Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 6

КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи панҷум. Ишроқе

Оглавление

6

дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ

Аспрези Исфара – майдони махсуси аспдавонӣ, ки тарафи рости роҳи Шӯроб, дар дили дашти Моҳпарӣ воқеъ буд, аз дур ба молбозор шабоҳат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркабҳои савории хешро ба дарахтони лаби ҷӯйи беоб баста буданду тарафи дигар ҷавонмардони асптозу камонвар – иштирокчиёни мусобиқаи имрӯза самандҳои хелмахели худро хорумолу парҳамелӣ мекарданд, яъне қанду ҷави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, даҳ шутури бухтӣ ва барраи бахта – гӯсфандони се-чорсолаи фарбеҳ ва ахтанашуда, ки ба ғолибони сабқат ҳадя мешуд, ба назар мерасид.

Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппаҳои атроф ва ҷойҳои ҳамвор намаду бурё ва чодару ҷомаҳоро бенизом густурда, гурӯҳ-гурӯх давра нишаста, обу нон бо мағзу мавиз таматтӯъ мекарданду перомуни имрӯза зӯрозмоӣ фикру андешаю тахмину фарзияҳои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгармҳо бо якдигар шарту байъ мекарданд. Шаҳриён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони деҳоти атроф поёнтари онҳо, аммо мухлисони аз дур омада – хуҷандиён, фарғонагиҳо, масчоҳиён, кандиҳо, истравшаниҳо мувофиқи имкон ва муносиби ҳоли худ ҳар ҷо – ҳар ҷо нишаста, нисбатан камгапу камҳаракат буданд.

Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.

Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:

– Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.

Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:

– Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.

– Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.

– Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, – худро доно тарошид Назорат. – Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.

– Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!

– Намешавад! – қатъӣ нидо кард Абдулсайид. – Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…

– Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки…

– Дамата гир, Назок! – андаке барошуфт хоҳари калонӣ. – Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем…

– Фикри маъқул, – пушти гардан хорид Абдулсайид. – Лекин… оё нафастанг намешавед?

– Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд – бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.

Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:

– Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?

– Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.

– Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?

– Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! – шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?

Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад…

Интизорӣ тӯл накашид ва савори аспи сафедмушкин ҷавонмарди қавиҳайкале дар иҳотаи панҷ гурди муҳофиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» – ин ҷумла барқвор дар ақсои аспрез паҳн гардида, то гӯши духтарон расид ва ҳар се аз ҷой нимхез шуда, кунҷковона ҷониби чобуксавор нигаристанд. Човандози номӣ, ки чунин истиқболро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ҳаво алвонҷ дода ва панҷаҳои баҳодуронаро бо ҳам занҷир андохта, гӯё бо кулли ҳаводоронаш дастфишорӣ намуд.

– Ин бодичаи беваасп кӣ? – лабу даҳонашро бо аломати таҳқир ғунча карда, саволомез ба амакаш чашм дӯхт Назокат.

– Беваасп не, Беварасп! – ӯро ислоҳ намуд Абдулсайид. – Номаш Афзал, зодгоҳаш Хистеварз. Беварасп лақаби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию харҷаллобӣ мекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки даҳ ҳазор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп лақаб гирифт.

– Бевааспи ту солдармиён ғолиби мусобиқаи наврӯзӣ мешавад, – илова намуд Абдулмаҷид. – Имсол яке аз довталабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

– Минбаъд ин нинакало мукофота дар хоби шабаш мебинад. Ҷое, ки Мирмалик ҳаст, дигар ғолиб нест!

– Шакар ба забонат, амакдухтар! – Нигина хам шуда, аз рухсораи Назокат бӯсид. – Боз киҳо довталаб бошанд?

– Довталабҳои асосӣ акнун меоянд, духтарҷон. Дигар мухлисҳо мисли мо интизоранд. Онҳо…

Гапи Абдулсайид нимгуфта монду овози мунодӣ баланд садо дод:

– Абдуллои Роғӣ ва Амини Фалғарӣ омаданд!

Мухлисони сершумор аз ҳар канор чобукрикобҳои зарафшониро, ки зеби ҳар маърака буданду бе фиребу найранг, аммо бо кӯшиши аҳлона ва ғайрати мардона барои ғолибият то лаҳзаи охирин мекӯшиданд, бо нидои шодӣ пешвоз гирифтанд. Ҳасани Хуҷандӣ ва Заҳири Истаравшанӣ ҳам хуб пазируфта шуданд. Аммо ба аспрез ворид шудани Мирмалику Сабзалиро аксарият нодида гирифтанд ва ғайр аз даҳ-понздаҳ тамошобини хуҷандӣ аз маҳаллаи Мирзоён ва ҳафт-ҳашт ворухӣ – муридони Шайх Бурҳониддини Валӣ ягон нафари дигар садо набаровард.

Табиист, ки чунин пазироӣ ғаши духтаронро оварду Назокати арразабон бо истеҳзо гуфт:

– Мухлис нашуда муретун! Шаҳсавор аз харсавор фарқ карда наметунанду ҳуштак кашида, беҳуда ғавғою мағал мекунанд…

Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хост ҷумлаи обдоре илова кунад, вале мухлисон ба вай имкон надоданд. Баробари пайдо шудани ду ҷавони яктаҳи сафедпӯш, ки дар сар тоқии чоргула ва пешонабанди сабз доштанд, мавҷи азиме аз ҳар ҷониб ба хурӯш омаду аз нисф зиёди тамошобинҳо сари по хестанд.

– Ҳамшаҳриҳои худамон, – гуфт Абдулмаҷид ва давоми ҷумларо мунодӣ ба забон овард: – Дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусайни Исфарангӣ!

Ғулғули мардум аз аввала бештар гашту дугоникҳои чеҳрахандони ҳамқаду баст аз самандҳои якхелаи ҷигарранг баробар ба замин ҷаҳида ва даст ба сандуқи сина ниҳода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамардҳо ҳам эҳтироми муштариён ва ҳам таваҷҷӯҳи ҳамагон дучанд гашт.

Мунодӣ ба аспрез ворид шудани Нӯъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ҳафт пушташ судур асту паҳлавон ва Бачашер лақаб дошта, се карат зафарманди озмуни пештозӣ шудааст. Муштариён ӯро бо хушҳолии оммавӣ пазироӣ карданд, аммо Назокат боз бо лаби каҷ эрод гирифт:

– Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ҳамсоя лоғар!

Ҳақиқатан ҳам аспи зарди хурдҷуссаи чашму сараш майда ва думкӯтоҳи Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пойҳои чандири саманд нишонаи беҳтарини зоти аспи саворӣ ва шикорӣ аст. Абдулмаҷид, ки инро медонист, ба духтарон фаҳмонд:

– Аспи Бачашер шербача аст! Ҳар касе бо чунин чоргома ҳамсафар бошад, бар сари ӯ бахту толеъ нуру зиё мепошад.

– Ин хелак не! – якравона хитоб кард Назокат. – Аспи Мирмалик аз ҳама беҳтар! Вай аз ҳама баландахтар!

Духтарон хандиданд ва фаҳмиданд, ки Назокат бо тамоми вуҷуд ҳаводори Мирмалик асту ё аз нодонӣ, ё аз доноӣ ҳиссиёти худро пинҳон дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиёқманди ғалабаи ин ҷавонмарди ситорагарму меҳрубон буданд, вале ҳавопарастӣ накарда, мекӯшиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ҷавони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фақат ӯро медиду ҳар ҳаракаташро бо дидаи пурмеҳр менигарист ва дуои неки Шайх Бурҳониддини Валиро ҳангоми гусел аз Ворух зери лабҳои хомӯш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ҷиянам, дар аспрези Исфара бахти фирӯз дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор, ситораи само пешкор ва Худои меҳрубон мададгор бод!»

Оре, Нигина аз мағзи дилу ҷон роғиб ва хайрхоҳи Мирмалик буду ин пагоҳ баробари ба аспрез даромадани ӯ ҷабини мубинаш дурахшон ва гули рӯяш арғувон гашту аз шодию ҳаяҷон дасту по гум карда, нафас дар гулӯяш печид. Вале дарҳол изтироби дилро фурӯ нишонда, рози хеш сарбаста дошт. Зеро хуб медонист, ки ҷуз нигоҳи гарму ихлоси самимӣ ва дастафшонӣ ӯро дигар дастовез нест.

Нигинаи саргарм аз андеша беихтиёр хуршедро нигарист, ки аллакай як қади найза баланд баромада, саховатмандона нур мепошид ва насими саҳариро ба гармбод табдил медод. Баробари боди дайду нидои мухтасари «Омад!» аз талу теппаҳо гузашта, то ароба расид. Духтарон гумон карданд, ки ҳокими Исфара бо аҳли рикобаш омад. Вале ба аспрез як савори бадвоҳима даромад, ки чакману кӯлоҳ аз намади сиёҳ пӯшида буду болои ҷирани гардандарозу шонапаҳне бовиқор нишаста, дуздвор ба ҳар тараф менигарист ва беист гоҳ ба чапу гоҳ ба рост оби даҳан туф мекард. Ӯро дидан ҳамон аз ҳар даҳон овозе шабеҳи уллоси шағол баланд шуд, ки аз нафрату бадбинии умум дарак медод.

– Ин пашминапӯши бадҳайбат кӣ? – пурсид Назокат, ки дар зери забон наштари бисёр дошт.

– Рақиби асосии Мирмалик ана ҳамин зоти касиф! – бо танаффур забон хойид Абдулмаҷид. – Ин човандози асхикатӣ, номаш Аҳмад, асптози ҷасур аст, валекин мардест худраъй ва бадхулқ, дағалгуфтор ва бадрафтор. Бо андак баҳона моҷаро мебардорад. Мегӯянд, ки лақабаш Аспил аст.

– Яъне, аспаш фил барин?

– Не, Нигина. Асхикатиҳо дузди аспу маркабро аспил мегӯянд. Ҳамеша дар лаҳзаи охирин ба майдон медарояду бо довталаби асосӣ аҳду паймон мебандад, то бар ивази маблағи муайян барои ғалабаи ӯ хирсона хизмат кунад.

– Вай аз куҷо медонад, ки довталаб кист?

– Ман аз куҷо донам?! Шояд дафтари ҳисоб дошта бошад…

Аҳмади Асхикатӣ пурсупоси духтару падарро шунид магар, ки ба нидоҳои таҳқиромез эътиборе надода, бепарво аз асп андаромаду онро ба ҳоли худаш гузоштаву тозиёна ба паси гардан хаста, рост пеши Афзали Беварасп омад ва барои мулоқот даст дароз кард. Вале онҳо ба гуфтушунид фурсат наёфта, овози марғуладори амири мусобиқа омирона садо дод:

– Ба аспҳо савор шавед! Дар ду тарафи даромадгоҳ рӯ ба ҳамдигар саф кашед! Меҳмони олиро сазовор истиқбол гиред!

Садои карнай ва нақораҳо баланд шуд. Кулли тамошогарон нӯки по истода, тарафи дарвозаи рамзӣ нигаристанд ва баробари ворид шудани аробаи ҳокими Исфара, ки онро уштури сафеди бо алвон ороёфта пеш мекашид, каф ба ҳам кӯфта, бо лаҳҷаю шеваҳои гуногун, берабту низом, вале бо ихлосу самимият изҳори шодию хурсандӣ мекарданд.

Ҳокими болобаланд ва кушодчеҳра ҷамоати муштоқонро маътал накарда, пас аз муқаддимаи мухтасари табрикотӣ зуд ба сари мақсад омад ва таъкид намуд, ки дар сабқати имрӯза беҳтарин ва чобуктарин асптозон ҳаққу ҳалол ҷаҳду талош карда, бо ҳунармандӣ ва нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро нишон медиҳанд.

– Сабқати имрӯза озмуни муқаррарии урфӣ не, балки имтиҳони махсуси ҷавонмардӣ асту маҳз бо маслиҳати Пири равшанзамир ва борикназари тариқати мо Ҳазрати Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ баргузор мешавад. Бо таъбири эшон дӯстон гоҳи зарурат озмун мекунанд ва зӯри худро дар айёми саломат бо мусобиқаи бародарона месанҷанд, то дар рӯзи сахтию мусибат фарёдрас ва мададгори ҳамдигар бошанд.

Ишораи Пирам ба «рӯзи сахтию мусибат» беасос нест. Ҳамаамон хуб медонем, ки замона нотинҷ асту аз ҷониби Хоразм ба диёри мо боди мухолиф мевазад ва ба тӯфон табдил ёфтани он аз эҳтимол дур нест. Агар сухан бепарда гӯем, подшоҳи Хоразм Султон Муҳаммади сонӣ баъди дувоздаҳ соли ҳукмронӣ даъвои ҷаҳонситонӣ дорад. Вай ғуриёнро шикаст дода, Хуросонро пурра ба даст оварда, атобакони форсу диловарони Ироқро мутеъ гардонда, Ҳироту Ғазнинро ба худ тобеъ намуда, Самарқанду Бухорою Ҷандро ба коми оташ кашида, акнун ба диёри азизи мо чашми тамаъ дӯхтаасту Хуҷанду Фарғонаю Исфараю Истаравшану дигар маҳалҳои Суғдзаминро зери тасарруфи худ даровардан мехоҳад.

Аз ҷониби шимол низ боди сард хабарҳои хунук меорад. Барои ташкил кардани давлати бузург ва ягонаи муғул камар бастани Темучин ном пачақбинӣ бо лақаби Чингизхон хеле ташвишангез аст. Ин марди абедониш ва кофири мутлақ лашкаркаши маккору золиму бераҳм асту мегӯянд, ки бар рағми хоразмшоҳиён дандон тез кардааст. Агар ин ду подшоҳ ба ҳам ситезанд, дунё ба харобазор табдил меёбад.

Пири равшанзамири мо, ки оқибати ин фоҷиаро медонанд, таъмини бехатарии марзу бумро муҳимтарин масъалаи доғи рӯз меҳисобанд. Эшон маслиҳат доданд, ки дар сабқати имрӯза ҳар саворе агар хоҳад ва тавонад, беистихора асп тозонад, бехато тир андохтану чустию чолокӣ ва родмардӣ омӯзад, то ба дифои зодбум хештанро омода созад.

Бо ҳидояти Пири Бузургвор мо барои ғолибон илова бар шутуру гӯсфандҳои парворӣ боз ду тӯҳфаи олишон овардаем. Шаҳсавори чобуктарин ва камонвари беҳтарин – ғолиби мутлақи сабқати имрӯза, ки бо қуввату муборизаи шерона ҳамаро тасхир мекунад, ду анори мумтоз мукофот мегирад. Яке анори Зумуррад, ки аз лаълу фурӯзаю лоҷуварди Лаккони Исфара сохта шуда, ба қадри хироҷи яксолаи шаҳри мо арзиш дорад. Нори дуюм анори Ёсин аст аз боғи Унҷӣ, ки Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ дар давоми чил рӯз ба ҳар донаи он қудрати чил сураи Ёсин аз дили Қуръони шариф ҷойгузин кардаанд ва ҳар касе онро хӯрад, умрбод бемор нашавад, захми тиру шамшер бар баданаш таъсир накунад.

Ҳоким ду анори мунаввар болои ду каф ниҳода, барои тамошои мардум баланд бардошт: яке чун хуршеди навтулӯъ дурахшон буду дигаре ба сони офтоби ғурубанда сурхи арғувонӣ.

Духтарони аробанишин монанди тамошогарони саҳронишин моту мабҳут гашта, аз ҷоизаҳои сеҳрнок чашм канда наметавонистанд, ки ҳокими баруманд дар ҷойи исташ беист давр гашта, ба ҳамагон манзури назар мекард.

Мӯйсафеди нуроние, ки дар сар дастори мӯҳташам ва дар бар қабои сабзранг дошт, аз айвони садрнишин ба паҳлӯи ҳоким фуромад ва даст ба дуо бардошт:

– Эй халоиқ! Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунем, ки ҳар довталаби асилро нусрат надиму бахт рафиқ, дил беғаму раъият ҳамдам, фирӯзӣ ёру Худо мададгор бошад.

Омин ё Раббулъоламин!

Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва сабқат расман оғоз ёфт.

Духтарон низ баробари дигарон омин карданду бо як овоз «Илоҳо, Мирмалик ғолиб барояд!» гуфтанд. Назорат иловатан пурсид:

– Ин мӯйсафеди хушлибос кӣ бошад?

– Қозикалони Тамохуш Шайх Муҳаммад, бародари бародархонди мо Усто Мулло ҳамин шахси мӯътабаранд, – бо оҳанги тафохур посух гардонд Абдулсайид.

– Ҳар ду писари эшон – Шаҳобиддину Аҳмад шоири баркамоланд ва ҷӯраҳои ҷонии мананд! – Абдулмаҷид даст ба сандуқи сина зада, оҳанги гуфтори аввалиро идома бахшид. Вале дарҳол тарзи гуфтор дигар кард: – Гап тамом! Ба майдон нигаред, мусобиқа сар шуд!

Бо нишондоди мири мусобиқа надимон ба ҷойҳои зарурӣ нишона гузоштанд ва доварон иштирокчиёни даври аввали мусобиқаи аспдавониро ба дувоздаҳ гурӯҳи ҳафтнафара тақсим карданд. Чун гурӯҳи нахустин болои ишорахат саф кашид, сардовар бори дигар қойидаҳои сабқатро хотиррасон кард. Дуҳулзан зарба ба нақора задан ҳамон ҳафт савора ба аспи худ баробар маҳмез заданд ва сабқат оғоз карданд.

Баъди соате аз ҳар гурӯҳе якнафарӣ – ҷамъ дувоздаҳ ғолиби дави аввал муайян гардиду ҳар кадоме як гӯсфанди бахта мукофот гирифта, барои ширкат дар дави дуюм ҳуқуқ пайдо намуд. Дигарон тамошобини муваққатӣ шуданд. Сабзалӣ яке аз онҳо буд…

Сардовар ғолибонро гирди худ ҷамъ овард барои қуръакашӣ ва ташкили шаш гурӯҳи дунафарӣ. Ба ин мақсад номи шаш касро алоҳида-алоҳида дар коғазпорае навишту ҳар кадомеро лӯлапеч намуда, ба халтаи ҳозиркардаи надим андохт ва ӯро фармуд чун элак битакад. Сипас ба шаш ғолиби дигар гуфт, ки аз халта яктоӣ лӯлакоғаз гиранд ва ҳарифи худро худашон муайян кунанд.

Аввалин шуда, Аҳмади Аспил қуръа кашиду Афзали Бевараспро ҳариф интихоб кард. Ҳасани Исфарангӣ бо Ҳасани Хуҷандӣ ҷуфт афтоданду бояд аз ду яке мемонд. Ҳусейн бошад, ҳарифи Заҳири Истаравшанӣ шуд. Яъне хавфи аз бозӣ баромадани дугоникҳо ба амал омад. Раҳими Купол ҳарифи Мирмалик гардиду Рустами Аштӣ бо Амини Фалғарӣ ва Абдуллои Роғӣ бо Нӯъмони Кандӣ ҷуфти сазовор шуданд.

Мирмалик ҳарифашро мешинохт. Чандин бор дар кӯчаву бозор вохӯрда, ҳамсӯҳбат ҳам шуда буданд. Вай марде буд филпайкару қавитан ва гурзи гароне дошту барои ҳамин Купол лақаб гирифта буд ва дар маҳаллаи Арабон зиндагӣ мекард. Яъне ба тоифаи аъробиёни хуҷандишуда тааллуқ дошт. Аспаш низ мисли соҳибаш зоти арабӣ буду гардандароз ва монанди Рахшон чобукпо.

Абдулсайид самандҳои ҳамҷаворро муқоиса карда, лутфомез гуфт:

– Дар урфият «ҳар касу дави аспаш» мегӯянд. Вале ин ду саманди бодпоро қиёс карда, «ҳар касу бахташ» мегӯям.

– Вале ман аспу савораро ба ғилофу шамшер ташбеҳ медиҳам, – бо шеваи хос гуфт Абдулмаҷид. – Агар савора шамшер бошад, мағлуб мешавад, лекин агар саворӣ шамшер шавад, соҳибашро ғолиб мегардонад. Зеро кор ба майдон шамшер мекунад, на ғилоф!

– Ман ба шамшеру ғилоф кор надорам! – бетоқатона ба муколамаи мардҳо шарик шуд Назокат. – Дилам пур, ки Мирмалик ғолиб мебарояд!

Каломи қотеъ ба духтар шодмонӣ овард: дар майдони набард Раҳими Купол шамшер шуду аз давра баромад. Ҷонибдорони Мирмалик шод гашта, мушоҳида карданд, ки шаш ҷавонмарди ғолиб пас аз гирифтани инъом боз қуръа кашиданду се ҷуфти довталаб чунин таркиб ёфт: Ҳасану Ҳусейн, аммо яке хуҷандию дигаре исфарангӣ, Афзалу Рустам ва Мирмалику Нӯъмони Кандӣ…

Аз эшон то даври ниҳоӣ Афзалу Мирмалику Ҳусейни Исфарангӣ расиданд. Аммо дигар қуръакашӣ нашуд. Мири мусобиқа ҳар серо мусовӣ бо ишорахат саф орост ва фаҳмонд, ки кадоме пештар ба марра расад, ғолиб ҳамон мешавад.

Тамошобинҳо Афзалу Ҳусейнро ва онҳо ҳамдигарро, ҳусну қубҳи аспони худро медонистанд, вале барои ҳама Мирмалик шахси ноозмуд ва дави аспаш номаълум буд. Бинобар ин, бо назари ташхис ва кунҷковӣ ӯро менигаристанд. Фақат хуҷандиҳо ва аксари ворухиён нигоҳи пурмеҳр доштанду исфарагиҳо дуандеш буданд – аз нисф зиёд тарафдори ашадии Ҳусейн, боқимондаҳо – ҳаводори Мирмалик. Андешаи парокандаи онҳоро Абдулмаҷид дар як ҷумла ҷамъ овард:

– Афзалу Ҳусайн шаҳди ғалабаро борҳо чашидаанд, акнун шаҳдситонӣ навбати Мирмалик!

Нигина хулосаи шоирро бо ишораи сар маъқул дониста, нохост чашмаш ба Сабзалӣ афтид, ки тозиёна болои сар алвонҷ додаю ангушти ишоравӣ боло бардошта, бо додархондаш хитобе дорад. Саропо гӯш шуду охири ҷумларо баръало шунид:

– …ба аспи хуб як тозиёна басай!

Бонги дуҳул баланд шуд. Ҳарифони шитобзада тозиёна бар сағрии аспҳо заданду аз ҷаҳиши ногаҳонӣ чанги сабуке боло хест. Аммо Мирмалик бо маҳмез Рахшони хеш ба пеш хонд. Аксари тамошобинон аз ин ҷавони хушасп, аммо камтаҷриба дарҳол умедашонро канда, ба ду човандози пештоз таваҷҷӯҳ оварданд, ки баробар пеш мепариданду фосилаи байни онҳо ва савораи сеюм лаҳза ба лаҳза меафзуд. Ин ҳолатро мушоҳида карда, духтарон безобита шуданд. Рухсораҳои мисли себи хубонӣ суп-сурхи Назокат ширранг гашту баробари суст шудани гардиши хун дили ҳассосаш қариб буд, аз тапидан бозмонад. Назорат нисбатан бепарво метофт, аммо Нигина хуни дил мехӯрд. Лекин ҳаяҷони дилро бо азобе фурӯ нишонда, бо умеду боварӣ Мирмаликро менигарист. Вай дилпур буд, ки ин ҷавони ҳушманд нақшаи амиқ дораду аспаш доно ва тавоност.

Баъде ки нисфи марра тай шуд, пешсафон барои ғолиби мутлақ шудан ҷон коҳонда, ба сағрии аспон боз тозиёна заданду ҷонварони ранҷкашида чанг ба осмон бардошта, ҷонҳавл пеш тохтанд. Фурсате, ки Мирмалик интизор буд, фаро расид ва тозиёна ба кор овард. Рахшони рамузфаҳм якбора аз ситора ҳам авҷрафтор шуду дар як мижазанӣ пешсафонро дарёфт. Афзали аввалмақом аз тағйири ҳолат саросема шуда, хинги худро бо зарби тозиёна ба пеш ҳадаҳа намуд. Ҳусейни калопатра ҳам тозиёнаю ҳам маҳмез ба кор андохт. Аммо Мирмалик фақат банди лаҷом ҷунбонд. Рахшон мақсади соҳибашро бехато фаҳмида, суръати дав биафзуд. Акнун саманди сиёҳ ончунон метохт, ки Мирмалик намедонист, дар замин аст ё осмон! Лаҳзае гумон кард, ки савори аспи обист, вале бонги тамошобинҳо вайро зуд аз олами рӯъё ба аспрез баргардонд. Акнун ҳама ба ҷунбиш омада буданду чун Рахшон ба мавқеи дуюм гузашт, ними мардум ҳаводораш шуданд. Вақте пешсаф шуд, ҳама мафтун гардида, бехудона «Рахшон! Рахшон!!» мегуфтанд. Амакдухтарон низ аз ароба сар бароварда, бо кафкӯбӣ мардонро ҳамсадо шуданд.

Афзал аз ин гардиши ногаҳонӣ худашро тамоман гум кард, вале маҳмезу тозиёна дигар ӯро мададгор нашуд. Дод мегуфту аз даҳонаш бафч мерехт, лек аспаш торафт суст мешуду аз даҳонаш кафк мебехт. Ва дар чунин ҳолати риққатангез аз ҳама оқиб ба марра расид.

Мирмалик бо сари баланду дили пурнишот гирди аспрезро давр зада, чобук ба замин ҷаҳиду сару гардани Рахшони вафодор ба оғӯш гирифт. Аз ҳар сангу бутаи дашти Моҳпарӣ овозе мешунид, ки «Дуруди Худо бар Мирмалик!» мегуфт. Назокат дастзанӣ мекарду Нигина кафкӯбӣ ва Назорат ҳар дуро шодишарик буд.

Фавҷи шодиро овози мутантани мунодӣ дучандон вусъат бахшид:

– Ғолиби сабқати аспдавонӣ Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандӣ бо уштури сурхи бухтӣ сарфароз мешавад! Агар дар озмуни тирандозӣ ҳам ғолиб ояд, ду нори муқаддас моли ӯ хоҳад шуд!!!


* * *


Сабқати камонварон ихтиёрӣ буду ғайр аз чор-панҷ ғолиби мусобиқаи асптозӣ ҳамагӣ якчанд иштиёқманд ба майдон баромад. Аксар чобуксаворони дамон ва данон, ки лаҳзае қабл мисли мавҷу бод тунду тез ва хурӯшон буданд, фурсате дарангпеша шуданд. Зеро тибқи одат то оғози даври дуюми сабқат лаҳзаи дамгирӣ эълон шуда, аз ҳар канора бӯйи таоми лазиз ба димоғ мезад, ки бо фармоиши ғолибон аз гӯсфандҳои инъомгирифта барои мухлисон пухта шуда буд. Таҳамтанҳо ба давраи муштариёни худ пайваста, бо димоғу иштиҳои равшан нону кабоб мехӯрданду ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Дар ҳалқаи хуҷандиҳо Мирмалик ангуштнамои хосу ом буду ворухиҳо, аз ҷумла духтарони болои ароба низ ба ифтихор сӯяш менигаристанд. Аммо дар қиёфаи фотеҳи майдон заррае тафохур ё такаббур падидор набуд, баръакс андешаманд менишаст – ҳушу хаёлаш ба Сабзалӣ банд буд, ки тибқи аҳду паймони пешакӣ вай дар озмуни камонварӣ бояд ба мавқеи аввал мебаромад. Зеро ба қавли худаш «дар кӯҳистон барои асптозӣ шароит нест, вале хурду калон дар тирандозӣ устухон надоранд». Лекин…

Мантиқан, ҳоло довталаби асосӣ бояд Мирмалик бошад. Инро ҳама медонанд. Вале Сабзалӣ чӣ андеша дорад? Оё вай аз довталабӣ даст кашида, ба ҷойи худ Мирмаликро мегузаронад?

Албатта, роҳи осон гуфтушунид аст. Агар Мирмалик шарт гузорад, ки дар сурати ғалаба нори рахшон аз Лаккон ба Сабзалӣ медиҳад, шояд ӯ розӣ шавад. Балки ӯ бояд розӣ шавад! Аммо… дар ин ҳолат аҳди бародарӣ чӣ мешавад?! Оё ин муқаддасотро фурӯхтану харидан, бо лаълу нуқра иваз кардан мумкин аст? Не, ҳаргиз не!! Мирмалик барои моли дунё шуда, ҳеҷ вақт дили бародархонди худро намеранҷонад. Вай ҳеҷ вақт паймони бародарӣ доғдор намесозад!

Бори гаронеро аз китф дур андохта, Мирмалик ҷониби мунодӣ нигарист, ки гаштаю баргашта сало мехонд:

– Ҳой мардум! Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Тоҷири ҳимматбаланд ва шӯҳратманди Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб ба шодиёнаи тавлид шудани нахустписараш Маҳмадбек озмуни камонвари забардаст эълон мекунад! Ҳар касе илми тир медонад ва ҳунар дорад, ба майдон барояд, тир аз камонҷулла ба нишон расонад ва як киса зари сафедро соҳиб шавад!

Шитобед, майдон аз далер аст!!

Шумори довталабҳо тадриҷан аз сад гузашту сар шуд баҳси тиркушоӣ, ки дар он Мирмалик ширкат наварзид. Ин аз назари Сабзалӣ пинҳон намонд ва худро дарҳол пеши бародархонд расонд.

– Ба ту чӣ шуд, барод? Созӣ? Ай баҳс худта дур кашида, чӣ хапу дам шиштайӣ?

– Осиё ба навбат, бародар! Ману Рахшон ҳунари худ нишон додем. Акнун ту…

– Бе ту ман нафас намекашам дар олам, ки инро худут медунӣ, эй барод! Пеш даро, ки Бойбобо шарти беҳад вазнин гузоштай, ман уҳда карда наметонум…

– Чӣ хел шарт?

Аз ҷавоби Сабзалӣ маълум гардид, ки бо пешниҳоди амлокдори бозори Исфара болои теппаи аз ҳама баланд тирбол – катаки махсусе гузошта, ба дарунаш хурӯси зинда сар додаанду дар шафаташ дори пасти чӯбин сохта, ба он кисаи пур аз нуқраи соф овехтаанд. Шарти Аҳмадбек ин будааст, ки ҳар касе хурӯсро тир занад, халтаи пурнуқраро соҳиб мешавад.

– Вазни нуқра бо вазни хурус баробарай, лекин хурус ай нуқра дуртарай! – гуфт бо алам Сабзалӣ. – Ба тахмини ман, фосилаи байни камондор ва катаки хурусдор ай як тирпартоб зиёдтарай. Бойбобо ҳилаи зур ёфтай, зури ман намерасад…

– Агар зӯри ту нарасад, пас тири ҳеҷ кас ба нишон намерасад!

– Дуруст мегӯйӣ, эй барод! Барои ҳамин, пеш даро, халтаи нуқра моли ҳалоли худут!

– Агар ҳеҷ кас соҳиби мукофот шуда натавонад, он гоҳ майдондорӣ тани ман…

– Гапат маъқул, эй барод! Ман рафтам…

Тахмини Сабзалӣ дуруст баромаду найранги тоҷир кор дод: ҳамаи камонкашҳо хурӯсро ба ҳадаф гирифтанду тири ҳама ба ҳадар рафт! Фақат пайкони Сабзалӣ ба девори катак бархӯрд… «Давлати савдогар сахтӣ кард»-ин маъно аз ҳар даҳане ба шакли ҷумлаи ҳархела садо дод. Баъзеҳо бо писханду ришханд, гурӯҳе бо таассуф ва надомат ин мусобиқаи бенатиҷаро ҷамъбаст карда, саволомез ба теппаи садрнишин нигаристанд, ки Аҳмадбеки хушмӯйлаб низ он ҷо буд. Нигина баръало дид, ки ба гӯши мунодӣ сухане гуфт ва ӯ дарҳол нидо баланд кард:

– Ҳой мардум! Шитоб накунед ва пароканда нашавед! Бозаргони машҳури диёр Аҳмадсайиди Ворухӣ, ки ҳозиракак аз Марғинон омаданд, бародархонди худро шодишарик шуда, ба шодиёнаи меҳмони нав боз як кисаи зар изофа карданд! Оё дар байни шумо тирафкане ҳаст, ки қудрати худро бо анвои озмоиш имтиҳон кунад?! Оё дар байни Шумо камонваре ҳаст, ки бо тири ахтардӯз дили хурӯс парчин кунад ва мукофоти олӣ ба даст орад?! Эй шермарди худо, ба майдон баро!!!

Дашти Моҳпарӣ лаҳзае сукут варзид ва оҳиста таркид: аз давраи меҳмонҳо марди тануманди яктаҳи беостин дар тан ва камони садманӣ дар даст бо таҳаввур аз ҷой хест. Ин далерию ҷасорати аз ҳад зиёдро нимаи мардум бо таҳайюр ва чапакзанию ҳуштаккашӣ таҳният гуфтанд. Аммо кулли исфарангиҳо ва дигар ашхоси огоҳ довталабро шинохтанд ва пай бурданд, ки Аҳмади тоҷир ганҷи шойгон ба бегона доданӣ нест ва ин нақшаро пешакӣ тарҳрезӣ карда, навкари кироя Холмати Чочиро зархарид овардааст, ки ҳақиқатан ҳам камонвари чирадаст буда, бегумон шодиёна ба даст меорад.

Абдулмаҷид бо танаффур даст афшонда, бо чашми умед Абдулсайидро нигарист:

– Оё говҷигаре бошад, ки ин гови сиёҳро мағлуб гардонад?

– Ҳаст! – дилпурона садо баровард Назокат. –Ман ҳеҷ вақт намемунам, ки пули додою амакбобои мана одами бегуна гирад. Илло-билло ки рудаю ишкамбаша нохун катӣ чок мекунам!

– Офарин, гурбашери амак! – баланд хандид Абдулсайид. – Хубаш, худат ба майдон баро!

– Ман чува мебурумадиям?! – ҳазлро нафаҳмида, сахт барошуфт Назокат. – Ба ҷойи ман акои Мирмалик камунҷанг мекунад, ин гови сиёҳа ба хок яксун мекунад!

Ин лаҳза Мирмалик дар соягӯшае ба саманди дилбанди худ машварат дошту ҳис кард, ки ёру дӯстон, ҳамшаҳриҳо ва мухлисони қадиму ҷадидаш бо хоҳишу умеду боварӣ сӯяш менигаранд. Зеро дар дабиристон миёни ҳамсабақон дар тирандозӣ ҳамто надошту азбаски тираш қариб хато намехӯрд, қадарандоз мегуфтандаш. Бозувони Рустамона, ки дошту тири камонаш ба дуриҳои дур мепарид, қодирандоз меҳисобидандаш… Мантиқан, аз ҳарифи имрӯза пешдасту бартар аст. Вале… оё мурғи Ҳумо ба китфаш менишаста бошад?

Бо чунин андешаҳо гирдогирди аспрезро аз мадди назар гузаронда, ба аробаи назди даромадгоҳ чашмаш афтиду Абдулсайид ва Абдулмаҷидро шинохт. Ҳамоно панди тағояш дар буни гӯшаш садо дод, ки қабл аз дуо гуфта буд: «Таваккал нар асту андеша мода, ҷиянам. Дар лаҳзае, ки ҷавонмардӣ мебояд, андешамандӣ нашояд!»

Табассум дар чеҳраи Мирмалик гул карду панди падар ёдаш омад: «Афзалият аз ҳариф далели фавқият аст, яъне нишонаи бартарист. Фавқият бошад, далели ғолибият аст, писарам!».

Дигар ҳоҷати истихора намонд. Мирмалик далеру чобук аз ҷой хест. Камон аз ҷӯла бароварду тирдон ба китф овехт ва бебок қадам ниҳода, ба майдон даромад. Ӯро дарҳол шинохтанд ва нек истиқбол карданд. Хуҷандию ворухиҳо яксара ба по хеста, кӯлоҳ ба боло ҳаво дода, гӯё ки аллакай ғолиб омада бошад, баробар «Мир-ма-лик! Мир-ма-лик!!» мегуфтанд. Нигинаю амакдухтаронаш низ баробар қанотак зада, пешу қафо сар аз болопӯши ароба берун оварданд.

Аз чунин пазириш Холмати Сиёҳ лаҳзае карахт гашту қаҳролуд шуд. Вале сир бой надоду аз аспи ғурур поён нафуромада, бо овози димоғӣ дӯғу даранг кард:

– Эй ҷавон, ту ба зиёрати ман омадӣ ё ба муқобили ман?

– На инашу на ваяш! Бо даъвати мунодӣ омадам, то бахт озмоям.

– Тушбераро хом шумурдӣ, эй ҷавон! Ҷое, ки ман бошам, бахт ба фармони ман аст!

– Бахт кӯр аст, адолат бино…

– Суханбозӣ макун, эй ҷавон. Бо ман сарбасар шудани ту ҳоло барвақт аст. Ҳанӯз аз даҳонат бӯйи шир меояд…

– Бӯйи шир беҳтар аст аз туршии хамир!

Холмати Сиёҳ аз ғазаб сиёҳтар шуда, як тоб хӯрду аз дигар дари сухан даромад:

– Эй ҷавон, росташро гӯй: маро шинохтӣ?

– Аз тарҳи суханат фаҳмидосиям, ки хоҷа нестӣ, зердастӣ.

– Маро Холмати қодирдаст мегӯянд! Беҳтарин камонсозу камондори Чоч манам!! Тири камони садмании ман рахна дар санги хоро меканад! Тори камони маро ҳеҷ кас кашида наметавонад!

– Маро ба насабу қасаби ту коре набошад ва аз камони ту ғаму озоре нарасад. Расоям гапбозӣ накун, ки гуфтаанд:

Худписандӣ далели нодонист,

Охири он фақат пушаймонист!

Холмати Сиёҳ боз ба худ печиду хост, бо мушту лагад уштулум оғоз кунад. Лекин аз ғазаби мардум тарсида, ғазаб ба таъна гардонд:

– Эй ҷавон, ту худат кийӣ, ки ин қадар ҳавои даҳан мекунӣ?! Ту дар пеши ман як пашшайӣ!!

– Эй рангобзард! Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!

– Ту дар ду олам фил намешавӣ, эй ҷавон! Фил манам ва ғолиб манам!! Ту навакак дар аспдавонӣ ғалаба кардӣ, обрӯй ва иззат ёфтӣ. Барои кӯдак ҳамин қадараш басу зиёдатӣ! Бисёр махоҳ ва обрӯй макоҳ! Аспсаворӣ дигару камонварӣ дигар аст. Бо ман муқовимат накун ва беҳуда зӯр назан, ки миёнат бишканад!

– Ту ҳам ёзӣ-ёзӣ бисёр накун, ки гарданат нашиканад. Оқибати ғурур ва питӣ-питӣ сари пасту нотавонист!

– Гар намедонӣ, бидон, эй ҷавон: Ораши Камонвар ҷадди волои ман аст!

– Чалов накун! Ораши забардаст ҷадди худпараст нест! Агар тири аз Ому паррондаи вай ба Марв расида бошад, муҳол аст, ки тири ту ба сари теппа барояд…

– Ҳозир ман ба ту тирпаррониро нишон медиҳам! Ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки вориси Ораш манам!! Ҳозир мебинем, кӣ дар камонварӣ сахткаш аст?!

Холмат бо ғурур ва нописандии аввала тир ба камон гузошта, як чашмашро нимпӯш карда, бо қаҳру ситеза хурӯсро ба нишон гирифт. Хаданги чорпари ӯ башаст парида, ба катак расид, аммо ба шифт бархӯрд…

Мирмалик осуда нафас бароварда, болои нишонахат қарор гирифт. Аввал зеҳи камони ҷойдории худро, ки аз пӯсти говмеш буд, бо нӯки ангуштон ламс карда, ҳаяҷони ботин фурӯ нишонд. Сипас бо ҳаракати мавзун тири сурхранги рӯйи тиркаш берун овард. Онро аз чӯби заранги кӯҳи Мевагул сохта, дар дунболаи пайкони фӯлодиаш се пари шоҳин баста буданду барои сайди махсус нигоҳ дошта мешуд ва шоҳиншоҳпар ном дошт. Ҷавони пухтакор саросема нашуда, тирро чилла карду байни чилликҳои қавиии хеш ҷафид ва бо нимовоз гуфт:

– Тир ба чашми хурӯс занам, то борикандозӣ исбот шавад.

Баъди нафасе ин ҷумларо мунодӣ тариқи зайл бо овози баланд такрор кард:

– Мирмалик ибни Мирраҳмат чашми хурӯсро ба нишон гирифта буд ва тири ахтардӯзи вай бехато ба нишон расид!!

Дар аспрез аҷаб ҳангома бархост каснодида ва гӯшношунида! Ин карат хурду бузург ва дӯсту душман – ҳама баробар – шасти хаданги ҷавонмарди баруманди Хуҷандро офарин мегуфтанд. Фақат Холмат истисно буд – лаҳзае гунгу лолу карахт истоду якбора хуни сараш ҷӯшид ва аз шиддати ғазаб зангии занг шуду камони садманӣ ба замин зада, онро лагадмол карда, бо дили пурғам ва сари хам аз аспрез рӯ ба гурез ниҳод…

Ҳеҷ кас, ҳатто Аҳмади Хушмӯйлаб, ӯро нигоҳ надошт. Баръакс, ҳар ду сарпарасти озмун мурғобивор роҳ гашта, бо чеҳраи хандон пеши Мирмалик омаданду бонавбат ба оғӯш кашида, аз сидқи дил табрику таҳният гуфтанд. Аҳмадсайид, ки аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид, дар пешорӯ аробаи худаш ва назди он нури чашмонашро дида, онҳоро ба Мирмалик нишон доду оҷил сӯяшон шитофт.

Садои гӯшнавози ҳокими Исфара дар фазои Моҳпарӣ бори дигар танин андохт:

– Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандиро Худованди меҳрубон мададгор ва бахти баланд ёр гашту бо нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро исбот кард ва ғолиби мутлақи сабқати Исфара шуд!

Зиҳӣ шоҳсавори чобуктарин ва камондори беҳтарин!!

Аҳли аспрез баробар «Зиҳӣ, Мирмалик!!» гуфтанду ин таҳнияти шоҳаншоҳиро дар атрофу акнофи Исфараю Хуҷанду Истаравшану Бухорою Самарқанд ҳама шуниданд.

Ҳокими Исфара бо ду дасти адаб ба шаҳсавори шоҳчеҳра ду нори муқаддаси оламтоб ва ду киса зари холис ҳадя карду овозаи ин тӯҳфаи олишон аз канораи Мовароуннаҳр баланд хеста, Хуросону Хуталону Арабистону Фарангистон ва Чину Мочину Ҳиндустонро фаро гирифта, то гӯши Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Чингизхони муғулнойон расид ва ҳар ду дар орзуи чунин размандаи аспафкан шуданд…

Мирмалик шоду масрур ба Рахшони машҳур савор шуда, ду кисаи зар ба зини асп овехту ду нори муқаддас ба дили даст гузошта, боло бардошт. Ҳама баробар даст баланд карда, беист «Зиҳӣ, Мирмалик!» мегуфтанд. Духтарон низ ҳамранги ҷамоат буданд ва кайҳо аз ароба фуромада, маҳбуби худро ситоиш мекарданд.

Нигинаи гулпераҳан дар сафи пеш меистод, зеро нисбати дигарон шодию сурури беш дошт. Ду рӯяш мисли гули анор шукуфон буду лабони нордонаш дар васфи ғолиби сабқат дурру гуҳар мерехт.

Вақте Мирмалик ду анори муқаддасро баланд бардошт, Нигина ҳам дар пайравии дигарон дастонашро боло намуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза онҳо ҳамдигарро диданду шинохтанд. Дилбараки хубрӯи мавзунқомат чашму абрӯи Золи зар, мӯйлаби навдамидаи шоҳписар ва чеҳраи хандони чобуксавори пурҷигар баръало медид, аммо ҷавон чунин имконият надошт – чеҳраи духтар зери ҳиҷоб нонамоён буд.

Ба ҳоли Мирмалик раҳми Моҳпарӣ омаду оҳ кашид. Дарзамон аз ҷониби нишемангоҳи маликаи дашт шамолаки шадиде вазид ва гиреҳи корро кушод: парда аз рӯи гулпарӣ париду гесӯи шоназада, холи мушкину абрувони пайваста, рухсораи гулнору чашмони олуранг, лабҳои нордона ва садафдандони дона-дона чашмони равшани ҷавони аспафканро шефта гардонд.

Боди мурод пероҳани нафисро ба тани нозукбадан часпонду чашмони шефта дар бари духтари наврасида ду анори навдамида дид ва ба шигифт омад.

Ба шигифт омаду анорҳои муқаддасро тарафи духтар алвонҷ дода, шӯрангез хандид…

Хандаи дили ҳассос ва шефтаю шайдо чунин маъно дошт: ғолиби Моҳпарӣ тайёр аст, ду нори даст якҷо бо дили зебопараст ба кабутари Моҳпарӣ супорад, то ду анори дилрабо ба каф орад!

Нигина ҳам маҳин хандид. Вале аз теғи нигоҳи падар тарсид, аз захми чашми амакдухтар ҳаросид ва зуд парда ба сар кашид. Дигарбора кабутари ниқобдор ва дастнорас шуд…

6

ишроқ – дурахшидан, баромадани офтоб

Нигина ва Мирмалик

Подняться наверх