисм, рафъи бало ва дафъи чашми бад аст. Нигина кӯзаро шикасту шикасти тилисм оғоз шуд. Аз ин баъд Нигина монанди одамони хокӣ гап мезанад, на мисли париёни бодӣ. Агар ҳар сол дар айёми наврӯзӣ як кӯзаи сафолӣ бишканад ва адади кӯза ба ҳафт расонад, аз банду тилисм осоре намонад.
Фаҳмидӣ, эй ғунчаи мастураи бобо?
Якуякбора тарзи гуфтори Нигина тағйир ёфту бо лаҳни шево ҷавоб дод:
– Фаҳмидам, эй Бобокалони меҳрубон. Ҳар чӣ фармоед, ҳамеша ба ҷону дил иҷро мекунам!
– Ин тавр бошад, бархезу пеши амакдухтаронат рав, ки ғарқи хоби нозанд. Маслиҳат ин аст, ки дигар духтарон ҳам хона ба хона шаванд ва деги суманак ба ихтиёри момоҳо гузоранд. Азеро пагоҳ аз вақти саҳур – пеш аз дамидани субҳ шодию тараби Наврӯзи бузург оғоз меёбад.
* * *
Ҳақиқатан ҳам чашми рӯз накафида, холаи Бибисолеҳа духтаронро бо тараннуми байти наврӯзӣ аз хоб бедор кард:
Наврӯзи Хуҷанд вақти саҳар умадааст,
Чишмота кушо, пешаки дар умадааст!
Ҳама саросема дасту рӯй шуста, ба кӯча давиданд. Дар чорроҳаи Мардони Панҷшанбе даҳҳо аробаи дучархаи соябондори идона зиннатёфта корвон шуда, пешопеши анбӯҳи духтарону бачаҳою мардону занони либоси идона дар бар ва хони анво дар сар сӯйи идгоҳ раҳсипор буданд. Ҳар як кадбону таоми махсус пухтаашро бо худ мебурд, то як гӯшаи суфраи наврӯзиро ободу ороста гардонад.
Бибисолеҳа низ дар сар бастае дошт аз мағзу санҷид ва зардолую чормағзи Ворух, ки махсус оварда буд ва чун корвони шодӣ ба идгоҳ расид, дастовезашро ба модари Мирмалик – холаи Моҳсимо, ки дастордори хон ва парастори нон буд, супорид. Хонсолорони чобукдаст ва ходимони покизакор бо маслиҳати ин кадбонуи маъракаоро моидаҳои хелмахелу рангоранг – нонҳои ширмолу обӣ, фатирҳои гирдаю холзада, кулчаҳои равғанину қаламаи варақин, самбӯсаю чалпаку чаппотӣ, мағзу мавизу чормағзу санҷид, зардолуқоқи мирсанҷалию қандак, бинигорию хурмоӣ ва таомҳои маросимӣ – суманаку кочӣ, кашку дӯлда, зӯрмиҷ ва бағрою гипоро ҷобаҷо мегузоштанд.
– Суст нашавед, аммо шитоб ҳам накунед! – мегуфт Моҳсимо ҳар замон ба хонсолорон. – Бикӯшед, то дастархони наврӯзии мо аз дигар гузару маҳаллаҳо беҳтарин бошад, дар радаи ҳафт хони маъруфи Хуҷанд ҷой гирад.
Баъде ки суфраи калон аз анвои хӯрданӣ лабрез гашт, парастори хон фармуд, ки ҳафт шохча аз ҳафт дарахти мевадеҳ биёранд. Дастёрон даррав аз зардолуву бодом, ангуру олу, туту чормағзу анҷир ба андозаи як ваҷабӣ навдаи тар оварданд. Холаи Моҳсимо ҳафт шохаро ба шакли ҷойгиршавии ситораи ҳафтдодарон рӯйи хон ниҳода, ба паҳлӯи ҳар кадом муште аз меваи он гузошту чашмаш ба Нигина афтид, ки ҳар амали ӯро бодиққат назора мекард. Бо лаҳни кӯдакона гуфт:
– Ту барин хушрӯча шуд-а!?
Нигина базавқ хандид ва пурсид:
– Ҳафт «шин» оё ҳамин ҳафт шоха аст?
– Не, хони наврӯзиро бо ҳафт шохчаи тару ҳафт меваи хушк оро додан одати бӯвокалонҳои мост. Чунки аз замонҳои қадим рақами 7 барои пешгузаштаҳои мо муқаддас ҳисоб мешуд. Масалан, ҳафт хазина доштан барои подшоҳон ойини давлатдорӣ буду ҳар кадоме ҳафт қасри шоҳаншоҳӣ доштанд. Гурзи подшоҳӣ аз филизи ҳафтҷӯш, яъне аз омехтаи тиллою нуқраю қалъагӣ ва мису оҳану сурбу биринҷӣ гудохта мешуд. Шоҳон ба маликаи худ дар иди Наврӯз гули ҳафтранг ҳадя мекарданд.
– Барои чӣ ҳашт нею ҳафт?
– Барои он ки ба пиндори ниёгони мо замин мисли ҳафт қабати осмон ҳафт қисмат буда, ҳар кадом ба як ситораи Ҳафтдодарон мансуб аст. Яъне, ҳафт шохаю ҳафт мева рамзи ҳафт иқлими ҷаҳон аст…
Нигина шарҳи душворнамо, вале осонфаҳмро бо даҳони боз шунида, тамошоро бо шавқи дучанд идома дод. Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» – ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:
– Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.
Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.
– Дуо кунед, Отунбуча!
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.
Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!
Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзгори шаҳду ширин бирасон!
Вақте як баста хӯшаи гандум ниҳоданд, Бибинурӣ дуо кард:
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро фарзандони солиму солеҳ сершумор гардон!
Моҳсимо ойина ба хон гузошту Бибинурӣ ин дуоро хонд:
– Парвардигоро, дили ҷумла бандагонатро софу беғубор гардон!
Дуои тухми мурғ чунин шуд:
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро соҳиби тухми заррин гардон, аз тухми бадӣ эмин дор!
Аз ҳама охир, бо эҳтиёту эҳтироми зиёд, Моҳсимо ба қалби суфраи Наврӯзӣ китоби «Қуръон» ниҳод. Бибинурӣ бо лаҳни форам ва пуртаъсир хитоб кард:
– Парвардигоро, ҷумла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб мӯҳтарам гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданду ҷониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ҷо марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб хӯрда, себу нок, норинҷу туринҷ, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар меваҷоти дар шохаҳо бо ресмон басташударо бо ҳавас нигаристу гулҳои қоғазиро бӯй кашида, яке аз бозичаҳоро канданӣ шуд.
– Вай девоная бинед! – Назорату Нигинаро бо оринҷ нихта кард Назокат. – Болои хар чаппа шиштас!!
– Вай девона не! – дарҳол ҷавоб гардонд Гулсимо. – Вай мири Наврӯз!
– Инаш чӣ гуфтанӣ гап?
– Мир амир аст, яъне ҳоким, подшоҳ. Мири Наврӯз сарвари базми имрӯза аст ва ҳокимияташ як шаборӯзӣ давом мекунад. Ҳар чӣ фармояд, бечунучаро иҷро мешавад.
– «Мур» гӯяд, мемурем?!
– Вай асло гапи дағал намегӯяд. Мири Наврӯз хушсухан аст, мардумро механдонад ва хушҳол мегардонад. Аз ҳамин сабаб вайро Мири ханда ҳам мегӯянд.
– Ана акнун ҳамааш фаҳмо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!
– Бале, ба аспи фарбеҳ нею ба хари лоғар нишастанаш, ба ҷойи бози подшоҳӣ ба даст калзоғ гирифтанаш, ба ҷойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либосҳои гаронбаҳо куртаю шалвори кӯҳна пӯшидани мири Наврӯз масхараю мазаммати шоҳону амирони ҳавобаланд аст. Имрӯз бе иҷозати Наврӯзшоҳ ҳатто ҳокими Хуҷанд луқмае ба даҳон намебарад!
– Наход?
– Гулсимо дуруст мегӯяд. Дар назди Дарахти олам пайдо шудани Мири Наврӯз оғози хушҳолист. Ҳама гӯшҳо интизоранд, ки ӯ чӣ фармон медиҳад…
Мири Наврӯз дасти росташро баланд бардоштан ҳамон садои карнаю сурнай ва дафу доира ба фалак печид. Дарвозаи навсохтаи маҳаллаи Сари баландӣ калон кушода шуду аввал Пири бузургвори Хуҷанд пероҳани сабзрангу ҷомаи сафед дар тан ҳамроҳи ҳокими шаҳр ба идҷо даромаданду аз пайи онҳо меҳмонон аз Хоразму Бухорою Самарқанд, Фарғонаю Хатлону Исфараю Истаравшан дастафшон одоби саломи ом баҷо оварда, ба тахти Наврӯзӣ нишастанд.
Мири Наврӯз дасти чапашро баланд бардошту баробари овози карнай ҳама хомӯш шуданд. Аммо овози Наврӯзшоҳ мутантан ва хеле баланд садо дод:
– Дар ҳама давру замонҳо Наврӯзи бузург бо каломи гуҳарбори шоири бошараф оғоз мешуд. Ҳоло ки мо расму одати дадою бӯвоҳои худро аз нав зинда мекунем, шоири аз ҳама баобрӯи Хуҷандро ба саҳна мехонам. Ҳам шеър ва ҳам иззати нафси ин шоир дар баландӣ бартар аз кӯҳи Рухак асту шеъри равонаш чу оби Сайҳун файзу таровати хоса дорад.
Марҳабо, эй Пири барнодили Хуҷанд.
Айём чу мо бастаи уммеди ту бод,
Иди ҳама кас рӯйи чу хуршеди ту бод!
Азбаски Наврӯзшоҳ номи шоирро мушаххас нагуфт, мардуми иштиёқманд бо шавқу ҳавас ба минбари шафати Дарахти олам дида дӯхтанд, ки аз минбари масҷид паҳнтар ва баландтар буд.
Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин, ки бо тахаллуси «Каломӣ» шеър менавишт, гули сияҳгӯш дар даст солор аз ҷой хест:
Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани барф ҷумла беғам гаштем.
Дидему чашидем басо шодию ғам,
Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.
Айёми Наврӯз ассалом!
Фасли дилафрӯз ассалом!!
Гули баҳман, ки дар даст дорем, рамзи баҳор аст. Имрӯз ҳар як гиёҳ бо як калом аз хок сар мекашад ва гули баҳор ба чашму дилу кошонаҳо зеботарин ва поктарин дуруд меорад:
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!!
Мири ханда шоҳбайти наврӯзиро бо лаҳни мутантан такрор карду пеши меҳмони асосӣ омад:
– Чӣ хуш ки ҳокими ҳумоюнбахт ва карумултахти Хуҷанд Маҳмуд ибни Иброҳими Қарохонӣ бо ҳузури мубораки хеш базми моро шукӯҳу шаҳомати сутург бахшиданд. Ҷаноби волоҳазрат ва азимушшаън ният доранд, бо шеваи хуҷандӣ мову шуморо муборакбод гӯянд. Марҳабо, ҷаноби олиқадр!
Ҳокими пурсалобат аз ҷой нимхез шуда, бо лаҳни шикастаи тоҷикӣ гуфт:
– Имрӯз ман яке аз шумоҳон. Бо деҳқонҳо гирди як хон нишаста, ҳалвои суманак мехӯрам. Чунки деҳқон дӯсти мову шумост. Шодии деҳқон шодии мову шумост. То олам бошад, деҳқон бошад. Ҳар рӯзи мо ҳамин хел Наврӯз бошад! Баҳори нав мӯрак шавад!
Мири наврӯзӣ бо чеҳраи пурханда ҳар ду дасташро аз китф саҳле боло бардошта, мисли бодфиррак давр занонду идгоҳ ба хурӯш омад. Олиҳаи Наврӯз савори аспи сафед ва ороста бо пироҳани сап-сафеди оҳарӣ дар базмгоҳ ба гардиш шурӯъ карду аз нигоҳи сеҳрофаринаш ба чор тараф гул мерехт. Беҳтарин овозхонҳо бо навои синахурӯши мутрибони чирадаст булбулхонӣ мекарданду раққосаҳои товусхиром бо ҷилваи мавзуни қаду қомати расо дилу дидаҳоро мафтун месохтанд. Аз ҷониби Сайҳун боди гуворо вазида, ба варзишгарони вазнбардор ва паҳлавонҳои нерӯманд мадори тоза мебахшиду лаклаки кӯдакони сершавқунро торафт баланд мебардошт. Дорбозон маҳорати олӣ нишон медоданду духтарони ҳинобадаст ва гултоҷ дар сар арғунчак мерафтанд. Ҷавонмардон аз болои оташи баланди гулхани наврӯзӣ чусту чолок парида, гуноҳ месӯзонданду наврасон машғули хурӯсчангу тухмбозӣ буданд. Шоирон дар ҳар кунҷу канор шеър мехонданду Зиёуддини Хуҷандӣ ахтари рахшони муошираи наврӯзӣ буд:
Боғ шуда ҷаннати анбарнасим,
Кӯҳ шуда тахти зумураднигор.
Боди баҳорӣ зи сиришки саҳоб
Шуст зи рухсораи бустон ғубор.
Булбули хушбӯй зи атрофи боғ,
Гуфта басе таҳнияти навбаҳор
Мекунад аз рӯйи ҳаво чашми абр
Дурру гуҳар бар сари олам нисор…
Коргардони асосии маъракаи бузург Наврӯзшоҳ лаҳзае қарору ором надошт. Бо сару рӯйи арақшор аз як раста ба растаи дигар, аз сари хони як маҳалла ба маҳаллаи дигар, аз давраи як мусобиқа ба давраи дигар беист хар медавонду ба ғолибон тӯҳфаи идона месупурд, мағлубҳоро бо сухани ширин дилбардорӣ мекард. Беинтизомҳоро ба тартиб меоварду танбалонро ба ҳаракат меандохт. Бо мардум ҳазлу шӯхӣ меорост, савол медоду ҷавоб мешунид ва агар посух маъқул ояд, аз хӯрҷин ҳадя мебаровард.
Нигинаву амакдухтаронаш низ сабру қарор надоштанд. Бо одати дерина – дастобадаст аз як гӯшаи идгоҳ ба дигараш рафта, ҳама чизро дидан ва ҳар чӣ бештар лаззат бардоштан мехостанд. Дар яке аз гардишҳо Мири Наврӯзӣ онҳоро нигоҳ дошт. Ришу фаши паҳну дароз ва мӯйлаби печонашро силаю ҳамвор карда, аммо ниқоб аз чашм нагирифта, баланд нидо баровард:
– Эй духтарҳои зебо, ба ҳар сеятон як савол дорам. Касе аввалин шуда, дуруст ҷавоб гадонад, мукофот мегирад.
Чанд ҳангоматалаб дарҳол онҳоро гирд гирифта, имкони гурез надоданд.
– Гӯш кунед, духтарако: паррандае, ки ду пой дораду даст надорад, лекин мисли подшоҳ тоҷ дорад, чӣ ном дорад?
Назокату Назорат ҳаросон Нигинаро нигаристанд. Вай заррае худро гум накарда, кӯтоҳу баланд ҷавоб гардонд:
– Хурӯс…
– Офарин, зебояки бобо! – Наврӯзшоҳ зуд аз хӯрҷин се қанди хурӯсак баровард ва ба дасти Нигина дод: – Ин мукофот барои ҳозирҷавобият. Тавонӣ ҳар сеяшро худат хӯр, натавонӣ – ҳар сеятон яктоӣ хӯред ва шодӣ кунед.
Аз Наврӯзшоҳ мукофот гирифтани Нигинаро шунида, Гулсимо мисли дигарон вайро табрик карду оҳиста пурсид:
– Камарбанди гулдӯзии модарат ҳадя фиристода куҷост?
– Дар халтаам. Ана…
– Ба акоям набахшидӣ?
– Пагоҳӣ боз мековам, лекин Мирмаликро намеёбам. Намедонам, дар куҷо бошад…
– Аз дасташ тӯҳфа гирифтию нашинохтӣ?!
– Ту чиҳо мегӯйӣ? Кай тӯҳфа гирифтам??
– Ҳозиракак. Ана, дар дастат…
– Оъ.. ин мукофоти Мири Наврӯз…
Гулсимо базавқ хандид:
– Офарин, духтари ҳозирҷавоб! Наход нашинохта бошӣ, ки акои ман ба ту хурӯсқанд бахшид?!
Гунаи Нигина мисли хурӯсқанд арғувонӣ шуд. Лек худро дарҳол ба даст гирифту тӯҳфаи модар аз халта берун овард ва болу пар бароварда, ба суроғи Мири Наврӯзи бузург – Мирмалики Хуҷандӣ парид…
4
Қуръон, ояи 26, сураи 63
5
кабутари обӣ – моҳихӯрак, ёғу, чайка.