Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 8
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи ҳафтум. Рисолати тозаву тар ва панди покгавҳар бо забони безабонӣ
ОглавлениеДарси якум дар мадрасаи нав бо фотеҳаи Пири муборакнафаси Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ оғоз ёфт. Бисту як нафар духтари тақрибан ҳамсол, ки аз Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он ба умеди донишандӯзӣ ҷамъ омада буданд, чашмони пурмеҳр аз чеҳраи нуронӣ наканда, саропо гӯш шуданд.
– Аввалин мадраса дар шаҳри мо панҷсад сол муқаддам бунёд шуда буд, – гуфт Пири донои Хуҷанд пас аз салому паёми табрикӣ. –Навмусулмонҳо аз аввал бо дилгармию шавқу ғайрати хоси хуҷандӣ ба омӯзиши аҳкоми дини мубини ислом пардохтанд ва шукри Худо, ки ҳолиё пешсафу раҳнамоянд. Хуҷанди бостонӣ баъди Бухорои шариф дуввумин маркази ирфону дин асту баъди Самарқанд дуюмин сайқалгоҳи адабу маърифат! Маслиҳат медиҳам, ки шумо бо иродатмандӣ ба анъанаи мутақадамон идома бахшед, то пешоҳанги муслимаҳои Мовароуннаҳр шавед.
Эй покдухтарони бобо! Ба ман гуфтанд, ки ҳар кадоматон дар зодбуми хеш дарси савод омӯхта, дониши кофӣ андӯхтаед. Акнун вақти он фаро расида, ки илми илоҳиро муфассал ва мукаммал омӯзеду ҳамзамон аз риёзиёту нуҷуму тиб ба қадри кофӣ баҳраманд шавед.
Дар хабар аст аз Хоҷаи олам (салиаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки фармуда: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!» Яъне, аз ибтидои офариниш мардуми ҳушманд гирди дониш гаштаанд ва каломи Аллоҳро гиромӣ доштаанд. Ҳама донишномаҳо хазинаи пур аз лаълу гавҳаранд ва то қадри имкон бикӯшед, дурдонаи бештар ба каф оваред.
Пас аз хатми илму каломи Аллоҳ шогирдони мадраса, тибқи тартибот, ба ду гурӯҳ «Мушкилот» ва «Масъала» ҷудо шуда, фиқҳу усулро дар амал азбар мекунанд. Вале мо чунин маслиҳат кардем, ки шумо ба он гурӯҳҳо шомил нашуда, дар алоҳидагӣ илми адаб биёмӯзед. Азбаски он аз дувоздаҳ қисмат иборат асту пурра омӯхтанаш басо душвор, салоҳ медонем, фақат илми луғату баён, арӯз ва қофияро биёмӯзед.
Машғулиятҳои гурӯҳи адабӣ на дар мадраса, балки дар кошонаи Бибӣ Маҳастӣ баргузор мешаванд, ки ҳолиё Байтулхуҷанда ном дорад. Агар надонед, пас бидонед, ки «байт» калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ ду маъно дорад – хона ва ду мисраи ба ҳам алоқаманди шеър. Яъне, Байтулхуҷанда хонаи шеър, кошонаи эҷод асту имрӯз дар ин байтушшариф олимону орифону шоирони замон Бобо Камолу Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Махдуми Булбулу Фаридаддин Масъуди Ганҷшакар, Абӯбакри Суғдию Аҷабии Хуҷандӣ, Абумуслими Рубобию Абдуҷаббори Хуҷандӣ бо сарпарастии Зиёуддини Хуҷандӣ маҳфил меангезанду маҷлиси базм ташкил мекунанд ва маро низ ба меҳмонӣ мехонанд. Акнун ман шуморо ба ин боргоҳи маърифат роҳандозӣ мекунам. Ба ҳафт гурӯҳи сенафарӣ тақсим шаведу ҳафтае як рӯз ба кошонаи Маҳастӣ марҳамат намоед. Яъне тозаву озода нигоҳ доштани ин манзили қудсӣ вазифаи ифтихории шумост, эй покдухтарони бобо!
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касе ба осиёб дарояд, хоҳад-нахоҳад, гардолуд мешавад. Шумо, ки минбаъд муназзам ва мунтазам ба осиёби гардони эҷод ва ҳунар ворид гардида, аз боду ҳавои илҳомбахш нафас мекашед, хоҳ-нохоҳ дар баҳри шеъру сухани ноб ба шино медароед. Мо дуо мекунем, ки Парвардигор шуморо мададгор бошад, ба ҳар кадоматон табъи зариф, завқи латиф ва илҳоми шариф ато намояд, то номбардори арзандаи Маҳастии Хуҷандӣ шавед!
Адаб омӯзу илм ҳосил кун,
То шавӣ дар ҷаҳон писандида.
Чун туро ҳеҷ манфиат надиҳад,
Насаби устухони пӯсида…
* * *
Рӯзи ҷумъа, ки ҳама аз кору таҳсил фориғ буданд, Нигинаю ду ҳамсабақаш сӯйи кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифтанд. Духтараки андак сиёҳҷурдаи пешонафарох ва дарозбинӣ, ки тарзи либоспӯшиаш ба хуҷандиёни ширрухсор монанд набуд, пешопеш қадам зада, вазифаи роҳбаладиро иҷро мекард. Вай худро Фотима бинти Абдураззоқи Араб муаррифӣ карда, аз маҳаллаи Арабон буданашро бо ифтихор таъкид намуд ва гуфт, ки волидонаш аз қабилаи машҳури Қурайш баромадаанд.
– Ҳамаи сокинони маҳаллаи мо арабҳои олитаборанд ва бо дигар хуҷандиён алоқаи хешу таборӣ ё рафтуомад надоранд. Масҷид ва қабристонамон ҳам алоҳида. Вале мадраса надорем. Аз ҳамин сабаб чанд муддат аз Бибиотуни маҳаллаи Испаракон, ки ҳамсояи мост, сабақ гирифтаю забони тоҷикӣ омӯхта, барои такмили дониш ба мадраса омадам.
Дар Хуҷанд вуҷуд доштани маҳаллаи алоҳидаи исфарагиҳо барои Нигина гапи нав буд ва дарҳол пурсид, ки он дар куҷост ва чӣ хел пайдо шудааст?
– Аз нақли падар ҳамин қадар медонам, ки панҷ аср муқаддам сипаҳсолори араб Мухаллаб Хуҷандро фатҳ карда, ҷониби офтоббарои бозори Панҷшанбе, дар паҳлӯи маҳаллаи Испаракон қалъаи нав ва хонаҳои арабӣ сохтааст. Аммо дар бораи кай омадани ҳамшаҳриёни ту тасаввуроте надорам. Ягон рӯз пеши бибиотуни ман рафта, ҳамаашро таҳпурсӣ мекунем…
Дугонаҳо муддате хомӯш қадам заданду духтараки сеюм, ки нисбатан қадпаст, аммо дарозкокул буд, худро ба Нигина ҷафс гирифта, оҳиста садо баровард:
– Эй Нигина, маро шинохтӣ?
Аз саволи ногаҳонӣ Нигина як қад парида, бо тааҷҷуби ошкоро ӯро нигарист ва бо аломати инкор сар ҷунбонд.
– Наврӯзи Унҷӣ дар ёдат ҳаст? Пеш аз рақсу суруд ҳамроҳ момакбозӣ карда будем…
Нигина аз роҳгардӣ истода, сар то пойи духтаракро бодиққат синча карду узромез гуфт:
– Мебахшӣ, ки нашинохтамат…
– Он рӯз секаса рақсидед… Мукофот гирифтед.
Нигина дарҳол гапро ба шӯхӣ кашид:
– Агар ту ҳам рақс мекардӣ, асло фаромӯш намекардам!
– Дуруст мегӯӣ, дугона. Ман ҳам рақсидан мехостам. Лекин… акоям иҷозат надод.
– Яъне ки ту аз Унҷӣ?
– Не. Хонаамон дар Кулангир… Лекин ватанамон дар кӯҳистонай.
– Яъне ту ҳам мисли ман муҳоҷирӣ, эй духтар?! – бетакаллуф ба сӯҳбат пайваст Фотима. – Хонаи ман дар маҳаллаи Арабон, лекин ватанам дар Арабистон. Оё номи ту ҳам Фотима нест?
– Номи ман Гулноз. Ватанам Масчоҳ…
– Чӣ хел ба Кулангир омадӣ?
– Падарам чӯпони Бобои Мирраҳмат. Акоям нигаҳбони аспҳо…
– Ана акнун фаҳмидам, ки чаро акоят туро рақсидан намондааст! – гапро боз ба шӯхӣ кашид Нигина. – Вайро танбеҳ мебояд дод. Пагоҳ ба хонаатон рафта…
– Акоям дар Кулангир нестай…
– Ба кӯҳистон рафтаст?
– Не, ҳамроҳи ошнояш Сабзалӣ ба сарбозӣ рафтай. Мегӯянд, ки акоям Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ дасти чапи Мирмаликай…
Номи азизро шунидан ҳамон вуҷуди Нигина ларзид. Вале чун ҳамеша худро зуд ба даст гирифта, шӯхиро бо оҳанги аввала идома бахшид:
– Ҳоло, ки акоят нест, акнун мерақсӣ?
– Албатта! Кӯҳистони мо кони рақсай. Агар хоҳӣ, ба ту рақси остин ёд медиҳам.
– Ман рақси арабӣ ёд медиҳам! – зуд қофия баст Фотима ва духтарҳо баробар хандида, бо чеҳраи шукуфон ба манзили Бибӣ Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ даромаданд…
Сохти ҳавлӣ ҳамон гуна буд, ки Нигина қаблан дида буд. Аммо намудаш тамоман дигар гаштаву гулу дарахтон сабзу мунаввар шуда, аз сукути ҳавлангез нишоне ба назар нарасид. Дар суфакати нави мобайни гулбоғ ҷавонмарди хушлибосе машғули китобат менишаст ва баробари аз остона даромадани духтарон лаб ба гуфтор кушод:
– Марҳабо, эй тозагулҳои чамантироз! Лаҳзае қабл аз ташрифи шумо Пирам Подшоҳмарди Валӣ бо ҳузури хеш ин кошона муаттар гардонданду омадани шуморо таъкид карданд. Хайра мақдам, пештар биёед ва дар болои кат паҳлӯям шинед.
Зиёуддини Порсӣ аввал худро ба духтарон шиносонда, сипас ному насаб, зодгоҳи ҳар кадомро алоҳида-алоҳида пурсида, дар варақи тозаи дафтари калоне сабт карду сӯҳбати нотамомро идома бахшид:
– Имрӯз, ки дар доруламора шуғле нест, ба байтуладаб барвақттар омадам, то барои машғулияти нахустин фурсат бештар бошад.
Барои таҳлил ду байт пешниҳод мекунам, ки ҳозиракак иншо гардид ва аввалин шунаванда шумоед:
Эй маснади шаръро зи ту фарру бақо,
В-эй маҳфили илмро зи ту иззу лиқо.
Гар чарх наӣ ба мансабу қадр, чаро
Додаст ҳама кас ба қазои ту ризо?!
Шоир бо нигоҳи озмоиш духтаронро нигаристу ду суолро дар як ҷумла ғунҷонид:
– Эй тозагулҳои чаманпардоз, лутфан бигӯед, ки ин байтҳо кадом навъи шеър аст ва мамдӯҳ кист?
Нигина дид, ки дугонаҳояш карахт нишастаанд, оҳиста лаби посух во кард:
– Ин рубоӣ ба Пири Бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин бахшида шудааст.
– Офарин туро, эй Нигина бинти Абдулсайид, ки тавсифи ҳозирҷавобии туро қаблан шунида будам. Акнун навбати Гулноз. Бигӯ, ки дар бораи Пирам Подшоҳмарди Валӣ чӣ медонӣ?
– Ҳамсоязамини мо мулки аҷдодии Пирам Подшоҳмарди Валӣ, – оҳиста ба гап даромад Гулноз. – Дар мазори шафати Боғи калони Унҷӣ мақбараи Бобохоҷаи Авлиё ҳастай, ки тағои Ҳазрати Бузургворанд. Падарам аз он кас шунидаанд, ки мақбараи бародарашон дар Яғнобдараи Масчоҳ. Ҳар ду тағо дар тарбияи ҷияни худ бисёр кӯшиш кардаанд, чунки Ҳазрати Бузургвор аз меҳру навозиши падар бармаҳал маҳрум шудаанд…
– Он чӣ дар бораи Яғнобдара гуфтӣ, барои мо нав аст. Аз Пирам пурсида, саҳеҳ мекунем. Эй Фотима, ягон илова дорӣ?
– Дар маҳаллаи мо як шайхи садубистсолаи қурайшӣ зиндагӣ мекунад, ки донишманд асту соҳиби бисёр китобҳои таърихӣ. Вай мегӯяд, ки шаҷараи Шайх Маслиҳатдин то ҳазрати Бибӣ Фотимаи Заҳро – нури чашми пайғамбари гиромӣ саллалоҳу ъалайҳи олиҳи вас-салам мераду писархонди он Ҷаноб эътироф шудаанд. Аз ин хотир мӯйсафедҳои баруманди мо ба Пири бузурги Хуҷанд арҷ мегузоранд ва талқин мекунанд, ки эшон ситораи тобони қутби ислом ва солики сулуки авлиёуллоҳ мебошанд!
– Аз тарзи гуфторат арабдухт буданат баръало аён аст, эй Фотимаи Хуҷандӣ, -гуфт бо оҳанги таҳсин Зиёуддини Порсӣ. – Оре, Пири равшанзамири мо қутб-ул-ақтоб, яъне суфии ба ҳақрасида, олими илми раббонӣ ва шиновари баҳри маонӣ, шоири фасеҳбаён ва орифи аз вилоят бохабаранд. Шайхи бузургвори мо шукӯҳу шаҳомати шаҳри бостонии мо, қуввати дил ва раҳнамои ҳама пиру ҷавонанд, бо тахаллусҳои «Нурӣ» ва «Каломӣ» шеъру ғазал менависанду дар маҳфилҳои минбаъда беҳтару хубтар шинос мешавед.
Акнун мегузарем ба мавзӯи дигар, ки муқаддимаи машғулиятҳои амалии мост. Аз он нуқтаи назар, ки ҳар сеятон мисли се кабутар аз се ҷониб ба шаҳри мо боли парвоз кушодаед, лутфан бигӯед, ки дар бораи Хуҷанд чӣ медонед?
Ин карат аввалин шуда, Гулноз ҷавоб гуфт:
– Хуҷанд шаҳри хеле қадимай, Каюмарс пойдевор гузоштагӣ. Шаҳри хеле ободу озода ва офтобӣ, анору ангуру меваҳои аз асал ширин дорад, лекин ғалла аз Сурӯшану Фарғона мебиёранд…
Нигина нисфи суханҳои Гулнозро айнан такрор карда, ҳамагӣ се ҷумла афзуд:
– Хуҷанд шаҳри зебо, аз Канду Исфара калон ва беҳтар асту Тирози ҷаҳон мегӯянд. Одамонаш меҳмоннавоз, доно, тавоно. Хуҷанд зодгоҳи Маҳастӣ…
– Ман мисли ин духтарҳо гапи кӯчагӣ нею сухани китобӣ мегӯям. Зеро дар бораи Хуҷанд аз ду рисолаи сайёҳони араб чанд ишора хондаам, – гуфт бо виқор Фотима. – Ибни Фақиҳ дар «Ахбор-ул-булдон» менависад, ки «…ман надидаам шаҳреро дар байни шаҳрҳои шарқу ғарб тоза ва мунаҳҳазтар аз Хуҷанд. Шаҳри бой ва хеле зебост, ба тааҷҷуб ва таҳайюр меорад бинандаро. Онро ба форсӣ дилбаранда гӯянд…»
Ибни Ҳавкал дар «Китоб-ул-масолик ва мамолик» менависад, ки «Хуҷанд дар тарафи чапи дарёи Чоч воқеъ асту дарозоӣ аз паҳноияш бештар мебошад… Шаҳр ба ҳайати Фарғона дохил мешавад, аммо вилояти мустақил буда, ҳар сол сад ҳазор дирами мусайябӣ хироҷ мегузорад»
Зиёуддини Порсӣ посухи китобиро бо таҳсин пазируфт:
– Ҷавоби Фотима маро мустаҳсан афтод ва агар шумо низ ба некӣ қабул кунед, ҳар кадоматонро суд дорад. Эй тозагулҳои чамантироз, дониста бошед, ки нодонӣ нанг асту агар хоҳед, ки аз нанг раста бошед, аз омӯхтану шунидану пурсидан нанг надоред!
Ягона эроди мо ба посухи китобӣ ин аст, ки «дарёи Чоч» гуфтан хатост, зеро «оби Чоч» мисли «оби Хуҷанд» номи рудест, ки аз байни шаҳр гузашта, ба дарёи бузург мерезад. Ин рудро арабҳо Сайҳун мегӯянду муаррихони юнонӣ «Яхарте», румиҳо «Силис» мегуфтанд, аммо дар «Авасто»-и қадим «Яксарт», дар «Шоҳнома» бошад «Гулзориён» омадааст.
Умуман, оид ба шаҳри бузурги соҳили Сайҳун дар сарчашмаҳои зиёд сухан бисёр аст. Аз ин хирвор як иқтибос меорам. Сайёҳ ва ҷуғрофидони машҳури араб Муқаддасӣ китобе навиштааст бо номи «Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим».
Эй Фотима, унвони китобро ба тоҷикӣ гардонда метавонӣ?
– Агар хато накунам, «Тақсимоти беҳтарин барои фаҳмиши иқлим» мешавад.
– Ин китобро хондаӣ?
– Не.
– Дар китобхонаи Байтулхуҷанда ду нусха ҳаст. Якеро бигиру бихон ва ба дугонаҳоят фаҳмон. Махсусан ҷумлаи зеринро бодиққат мутолиа намо: «…агар кас хоҳад, ки хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, серию пурӣ ва арзониро бинад, бояд аз ин панҷ шаҳр якеро интихоб кунад: Қайсария, Баинаҳ, Хуҷанд, Динавар, Нукон…»
Маънии ҷумларо саҳеҳ фаҳмидед, эй тозагулҳои чамантироз?
Духтарон бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хестанӣ шуданд, то аз пайи рӯбучин шаванд. Вале каломи хотимавии муаддиб онҳоро нигоҳ дошт:
– Одоби таҳсил тақозо мекунад, ки агар суоле дошта бошед, беистихора бипурсед.
Фотима филҳол риштаи савол ба даст гирифт:
–Падарам мегӯянд, ки Зиёуддини Форсӣ аз ҳайси насаб ба Салмони Форсӣ – саҳобаи ҷалил-ул-қадри Пайғамбари гиромӣ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи вассалам мепайванданд. Оё ин сухан дуруст аст?
– Қабл аз ту даҳҳо нафар ин суолро матраҳ кардаанд ва ҳама як ҷавоб шунидаанд:
Ҷаҳонам Форсӣ хондасту ҳаргиз
Бад-он ҷониб маро кас менахонад.
Саҳеҳ медонам, ки ману падараму падари падарам ва падари падари ӯ дар ҳамин маҳалла чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Вале агар падари ту ҳуҷҷати дигаре дошта бошад, манзур намояд, то сӯҳбатро идома бахшем. Маъқул?
– Оре, устод. Боз як саволи дигар – ба Байтулхуҷанда агар шоирони арабзабон омадан хоҳанд, оё иҷозат ҳаст?
– Дари ин кошона ба рӯйи ҳама тоҷику турку араб кушода!
– Оё аз дигар шаҳру вилоятҳо низ шоирон меоянд?
– Албатта. Моҳе қабл ду шоири исфарангӣ меҳмони мо буданд, ҳамшаҳриёни Нигина.
– Шаҳобуддину Аҳмад?
– Бале. Ин бародаронро мешиносӣ?
– Шаҳобуддинро шунидагӣ, Аҳмадро дидагӣ…
– Кай?
– Он вақт сесола будам. Вай дар як маъракаи мо иштирок карда, ба ман чор хат шеър бахшидагӣ. Лекин қаду басту чашму рӯяш дар лавҳи хотирам боқӣ намондаст.