Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 7
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи шашум. Нӯшханде ба печутоби ду гули бӯстон дар суроғи андалеби достон
ОглавлениеАҷаб дилномаи дилафгоре оғоз ниҳод даму нафаси маликаи Моҳпарӣ!
Мирмалики пурдил, ки бо нияти пирӯзӣ ба сабқати дилхурӯшон омада буд, пас аз ғолибият дар даври аввал бо тири ахтардӯз чашми хурӯс шикофта, диловари дилписанд шуд, дили ахтардухтари кӯҳистонро волаву шефта гардонд ва бо дилхушию дилафрӯзӣ «Дилбараки мухлис беҳ аз ганҷи Лаккону зари холис!» гуфта, дилшоду дилошӯб ба асп нишаст, аммо дилкашол ба Хуҷанд баргашт. Зеро бо мадади шамолаки Моҳпарӣ, ки парда аз сари Нигина боло бардошт, ҳамагӣ як назар ба дилороми дуогӯ нигаристу дил бохт ва фаҳмид, ки аз ин кафтараки дилкаш дигар ҳаргиз дил канда наметавонад…
Дил ба ишқ зинда аст дар тани мард,
Мурда бошад диле, ки ошиқ нест!
Нигинаи покдил, ки бо нияти мухлисӣ ба аспрези Исфара омада буд, довталаби дилнигаронро дилгармтарин ҳаводори дилсӯз ва дилдӯз шуд, бо дилёбиву дилнавозӣ дасту остин барфишонда, барои дастёб шудани ҷавони пирӯзбахт ҷон коҳонд ва фирӯзрӯзро фоли нек, оғози бахту иқболи дилафрӯз пиндошта, дилбаставу дилхеста ба ароба савор шуд, аммо дилхаста сӯйи Ворух роҳ пеш гирифт. Зеро аз теғи нигоҳи падар хиҷолат мекашиду аз теғи забони Назокат метарсид. Хавфу раҷо аз он дошт, ки дар пушти кӯҳи баланд якумр дилбанд мемонад. Яъне банди дили бедори кабутари навболро касе кушода наметавонад.
Хушбахтона, мушкилкушо баробари ба Ворух расидан аз худ дарак дод. Бибинурӣ суханҳои дилошӯб ва дилҳароси Нигинаро дар бораи диловари аспрези Исфара бо дили соф шунида, мағзи гапро аз пӯстпора дарҳол ҷудо кард ва табъи дили духтар лаб ба насиҳат кушод:
– Хоҳӣ, ки ба муроди дил расӣ ва хушбахт шавӣ, дил қавӣ дор ва асло сустӣ накун, эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!
Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:
– Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест… Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад…
– Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст…
– Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!
– Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад…
Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?
Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:
– Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!
Очанурӣ мулойим хандид:
– Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад…
– Агар ҳамроҳ равем, намешавад?
– Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист…
Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад…
Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад…
Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо, вале ширинтаъм чашми ҳайрат кушодаю ангушти ҳайрат газида, муддате дар лаби ҷӯйи равон нишасту тарҳи сӯҳбатро ба риштаи хаёл кашид ва дудила сӯйи устохона равона шуд.
Усто Абдулсайид, ки бо ҳавсалаи том васса метарошид, аз ташрифи ногаҳонии духтар безобита шуда, хотирпарешон аз ҷой хест.
– Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?
– Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.
– Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!
– Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту… шумоя хабаргирӣ омадам.
– Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.
– Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад…
– Наход?
– Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд, – овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид. – Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!
Абдулсайид, ки чунин оғоз ёфтани сӯҳбатро интизор набуду аз ташрифи ногаҳонии духтар маънии дигар бардошта буд, гунаҳкорона табассум намуда, пеши Нигина омад ва сари ӯро бо меҳр ба сандуқи сина часпонда, тахтапушташро бо кафи дасти обиланок навозиш карду лаб ба тасалло кушод:
– Гилаат нури дида, духтарҷон. Дуруст мегӯйӣ, додаракатро беҳад дӯст медорам. Лекин… ҷойи ту дар мағз-мағзи ҷонам! Аз тамоми мавҷудоти олам ту барои ман беҳтарини беҳтаринӣ, духтарҷон, ки маро ба хушрӯзӣ расондӣ.
– Меҳри гарми шумоя бисёри бисёр ҳис мекунам, додоҷун, лекин сухани нарми шумоя вақтҳои охир кам мешунавам… Ҳатто… як шабу як рӯз дар як ароба ҳамроҳ аз Исфара умадему шумо лоақал бо ман чор калима гап назадед…
– Тамоми роҳ бо Назокат баҳсу талошу гапгузаронӣ кардед. Баҳси шуморо шикастан нахостам…
Нигина чашмонашро аз нигоҳи мӯшикофи падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:
– Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ – Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!
– Оҳистатар! – аз остини хоҳар кашид Назорат. – Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда…
– Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз… аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!
Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»
– Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад? – дарҳол оташ гирифт Назокат. – Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай…
– Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?
– Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ… ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку…
– Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.
– Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам… Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.
– Чӣ хел?
– Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон…
– Хаёли хуш, вале амри муҳол аст! – хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд…
– Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?
– Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад…
– Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол… Намедунад, ки сараша ба куҷо занад…
– Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!
– Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!
– Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду…
–Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ… Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад… Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».
– Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!
– Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!
– Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин… ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!
– Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар забона мезанад.
– Сайру тамошо рафтан мехоҳад?
– Не, додоҷун. Яковоза мегӯяд, ки «Сангу хоку гову хари Ворух ба дилам зад, Хуҷанд мераваму халос!» Боз мегӯяд, ки «аз деҳ шаҳр беҳ…»
– Ҳамааш фаҳмо, духтарҷон! Гапи носазои носипосро дигар давом надиҳӣ, хубтар… Вай ҳанӯз кӯдак аст, аз нодонӣ девонатарошӣ ва дилхарошӣ мекунад.
– Девонаи ба кори худаш ҳушёр амакдухтари ман! Ин пагоҳӣ савганд ёд кардааст, ки ба Хуҷандравӣ иҷозат надиҳанд, ҳеҷ таом намехӯрад.
– Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сарӣ нест. Ҳамааш айби ман… Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро баҳси шуморо нашикастам!? Акнун акоям чӣ мегӯянд??
– Ба фикри шумо чӣ мегӯянд?
Абдулсайид аз саволи печида печ хӯрда, бо заҳрханд ба теғи ранда нигаристу муддате хомӯш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:
– Ба фикри ту чӣ мегӯянд?
– Мегӯянд, ки баҳор шавад, боз ба тамошои Наврӯз меравем, – дарҳол ҷавоб гардонд Нигина ва афзуд. – Акнун навбати посух аз шумо, додоҷун: амакам чӣ мегӯянду амакаш чӣ андеша доранд?
–Амакаш ба ҳама гапу кори амакат розӣ, ки инро ту хуб медонӣ, духтарҷон! – аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. –Ҷавоб ба саволи асосӣ ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дарҳол вайро ба Хуҷанд бурда, ҷо ба ҷо мекарданд, то дилшикаста нашавад.
– Назокат чӣ хел пойбаста?!
– Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои деҳа номзад шудагӣ, соли оянда тӯю тамошо мешавад. Аз ҳамин сабаб Назокат сад зӯр занад ҳам, ба ҷойе ҷунбида наметавонад.
– Савгандаш чӣ мешавад?
– Амакат барои харидани куртаю ҷома ва зару зевари арӯсӣ Назокатро дертар нею барвақттар ба Хуҷанд мебаранду гап тамом – қасам шикаста мешавад!
Ба чунин осонӣ ҳал гардидани муаммо ва хориҷ шудани як муддаӣ дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтугӯйи асосӣ – сӯҳбати рӯёрӯ ва ҳалкунанда бо падар акнун шурӯъ мешаваду барои дилрас гардидани ҳусни оғоз ва сарҷамъ намудани фикрҳои парешон андаке таваққуф мебояд. Аммо падар хомӯширо хотимаи сӯҳбат ҳисобид ва хурсанд шуд, ки ба ҳама пурсишҳо ҷавоби қаноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ҷой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:
– Ҳамин қадар сӯҳбат кардему ғайр аз байту ғазали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додоҷун. Лоақал напурсидед, ки «эй духтари ҷон, чӣ ҳол дорӣ?»
– Ҳоҷати пурсидан не, духтари ҷон! Мебинам, ки сиҳату саломат, мисли гул шукуфон ҳастӣ!
– Шумо ҳам дигар додоҳо барин: фақат рӯйи духтара мебинеду ба дилаш нигоҳ намекунед…
– Дили духтар назаргоҳи модар асту вай ҳар он чӣ бинад, дарҳол ба падар хабар медиҳад. Осуда бош, эй духтарҷон, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дорӣ. Имрӯз сабабашро фаҳмидам, ки қалби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст…
– Боз гапи Назокат… Дарвоқеъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Хуҷанд мерафт. Поям, ки баста нест, додоҷун, оё ман ба ҷойи дилхоста сафар карда метавонам?
– Ба куҷо?
– Фарз кардем, ба Хуҷанд…
– Аз кӯҳу санги Ворух ту ҳам дилхунук шудаӣ?
– Не, додоҷун, кӯҳи Ворух боиси сарбаландии ман, санги Ворух беҳтарин нозболини ман асту чангу хокаша ба чашмам тӯтиё мекунам! Лекин… баъзан ба назарам чунин менамояд, ки дар Ворух намеғунҷам…
– Исто, духтарҷон, гапатро гум накарда, маро гӯш дор. Ту кӯдаки ширхора будию баҳрамони гулдӯзӣ дар бар доштӣ, шӯху беқарор будию лаҳзае дар бағал ором намеистодӣ ва боре аз бетоқатӣ баланд гиристӣ. Саросема ба лаганди мис ангушт задам, то аз садояш ором гирӣ. Вале баръакс, беист дасту по ҷунбонда, мисли одами калонсол ба рақс даромадӣ. Арғушти тифлонаи туро дида, беихтиёр ба модарат гуфтам, ки «бо ин дасти чусту пойи чолок духтарамон калон шавад, дар Ворух намеғунҷад».Маълум мешавад, ки он лаҳза фариштаҳои даргузар омин кардаанду он суханро имрӯз ту гуфтӣ!
Аз ёддошти бамаврид Нигина ба ваҷд омада, худро беибо ба оғӯши падар андохт:
– Мана бисёри бисёр хурсанд кардед, додоҷун! Бори дигар бовар кардам, ки муҳаббати падар аҷаб ҳаловате дораду сӯҳбаташ аҷаб таровате!
Ман ҳамеша мефахраму меболам, ки аз чиллаи чормоҳагӣ то имрӯз чароғи меҳру муҳаббати шумо дар тори сарам офтоби тобон аст. Бароям дафча сохтану чангу рубоб овардан ғояти дӯсткорию дӯстдориҳои шумост, эй падари меҳрубон! То ҷаҳон бошад, офтоби болои сарам бошед, додоҷун!
– Саломат бош, духтарҷон! Акнун равшантар бигӯ, чаро дар Ворух намеғунҷӣ?
– Ҳама сабақҳои мактабхоная пурраю барзиёд азхуд кардам. Ҳама дониши Очанурӣ дар мағзи сарам ҷо гирифтагӣ. Акнун барои давом додани таҳсил ба Хуҷанд рафтанӣ. Дар ин шаҳри бузург бар ҳар қадаме як бибиотун сабақ меомӯзаду китобхонаи калон ҳаст…
– Дуруст мегӯӣ, духтари ҷон, Хуҷанд макони илму маърифат аст. Лекин дилам гувоҳӣ медиҳад, ки сабаби аслии ба Хуҷанд рафтани ту дигар аст…
– Ҳазор сухан дар таҳи дилам пинҳон аст, додоҷун. Бовар кунед, баъди ёддошти шумо дигар мӯҳр бар лаб нишаста наметавонам. Лекин… намедонам, гапа аз чӣ сар кунам?
– Аввал ба ман фаҳмон, ки чаро дар Ворух намеғунҷӣ?
– Аз бозе, ки ба лавҳу хат пардохта, сиёҳ аз сафед фарқ кардиям, худама тани танҳо ҳис мекунам, додоҷун. Ҳамсабақҳо, ҳамсоядухтарҳо ҳастанд, лекин дилхоҳу дилқарин нестанд. Ҳатто амакдухтарҳоям дар кошонаи қалбам маъво надоранд. Яъне, дугона надорам, додоҷун, яккаву танҳоям… Лекин ду ҳафта дар Хуҷанд будам ё не, ду хоҳархонди меҳрубон ёфтам.
– Ту чӣ гуфтанӣ? Наход духтарҳои Ворух ҳама бад бошанд?!
Дар ҷавоби саволи соядори падар Нигина як лаҳза сукут лозим шумурду бо овози ҳазин гуфт:
– Не, додоҷун, ман ҳаргиз чунин нагуфтаам ва намегӯям. Ҳама духтарҳои хубанд, айб дар ман аст. Шаб то рӯз парӣ дар хоб мебинаму фақат бо моҳу ситора сухан мегӯям. Агар ин ҳол бардавом мунад, бовар кунед, додоҷун, аз зиқӣ дилкаф мешавам.
– Худо нигаҳ дорад, духтарҷон! Чаро ин гапҳоятро барвақттар ба модар нагуфтӣ?
– Гуфтам, додо! Вале дуруст эътибор надод. «Зиқ нашав, – гуфт. –Ту, ки духтари яккаву ягона ҳастӣ, ба танҳоӣ одат кардаӣ, бо дигарон унс гирифтанат душвор. Лекин ин ҳолат дер давом намекунад, калонтар шавӣ, ҳамааш нағз мешавад».
– Гапи ман мегуфтагиро пештар гуфтааст модарат. Дил фарох дору бо ҳамсолонат бо хубию хушӣ бештар нишин, духтарҷон! Панди Шайхурраис Бӯалиро ҳеҷ фаромӯш накун, ки муоширати бадро тангтарин зиндон барои инсон меҳисобад.
Аз таъкиди падар Нигинаи дилозурдаро гули рӯяш пажмурда гашту ларзон аз ҷой хест:
– Дар орзуи он ки бо ман дугонаи қарин шаванд, ҳатто бо духтаракҳои даҳсола омехтам, додоҷун! Дар ҳар маҳфилу маърака фақат барои хушҳолию хурсандӣ ҷон мекоҳонам. Табъи дили духтарҳо суруд мехунаму мерақсам ва ҳама бо шодмонӣ каф мекӯбанд. Вале вақти зиёфат манзара тамоман дигар мешаваду хурду калон бо ман намешинанду намегуянду намеханданд… Дар Хуҷанд бошад, ҳини зиёфат болонишин будаму барои рақсу бозӣ мукофот ҳам гирифтам.
Дар Хуҷанд амакдухтарам Назокат аз барам ҷудо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегонаҳо худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «ҳама дар ғайбат туя бо кароҳат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мегӯянду якҷоя таом хӯрдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додоҷун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!
–Аз он каҷназар хафа нашав, ки каҷбаҳсу каҷандеш аст! Умуман, аксар духтарҳо бахилу нотавонбин мешаванд – аз худашон хушрӯю парирӯю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтарҷон, боз андак таҳаммул намо…
– Не, додо, дигар таҳаммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар якҷо буда наметунам. Ва намехоҳам!
– Духтарҷон…
– Маро сарзаниш накунед, додоҷун! Азобу кулфати кашидаам бас… Дар ҳар маҳфиле хоре ба дили ман мехалад… Ранҷу азоб то кай? Дигар тоқат надорам, додоҷун! – Нигина худро дошта натавониста, аз мағзи ҷигар навҳа кашид. Абдулсайид сарҳисоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасаллӣ калимаю ибораи таъсирбахш меҷуст.
– Гиря накун, духтарҷон. Бас! Худатро ба даст гир. Илоҷи корро меёбем… Андаруни дилат ин қадар дарду доғ будаасту ман бехабар…
– Аз ин зиёдтар тоқати дарду доғ надорам, додоҷун! Ягона пушту паноҳу чорасозам шумо… Сӯзи дил дигар ба кӣ мегӯям? Дар авлодамон ғайри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додоҷун!
– Гуфтам-ку, гиря накун, илоҷашро меёбем.
– Ман ба шумо бовар дорам, додоҷун! – Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора меҳраш ба падари меҳрҷӯ ҷӯшид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо оҳанги савганд гуфт: – Шумо ҳам ба ман бовар кунед – ваъда медиҳам, ки ҳеҷ вақт аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фақат илтиҷо дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ҳаргиз рӯйи худро бо оби дида нашӯям…
– Дилпур бош, духтарҷон! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ҳасад дар паноҳаш нигаҳ дорад, духтарҷон! Ҳар ҷое, ки бошӣ, умрат бекарону судат безиён бод! – чароғи меҳрубониро баландтар фурӯзон кард Абдулсайид. – Ба устои гулдаст фурсат деҳ, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. Қасам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба мақсаду таманнои дилат бегазанд расӣ ва ҳар куҷое қадам ниҳӣ, гул шукуфад…
Нигина бар қавлу қасами падар мутмайин гардиду бо хотири ҷамъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанурӣ баргашт. Вай акнун аз шодӣ дар Ворух намеғунҷид…
* * *
Рӯзи сеюми сафар, вақте ки аз нури офтоб олам мунаввар гашт, аробаи мӯҳташам ва муҷаҳҳази Аҳмадсайид ба дарвозаи Хуҷанд расид. Дарзамон чеҳраи Нигина кушода гашту нафаси гарм аз дили пуроташ берун оварда, Назокатро нихта намуд, то аз хоби ғафлат бедор шавад: «Хез, амакдухтар, ба Хуҷандшаҳр расидем!» Ин бигуфту саволомез ба Бибинурӣ нигарист, ки дона-дона тасбеҳ гардонда, ҳар замон ба атроф назар меафканд. Вай хитоби духтари беқароргаштаро шунидан ҳамон «Алҳамдулиллоҳ, ки сиҳату саломат ба манзил расидем» гӯён, анҷоми зикри чоштгоҳиро воҷиб донист. Назокат бошад, саросема аз халтаболишти сафарӣ сар бардошта, бо чашмони нимкоф берунро нигаристу хоболуда пурсид:
– Канӣ вай?
– Кӣ?
– Мир…
Назокат дигар ҳарфе гуфта натавониста, ними калимаро бо душворӣ фурӯ бурду аз хиҷолат суп-сурх гашта, узромез ба Бибинурӣ нигарист ва ноӯҳдабароёна риштаи саволро дигар ҷониб кашид:
– Мири ароба канӣ?
Бибинурию Нигина базавқ хандиданду аробакаш низ ба онҳо ҳамроҳ шуд:
– Ман дар ҷойи худам. Чӣ хизмат?
– Аробая доред! Ман дасту рӯ мешӯям…
Баъди баргаштани Назокат, ки худро дар ҳолати ногувор гузошта буд, Бибинурӣ хост, вайро аз хиҷолат барорад:
– Менамояд, ки ту ҳам мисли ман Мирмаликро пазмон шудаӣ, эй ҷони оча…
– Ҳа, оча. Нигина ҳам пазмон шудагӣ…
Аз луқмаи бадҳазми амакдухтар ғаши Нигина омаду хост ҷавоби обдор гардонад. Вале Бибинурӣ имкон надода, Назокатро бо ширинзабонӣ ба сӯҳбат кашид.
– Гапат ҳақ асту рост. Ҳамаамон Мирмаликро пазмон шудаем. Ин хел ҷавони диловару паҳлавону қаҳрамон маҳбуби ҳамагон аст. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд. Росташро гӯй, ҷони оча, барои Мирмалик аз Ворух ягон тӯҳфа овардӣ ё дастхолӣ омадӣ?
– Як гала тӯҳфа овардагӣ ман! Чор дастрӯймоли ҳаррангаи зеҳтиллою ду камарбанди тору пудаш заррин барояш армуғон овардаам, ки бо дасти худам гулдӯзӣ кардагӣ. Як ҷуфтӣ тоқии қаланфургулу ҷуроби дастибофи рангинкамон аз пашми бузи кӯҳӣ овардагӣ. Аз беҳтарин зардолуи Ворух – хурмоӣ чор кулчахурмо сохта овардаму як халта зардолуқоқи яккагини мирсанҷилӣ. Ду чойхалта мағзбирёну тутмавиз алоҳида-алоҳида. Боз як чойхалтагӣ зирку зираю пудинаи кӯҳӣ. Боз…
– Шуд, ҷони оча, ҳамин қадараш кифоя. Лекин… Ин тӯҳфаҳо канӣ?! Мабодо-ку дар Ворух фаромӯш накардӣ?
–Ҳамин қадар сӯхтаю пухта тӯҳфаҳои хелмахел тайёр кардаму наход фаромӯш кунам?! Ҳамааш дар аробаи дигар, очаҷон. Падарам ба ӯҳда гирифтанд, ки то Хуҷанд березу чош мерасонанд. Тӯҳфаҳои Нигина ҳам дар он ҷо.
– Нигаҳбони тӯҳфаи ман Шайхбобо…
– Ту чиҳо тӯҳфа овардаӣ?
– Ман ҳам кулчахурмою мирсанҷилӣ, зирку зира ва себу биҳӣ овардаам. Лекин… барои Бобокалони Бузург ва Гулсимою Саодат…
– Ба Мирмалик чӣ?
– Ҳеҷ чӣ. Бо Назокат маслиҳат карда, тӯҳфаҳоро ҳисса-ҳисса тайёр намудем.
Вақти гуфтани ин суханҳо рӯйи чапи Нигина андаке сурх шуд. Зеро дурӯғи маслиҳатомезро аз рости фитнаангез авло дониста, бехи гапро пинҳон дошт…
Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки тахмин баъди даҳ рӯзи сӯҳбати рӯёрӯ падару духтар боз як гуфтугӯи маҳрамона оростанд. Ин дафъа Абдулсайид ташаббускор шуду ба Нигина дарак дод, ки масъалаи Хуҷандравӣ ҳаллу фасл шудааст:
– Охирҳои моҳ Шайхбобою очакалони хуҷандӣ рахти сафар мебанданду тую Назокат ҳамроҳи онҳо меравед. Барои таҳсил дар мадрасаи занона…
– Назокат дар Хуҷанд мемонад?!
– Не, духтари ҷон! Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд.
– Чӣ хел ҳила?
– Бовар кун, духтари ҷон, ба ман сир накушоданд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки «оқибати кор бахайр мешаваду Нигина шоду хурсанд дар Хуҷанд мемонаду Назокат шоду хурсанд ба Ворух бармегардад». Ҳарчанд зора кардам, дигар лом накафонданду бо табассум «сирри мардон пӯшида» гӯён, гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки хомӯшӣ беҳтарин пардадори роз асту ту ҳам ҳушёр бош, духтарҷон! Зеро агар ин рози пинҳон аз даҳонат берун раваду ба гӯши Назокат расад, ояндаи худат торик мешавад…
Баъде ки Нигина сидқан қавлу қасам кард, падар бо меҳр дасти духтар гирифту бо оҳанги боварибахш гуфт:
– Акнун туро насиҳате мекунам, духтарҷон, ва имонам комил, ки маро бо гӯши дил мешунавӣ: аз ин пас, дар шаҳри мусофирӣ, изни ту ба дасти Пирам Шайх Бурҳониддини Валӣ аст; эшонро даҳ баробари падарат иззату ҳурмат мекунӣ, бе иҷозаташон коре ва бе рухсаташон рафторе намекунӣ ва ҳамроҳ бо сари баланд бозгашт ба Ворух меойӣ!
Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.
Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:
– Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо – ту!
…Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:
– Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат… ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон… Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?
Ба маънои таҳтонии саволи душвор дуруст сарфаҳм нарафта, Назокат ҷавобро осону мухтасар кард:
– Акои Мирмалик албатта ҳамроҳи дигарон барои пешвозгирӣ меоянд. Ҳама тӯҳфаро бо ду дасти адаб ба дасти муборакашон месупорам!
Гапи болои ароба, мутаассифона, ба лаҳзаи истиқбол рост наомад: дар байни пешвозгирандаҳо Мирмалик набуду дар ҳавлӣ ҳам нанамуд.
Назокат дилтангона ин сӯ – он сӯ нигаристу тоқаташ тоқ шуд:
– Духтарҳо, Мирмалик канӣ?
– Дар Ғӯрганҷ.
– Куҷо-оо??
– Пойтахти Хоразм. Акоям сарбози Хоразмшоҳ шудагӣ.
– Аз кай?
– Се моҳ пештар… Баъде ки дар Исфараи шумо ситораи навқирон шуду ба замину осмон шаъшаъа пошид, Хоразмшоҳи ҳамабин намояндаи махсус фиристода, ба Ғӯрганҷ бурд.
– Кай меоянд?
– Худо медонаду подшоҳ…
–Вай шаҳра номаш Урганҷ буд ё Гурганҷ… дар куҷо? Аз Хуҷанд дур ё наздик?
– Аспи хушрав дар чил рӯз мерасад. Бо киштӣ ниммоҳа роҳи обӣ…
– Хеле дур будааст ин гуршаҳр… Рафта наметавонам… Уф-ффф…
Назокат нохост калавиду ба замин нишаст. Рухсораи аноррангаш дар они воҳид мисли пахтаи нимхоми аз ғӯза кашида сафедчаи кабудфом ва бетароват шуд. Бо душворӣ нафас кашидаю чаппаю роста забон гардонда, ҳарфу ҳиҷои муғлақ мегуфт. Ҳама пакар гаштанду Нигина барқвор пеши амакдухтари нимзиндаю ниммурда омад ва гӯш ба даҳонаш наздиктар бурд. Бо душворӣ шунид, ки Назокат оби ях барин хунук мехоҳад…
– Духтараки бечора аз роҳи дуру дароз хастаю шалпар шудааст, – оромона садо баровард Бибинурӣ ва Нигинаро фармуд, ки ӯро ба хонаи канорӣ бурда, муддате ҳамроҳ нишинад. – Натарс, ин дарди бахайр, тез мегузарад. Ба падараш хабар додан ҳоҷат не…
Ҷумлаи охирин тарсу ларзро аз андоми Нигина дур афканд. Фаҳмид, ки ҳам барои Бибинурӣ ва ҳам барои амакбобояш ба садамаи асаб гирифтор шудани Назокат ҳодисаи ғайричашмдошт нест! Дарҳол гапи пардапӯши падар ёдаш омад: «Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд». Чӣ будани ҳиларо Нигина он рӯз намедонист, аммо имрӯз сарфаҳм рафт. Бори дигар бовар кард, ки амакбобояш ҳам тоҷир ва ҳам шоҳмотбози моҳир аст: ба духтари маҳбубаш ягон ҳарфи тунду тез нагуфта, ба қалби ҳассос ва буғранҷи вай заррае ранҷу озор нарасонда, имкон додааст, ки табъи дили савдозада амал кунаду то Хуҷанд расад ва худаш бовар кунад, ки мурғи бахти хаёлиаш ҷойи дигар паридааст. Бигзор андаке ба ҳаяҷон ояд, лек худаш аз савдои хом дилхунук шавад…
Тадбири ақли ҳилагар натиҷаи дилхоҳ доду оши бемаслиҳат табъи дили падар пухт. Назокати дунёбехабар, ки амсоли дигар ҳамсолони қишлоқияш нопухтаву хомрой буд, пас аз ошуфтану сӯхтани лаҳзавӣ чун абри сиёҳдили тирамоҳ ашк рехтан оғоз кард. Хеле гиристу дилашро холӣ намуд ва ақли кӯдаконааш тадриҷан равшан гардид. Фаҳмид, ки дидори Мирмалик бо оби дида муяссар намешавад. Маслиҳатҷӯёна Нигинаро нигарист:
– Акнун чӣ кор мекунем, амакдухтар?
– Аз Бобокалони Бузург фотиҳа гирифта, ба мадраса меравем. Мехонем, то…
– Эй Нигина! Ту дар Хуҷанд меистӣ??
– Албатта. Охир, мо ба нияти хондан омадагӣ… Чӣ, магар аз қавлат гаштӣ?
Назокат, ки аз Ворух то Хуҷанд – тамоми роҳ забонаш мисли андалеб дар тараннум буду лабонаш чун гул ғарқи табассум ва гаштаю баргашта шаҳри соҳили Сайҳунро таърифу тавсиф мекарду нақшаҳои болохонадор мекашид, ҳоло шабеҳи мусичаи убол пату пари кашол, чашми каҷхамида дошт, оби даҳонашро бо азобе фурӯ бурда, базӯр курр-курр намуд:
– Ман ба ҳеҷ кас қавл надодаам… Аз ҳеҷ кас забонкӯтоҳ нестам… Бо чашми худат дидӣ, ки баробари ба Хуҷвнд расидан аҳволам чӣ хел табоҳ шуд… Боду ҳавои ин шаҳр ба дилам нафорид… Аз ҳамин сабаб меравам…
– Ба Ворух меравӣ ё Ғӯрганҷ?
– Пичинг назан, амакдухтар, дилам танг шудагӣ, парс мекафад… Албатта бозгашт ба Ворух меравам, ки хуштар аз он ҷойе набошад.
– Ихтиёр турост… Лекин… ҳадяҳоро чӣ кор мекунӣ?
– Ман ҳам Бобои Хуҷандӣ дорам, садри бозори Хуҷанд Маҳмуди Бозаргон. Ҳамроҳи падарам барои харидани зару зевар равем, зардолую мағзу чағз дастовези мо мешавад…
– Камарбанду дастрӯймолҳо…
– Фикру хаёли бад накун, амакдухтар, ин тӯҳфаҳоро ба соҳибаш месупорам…
– Чӣ хел?!
– Баъдтар мебинӣ… Дарвоқеъ, дафъаи гузашта пеш аз ҷашни Наврӯз лаби дарёи Сайҳун рафта будӣ, а?
– Ҳа.
– Роҳро медонӣ?
– Албатта.
– Илтимос, амакдухтар, дарёро ба ман нишон деҳ…
– Чаро?
– Натарс, амакдухтар, ман ҳеҷ вақт худро ба об намепартоям. Аз зиндагӣ умеди калон дорам. Фақат… дарёро тамошо кардан, мисли ту бо оби равон сухан гуфтан мехоҳам…
Амакдухтарон дар соҳили Сайҳун муддате сукут варзида, ба тамошои манзараҳои дилфиреб машғул шуданд.
Қулфи хомӯширо Нигина шикаст:
– Аз ғам холӣ шав, эй амакдухтар. Рози дил ба дарё рез…
Назокат ҳарфе нагуфта, бастаеро аз зери бағал берун оварду бо тамоми қувват ба мобайни дарё ҳаво дод.
– Назок, чӣ кор кардӣ?!
– Орзуи дил ба об андохтам.
– Равшантар гап зан, амакдухтар, чиро ба об партофтӣ!
– Вақте гуфтанд, ки «аз Хуҷанд то Гурганҷ ниммоҳа роҳи обӣ» ин ният дар сарам пайдо шуда буду онро ту пазондӣ, амакдухтар. Худат дидию агар зарур шавад, шаҳодат медиҳӣ, ки ман камарбанду дастрӯймолҳои армуғониро ба соҳибаш роҳӣ кардам, – овози Назокат ларзиду ҳой-ҳой гирист. – Дареғу дард, ки дар Хуҷанд дари бахту орзуҳоям кушода нашуд, амакдухтар. Ба умеди шодӣ омада, гирён шудам… Дилшод омада, дилшикаста шудам… Сирри дил пурра ба Сайҳун гуфтам ва аз оби равон илтиҷо кардам, ки дастовези бо ҳазор умед овардаи духтараки содаи қишлоқиро ба соҳибаш расонад…
Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…
Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!
Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…
* * *
Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:
– Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!
Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:
– Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!
– Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, – баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. – Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.
– Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?
– Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.
– Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…
– Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?
– Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.
– Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?
– Ним гап ҳам нест! – мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. –Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.
– Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! – гуфт бо истеҳзо Гулсимо. – Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!
– Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! – ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. – Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.
– Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:
Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,
Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!
– Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.
– Киҳо онҳо? – зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:
– Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…
Гулсимо дарҳол эрод гирифт:
– Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!
–Яғминоз – духтари ҳоқони Чин, Нуран – духтари малики Ҳинд, Насрин – духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити – духтари Қайсари Рум, Озариюн – духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ – духтари Хоразмшоҳ.
– Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…
– Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?
–Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.
– «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! – бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.
– Покдоманӣ иффат аст! – бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. – Даҳ равзана дорад – ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…
– Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!
– Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…
– Оре, дугона, барои ҳамин то ҳол муҷаррад акоям. Бистуҳафтсола шуду…
– Аҷаб коре шуд! – гапро ба шӯхӣ кашид Саодат. – Арӯс ба пойи худаш омаду мо бошем.
– Э дафъ кун вай хомхаёла! Ғунча то гул нашавад, файз намебахшаду ба қавли шоир:
Маъшуқи хурдсол ба кас рӯ намедиҳад,
То ғунча нашкуфад, ба касе бӯ намедиҳад.
Ҳамин хел не, Нигина? Чаро хомӯшӣ?
– Мо, духтарҳои кӯҳистонӣ, дар ин мавзӯъ гап намезанем.
– Чаро? – баробар пурсиданд дугонаҳо.
– Шарм медорем…
– Ту дигар қишдухтар нестӣ, Нигин! Ҳеҷ вақт худро аз сӯҳбат бар канор нагир. Агар дар шаҳр хушкалом ва суханширин шавӣ, аз дарди сар халос мешавӣ, агар шармин ва гӯшанишин шавӣ, аз дарди сар васвос мешавӣ! Фаҳмидӣ?
Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду Гулсимо саволашро тарзи дигар такрор кард:
– Гап зан, Нигина, дар Ворух худат барин гулдухтари абрӯяш хубу лабу даҳану зулфу чеҳрааш хуб ва синну солаш мувофиқ ҳаст?
– Дар Ворух духтарҳои хушрӯю нозанин лак-лак. Лекин… ба назар нонамоёнанд…
– Яъне ба назари Мирмалик наменамоянд. Оббо…
– Зиқ нашав, Гул! Мегӯянд, ки духтарҳои хоразмӣ ҳам чашми бодому рӯйи суман доранд ва мисли гул хуштароватанд. Шояд Нозпарӣ ба мазоқи акои мо хуш ояд…
– Асал ба забонат, Саодат! Э Худоҷон, дар ҳар куҷо бошад, дари бахти акоямро кушода гардон!
Нигина ҳис кард, ки дугонаҳояш боз чашм бар даҳони ӯ дӯхтаанд, нигоҳи дилчаспу дилнавози Мирмаликро дар аспрези Исфара ёд оварда, маҳин овоз баровард:
– Калонҳо «дер ояду шер ояд» мегӯянд. Ман мегӯям, ки гардиши айём бар муроди чашму дили Мирмалик бошад!
Ин ҷумлаи шаҳдомез ба ҳукми дуо қабул шуд…