Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 5
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи чорум. Таснифи саёҳати Сияҳкӯл ва хобу хаёли шоҳини паршикаста
ОглавлениеБо камарбанди наврӯзии аз номи Бимастура ҳадяшуда миёнро маҳкам баста, Мирмалик ҳамроҳи Сабзалӣ ба Ворух омад барои аёдати тағо ва ҳам фотиҳагирӣ. Пас аз ҳолҷӯйӣ ва дидорбинӣ гуфт, ки дар аспрези Исфара мусобиқаи чобуксаворон ва камонварон баргузор мешаваду барвақттар омадаанд, то ба тағйири боду ҳаво мутобиқ шаванд ва аспҳо бемалол кӯфти роҳ бароранд.
– Расо дар вақташ омадед, – изҳори хушнудӣ кард Шайх Бурҳониддин. – Мо азми сафари Сияҳкӯл доштем. Ҳозир Абдулсайиду Абдулмаҷид меоянд, шумо болои кат нишаста, як пиёлагӣ чой нӯшида истед…
– Кадхудову деҳхудо куҷо?
– Аҳмадсайид машғули тиҷорат, ба Марғинону Намангон рафтагӣ. Иброҳимхоҷа андаке нотоб, тафташ баланд…
– Вайро ба ҳолаш гузошта, Сияҳкӯл меравем?
– Деҳхудо нигаҳбони бисёр дораду ин кӯлро ҳазор бор дида, ҳавсалааш пир шудагӣ. Чор нафар будему шаш тан шудем.
– Шашумаш кӣ?
– Неъмат, писари Аҳмади оҳангар.
– Саломатиш созай? – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Сабзалӣ.
– Ҷавони фарохбол шудааст, алмудом маро ғамхорӣ ва дастёрӣ мекунад. Ҳолӣ ҳамроҳи Нигина ва Очанурӣ роҳтӯша баста истодаанд.
– Дарвоқеъ, Нигинаи ҳозирҷавоб чӣ ҳол дорад? – пурсид Мирмалик.
– Рости гап, се рӯз шуд, ки надидаам. Кабутари мастура шудагӣ вай, тамоми рӯз дар пеши Очанурӣ мешинад. Сабақ меомӯзад ва танбур менавозад. Гоҳ-гоҳ суруд ҳам мехонад. Китоби ту овардагиро ҳарф ба ҳарф азёд кардагӣ.
– Барояш боз як китоб овардаму атриёт…
– Чӣ хел атриёт?!
– Хушбӯйтарин атри олам. «Мушки Хуҷанд». Аз беҳтарин гулҳои парвардааш хоҳаракам Гулсимо бо маслиҳати модар тайёр када, тӯҳфа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи қиёматӣ шудагӣ. Саодат китоб дод… Лекин… Кабутари мастура гуфтеду ҳайрон шудам… Тӯҳфаҳоро чӣ хел супорам, тағо?
– Падараш ояд, ба ӯ медиҳӣ. Нигина акнун ба ҳар кас чеҳра наменамояд.
– Эй бобо, Нигинара мо дигар аҳ намебинем?!
– Худо медонад. Дар Ворух ҳама тақводор, ба қоидаю қонуни духтардорӣ сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ҳар саволе доред, аз ӯ пурсед…
Ҷавонон дарҳол аз ҷой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик дӯстона, аммо бо Сабзалӣ ҳамчу ошно мулоқот кард. Абдулмаҷид бошад, ҳар дуро ба як чашм нигаристу чун шиносҳои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:
Меҳри ёрони қадимӣ дар дили ман алмудом,
Меҳмон аз баҳри мо беҳтар зи ҷон аст – Ассалом!
Дарвозаи ҳавлии андарунӣ ғичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хурҷини пурбор сари китф дар ғуломгардиш намудор гардид. Нигоҳи Мирмалик аз паси ӯ ба дарвозаи нимроғ лағжид. Он ҷо суроби духтаракеро дида, тӯҳфаи дугонаҳо ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:
– Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?
Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:
– Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.
Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас намуд.
– Ҳазор раҳмат, акоҷон! – нимовоз гуфт духтараки пардапӯш. –Ин дафъа биёед, дугонаҳоямро ҳамроҳ биёред.
Мирмалик кӯтоҳакак «хуб» гуфту бо чеҳраи арақшор қафо баргашт ва чашм аз нигоҳи тағо гурезонда, ба Абдулмаҷид нигарист:
– Аспсавор меравем ё пиёда?
– Пиёда серӯза роҳ, – ҷавобро мухтасар кард Шайх Бурҳониддин. –Аспҳоро бароред!
Баъде ки деҳистон дар қафо монду кӯҳистон сар шуд, Абдулмаҷид қуфли хомӯширо шикаст.
– Вақте бори аввал шуморо дидам, дудодарон гумон карда будам. Лекин аз лафзи Сабзалӣ фаҳмидам, ки хуҷандӣ нею бегона аст…
– Чизе гуфтосед? Сабзалӣ ҳаргиз бегона нест! – хитоб кард Мирмалик. – Вай додархонди ман!
– Рост мегӯяд Мирмалик. Ӯ ҳам мара ай додари ҷонӣ беҳтарай!
– Хуб кардед, ки бо ҳам бародар шудед.
Бечора касе, ки бе бародар бошад,
Дар рӯйи замин чу мурғи бепар бошад.
Мо, ворухиҳо, дӯсти ҷонӣ, ҳамсояю рафиқи наздики худро «додар» мегӯем. Лекин… ҳар дуи шумо, ки қаблан ҳамсоя набудед, чӣ хел ҳамдигарро ёфтед ва бародар шудед?
Аз оҳанги пурсиши Абдулмаҷид додархондҳо фаҳмиданд, ки вай то ҷавоби шофӣ нашунавад, ором намегирад. Бо меҳр ба чеҳри якдигар нигариста, ба посух пардохтанд. Бо навбат сухан ронда ва гуфтори ҳамдигарро пурра гардонда, ҳам роҳрову ҳам рӯзро кӯтоҳ карданд. Шоири кунҷков ҷавоби бародаронро бо рағбати том шунида, достони ибратомӯзро барои ба риштаи назм кашидан фасл ба фасл матраҳ намуд.
…Мирмалик то понздаҳсолагӣ бештари вақти худро дар Кулангир мегузаронд, ки яке аз мавзеъҳои ободу хуррами беруни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, ҷойи тобистоннишин ва боғу роғи меросии оли Мирабдулло буд. Ҳанӯз дар аҳди Исмоили Сомонӣ ба ивази хизмати содиқона як қитъа замини обӣ ба домоди дӯстдоштаи амир ҳамчун иқтоъ инъом гардида, баъди узви сулола ва амалдор шудан фарохӯри мақому мартабааш ҳудуди мулки ӯ даҳ карат афзуд ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ – маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.
Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.
Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:
– Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.
– Худашон оварданд?
– Ҳа.
– Канӣ дадоҷонам?!
– Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!
Он бегоҳ ҳама шоду хурсанд буданду нишоти падару писар интиҳо надошт. Тамоми шаб Мирмалик аз падар канда нашуд. Фақат ӯро менигаристу фақат ӯро мешунид…
Ин ҳол то ба имрӯз идома меёбад. Чашме, ки чор сол ташнаи дидори падар буд, аз тамошои ӯ асло серӣ надорад. Гӯше, ки чор сол муштоқи сухани падар буд, сӯҳбати ҷонфизои ӯро шунидану шунидан ва боз шунидан мехоҳад. Ва баъди падар амаки меҳрубонаш Мирфозилро хеле дӯст медорад, ки нигаҳбон ва меросдори мулки авлодӣ дар Кулангир асту деҳқони доно ва деҳхудои тавоност. Маҳз бо заковати ӯ Мирмалик як хатои давраи бачагиашро ислоҳ карду маънои аслии «Кулангир»-ро фаҳмид… Вақти хондан дар дабистон мактабдор решаи «Кулангир»-ро мурғи куланг, яъне турна бароварда, барои исботи фикри худ чистоне мисол оварда буд:
Шутури куланги бедум,
На ҷав хурад, на гандум.
Об хурад зи дарё,
Кор кунад ба мардум.
Кӯдакон, албатта ба сухани мулло бовар карданд ва шӯхиомез ба Мирмалик «шутури куланги бедум» лақаб гузошанд. Зеро нисбати дигарон тануманду газгӯшт буду як пояш дар Кулангир қарор дошт. Лақаби масхаромезро шунидан ҳамон Мирфозил мисли ҳезуми хушк даргирифт ва бо итоб ба муллои чаласавод хитоб кард:
– Кулангир ба ҳеҷ ваҷҳ турнахона нест! Ин паррандаи офтобпараст ҳини бозгашт аз сармо ба гармо гоҳе ба деҳаи мо мешинаду гоҳе не. Марду занҳои мо кулангдил, яъне тарсончаку буздил наянд ва ҳама ҷавонҳои кулангирӣ шоистаи корзор, гурдапур ва шердиланд. Шутури куланги бедум шумоед, ки як чиз будани «куланд» ва «кулан»-ро намедонед. Аз ин пас ба кӯдакон дуруст фаҳмонед, ки «Кулангир» марди куландгир, яъне деҳқони асил аст.
Бо ҳамин лақаби масхаромез ба мулло часпиду шаш сол муқаддам ба шарофати Мирфозил – каландгари асил Мирмалик ва Сабзалӣ ба ҳамдигар пайвастанд. На тасодуфан, балки бо хости Худованд: галаи аспу гӯсфандони оли Мирабдулло тобистону тирамоҳ дар чарогоҳҳои фарохдомани Хатлонзамин мечариду ҳар замон Мирфозил ҳамроҳи дастёрон хабаргирӣ мерафт. Он сол низ барои чӯпонҳо нону намаку равғану биринҷ бардошта, додарзодаашро низ ҳамроҳ гирифт, то одаму олам бештар дида, тезтар пухта ва суфта шавад.
Мирмалики саргарми тамошо дид, ки аз ҷониби муқобил аввал чангу ғуборе, сипас аспсаворе намудор шуд. Зуд ба амакаш хабар дод.
– Шояд ки чопари хингсавор бошад, – мад кашид Мирфозил. –Аммо ту хавотир нашав, вай душман не.
Маълум шуд, ки асптоз писараки тахмин сенздаҳ-чордаҳсола буда, бо ашки шашқатор барои имдодпурсӣ омадааст.
– Э туғойӣ, ёрӣ бтен, ки отам мемира!
Мирмалик гапро дуруст нафаҳмид. Вале Мирфозили ҷаҳондида лаҷоми аспи писаракро дошта, ҳар дуро ором карда, бо лаҳҷаи ба ӯ фаҳмо гуфт:
– Соз бифаҳмон, чӣ хел касалай?
– Хирс ҷиқидша! Сару китфуш пури хунай…
Мирфозил, ки аз сирри табобат огаҳӣ дошт, вазъиятро мухтасар ба ҳамроҳонаш фаҳмонду халтаи доруворро гирифта, дарҳол ба асп нишаст ва ба кӯмак шитофт…
Рӯзи дигар маълум шуд, ки Одинаи балҷувонӣ аз боҷу хироҷ ва зулми беҳад ба дод омада, баъди аз мулку манзил маҳрум шудан гумоштаи қарохониро мурданивор зада, гурезаи иҷборӣ шуда, бо чанд сар бузу гӯсфанди лоғар ва зану ду фарзанд дашт ба дашту кӯҳ ба кӯҳ то ин маҳал расидааст.
– Дар ҷойи мо матале ҳаст, ки «камбағалро аз болои шутур саг мегазад», – гуфт Мирфозил баъди ором ёфтани бемор. – Маълум мешавад, ки дар ин диёр одами бечораро хирс мекандааст.
Одина заҳрханде карду беҳолона гуфт:
– Дуруст мегӯйӣ, ака. Камбағал дар ҳама ҷо ҷазирай.
Лаънат ба касе, ки ай Ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад!
– Худро ба даст гиред, бародар. Шумо аз Ватани худ канда нашудед ва ғайри Худо ба ҳеҷ кас банда нестед.
– Ватани бобойии мо ай ин макон хеле дурай, ака. Мо қавми кумайҷем, хокҷойи мо саргаҳи Кофарниҳонай, ака. Ин ҷода ғариб будем, ғарибтар шудем. Сияҳбургут одами хеле бадай! Нобуд мекнадмон…
– Ягон ҷойи дигар, аз хатар дуртар равед.
– Ғайри қабристон дигар ҷойи мерафтагӣ намонд, ака… Хубаш, акаи ҷун, мора ҳамраҳи худ ба Хуҷанд барен. Ай буни дандон хидмат мекнам, ака!
Мирфозил дид, ки Мирмалик аллакай бо писараки асптоз ошно шуда, ҳар ду илтиҷоомез сӯяш нигоҳ доранд, суханро кашол надод:
– Агар ягона илоҷ ҳамин бошад, мо хилоф нестем…
– Барака ёбед, ака. То умр вафо кардана ба шумо вафо мекнам, ака!
Мирмалик даъват ё ишораи амакро интизор нашуда, паҳлӯи писараки саргаранг омад, номашро пурсид ва гарм дар оғӯш гирифт:
– Акнун ту бародари ман астӣ, Сабзалӣ! Асло туро намеранҷонам ва намегузорам, ки касе чалама чатӣ када, ба ту ранҷу озор расонад…
Вақте Мирмалику Сабзалӣ ба синни балоғат расиданд, амаки Мирфозил ҳар дуро наздаш шинонду пурсид:
– Аҳди бародарӣ ягон бор нашикастаед?
– Не, амака! – баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.
– Офарин ба ҳар дуятон! Минбаъд низ ба ҳеҷ аҳди худ хилоф накунед. Имрӯз, ки ба синни балоғат расидаед, як қонуни асосии зиндагиро бароятон таъкид мекунам: аҳди бародарӣ мисли ақди никоҳ муқаддас аст! Ду дӯст ду дасти як инсон аст, ки якдигарро мешӯяд, пок медорад, гарм мекунад ва ҳифз менамояд. Фаҳмидед?
– Фаҳмидем ва итоат мекунем, амака! – боз баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.
– Имрӯз, ки болиғ шудаед ва чун сарв ба осмон сар кашидаед, мояи ифтихори падарони худ бошед. Пешиниён дар рӯзи балоғат миёни писари худро бо камарбанди заррин маҳкам мебастанд. Ҳолӣ ин амал дар хатнасур иҷро мешавад. Вале мо – хуҷандиён, ки расму ойини ниёконро чун гавҳари чашм пос медорем, дар рӯзи балоғати писар ҳатман ба вай тӯҳфаи хубманзар эҳдо мекунем. Бо маслиҳату ваколати падарон ба ҳар кадоматон имрӯз яктоӣ саманди бодпо ҳадя мешавад.
Мирфозил додархондҳои хушҳол ва дилшодро назди галаи аспони тозӣ оварду фармуд:
– Маъқулашро интихоб кунед!
Мирмалик аз галаи аспони адҳамӣ сурхи ҷигарияшро маъқул карду Сабзалӣ аз байни хингзеварон хокистарранги холдорро писандид ва дарҳол онро Хинги магасӣ номида, чуст савор шуд. Мирмалик низ чолок ба сағрии асп нишаст ва сар шуд нахустин сабқати бародарона, ки ним сол бештар тӯл кашид. Вале, як рӯзи наҳси тирамоҳ, ҳангоми ҷаҳидан аз болои хандақ пойи аспи Мирмалик шикасту табъи соҳибаш хира гашт.
Ҳоли Мирмаликро дида, Бобои Одина лаб ба тасалло кушод:
– Зиқ нашав, ҷони бобо. Бароят аспи нав месозем.
– Чӣ хел «месозем?» – шигифтомез пурсид Мирмалик.
– Ай аспи ману амакат. Зиқ нашав, ҳилаша меёвем.
Мирмалик гапи падари Сабзалиро дилбардорӣ ҳисобид. Вале андактар маълум шуд, ки ин марди пухтакор барои «сохтани асп» ҷиддан азм дорад. Ҳисси кунҷковияш боло гирифту пурсида-пурсида фаҳмид, ки замонҳои қадим дар Давон ва Хатлон беҳтарин аспҳои олам вуҷуд доштаанду аспсаворон аз пайванди хинги хатлӣ ва аблақи давон арғумак ба вуҷуд овардаанд. Суғдиён онро мусур мегуфтаанду баъдтар ин аспи бодпар ба саманди тозӣ бадал шудааст, ки хушхирому чусту чолоку беҳад қашанг будааст. Аз ҳама аҷибаш барои Мирмалик он буд, ки Хатлон зодгоҳи Бобои Одина буду Давон зистгоҳи имрӯзаи вай…
– Ҳавои даҳан намекунам, лекин аспи ман ай зоти кумайт беҳтарин хинги Хатлонай! – ба сари мақсад наздик омад Бобои Одина. –Агар ай байтали тозӣ барояш арӯс ёбем, арғумаки зур пайдо мешавад.
– Арғумаки Хуҷанд! – хитоб кард Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки фикри «аспсозӣ» ӯро писанд омадааст…
Сайисҳо ва дастёрон чанд муддат заҳмат кашида, аспи сурхранги Одина бо байтали хокистарӣ тавҷид намуданд, ки даври ҳамлаш аз ёздаҳ моҳ андаке бештар тӯл кашид. Чун фурсат даррасид, тойчае ба дунё омад бо вазни чаҳор пуд бештар ва бемислу монанд – сари хурди аломушкин, гардани дарозу латиф, думи сиёҳсафед ва пойҳои устувору бақувват дошту шабрангу рӯйинасум буд, яъне сумаш мисли пӯлод сахту сиёҳ…
Баъди якуним соли балоғат ба зебосаманди ёлдарозу мушкдуму оташнаъл ва хушрафторе табдил ёфт, ки аз ҳар қадамаш замин миннатдору Мирмалик сарфароз ва хушҳол мешуд. Вай бе ҳеҷ дудилагӣ арғумаки Хуҷандро Рахшон номиду онро на ба тозиёнаю маҳмез ва таҳдиду аспангез, балки бо меҳри дилу сеҳри сухан ва навозиши дасту нигоҳи гарм ба худ ром кард. Рахши навин ҳам тундию ҷаҳидану газидан фурӯ гузошта, ба хубию хушию таковарӣ Мирмаликро соҳиб ҳисобид ва беҳтар аз аспи тозию хинги хатлӣ дар майдон ба хиром омад.
Чаҳоршанбеи гузашта амаки Мирфозил ҷавонҳоро дар саисхона лаҳзае нигоҳ дошт:
– Самандҳои худро тайёр кунед. Фурсате фаро расида, ки дави Рахшону Хинги магасӣ ва маҳорати шумо дар арса ба қиёс бисанҷем. Мусобиқаи асптозӣ ва камонварзӣ дар Исфара ҷавлонгоҳи шумо хоҳад шуд…
Муколамаи шоир ва бародархондҳо ба интиҳо омаду роҳи морпечи оҳугузар ҳам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сияҳкӯл намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё меҳисобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари кӯл нисбати Сайҳун чор-панҷ карат паҳновар аст, аммо ҳарчанд кӯшид, охири толобро дида натавонист.
– Мегӯянд, ки аввали кӯл дар Воруху охираш дар Кошғар, – шарҳ дод Абдулмаҷид. – Агар киштӣ бошаду беист ҳаракат кунад, ин масофаро дар як шабу рӯз тай мекунад.
– Расо воҳима кардӣ, ака! – ханда бар лаб эрод гирифт Сабзалӣ. –Иқа оби бисёр ай куҷо меёя??
– Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сияҳкӯл яхдони бузургест, ки ҳар яхпорааш як кӯҳи азимро мемонад!
– Нахо-од?!
– Абдулмаҷид дуруст мегӯяд, – ба мубоҳиса пайваст Шайх Бурҳониддин. – Аз ин яхчол чор дарёи кӯҳӣ ба чор самти дунё меравад. Яке рӯди Ворух, ки то Сайҳун мерасад. Рӯди дуюмӣ аз Раштонзамин сӯйи Ҷайҳун ҷорӣ мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту чаҳорумаш аз кӯҳистони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар гӯем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузаргоҳ вуҷуд дорад…
– Илтимос, тағоҷон, як нафас таваққуф кунед, – нохост ба тавалло даромад Мирмалик. – Дар китоби тарассул хонда будам, ки «роҳи махфии маълумотрасонӣ байни афшину ихшидҳои суғдӣ аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайёҳону ҷуғрофидонҳо ҷумлаи «деҳаи Ворух канораи Мовароуннаҳр» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ҳақиқат то андозае аён гардид.
– Барои он ки шубҳаат пурра бартараф шавад, як рӯйдоди таърихиро нақл мекунам, – шоирона гап сар кард Абдулмаҷид. – Бобоҳои мо ривоят мекунанд, ки як ҷосуси подшоҳи Суғд Деваштич маълумоти пурқимат дошт, лекин азбаски Самарқанду Истаравшанро лашкаркаши араб Қутайба ишғол карда буд, илоҷи аз он сӯ ба Зарафшон гузаштан наёфта, чапғалат ба Ворух омад. Бо роҳбаладии чӯпоне то яхдон расид. Вале аз сардии ҳаво тоқаташ тоқ гашту маълумотномаи махфиро ҳамроҳи як халтача зар ба дасти чӯпон дод. Яъне, вайро киро карду дар варақе шарҳнома навишт: «Хоҷа, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях қарор дораму яккаву танҳоям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ҷуръат намекунам. Чунки аз хунукӣ сахт метарсам».
– Чӯпон чико кард? – бетоқатона пурсид Сабзалӣ.
– Роҳро, ки хуб медонист, рӯ-рӯи пирях аз ағбаи Масчо гузашту то Панҷакат – қароргоҳи Деваштич расид ва боз як халтаи зар ҳадя гирифта, сиҳату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд…
– Офарини у чупон, ки бузбала будай! – ҳамранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзалӣ. – Фаҳмидум, ки ай Ворух ба ватани ман роҳ будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ҳеҷ нафаҳмидум, ки чӣ ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бадиққат ови кӯла бинед – каб-кабудай, кӯҳҳои атроф, талу теппаҳо сабзи банурай, қуллаҳои барфпӯш сап-сафедай, дар ягон ҷо сиёҳӣ нестай, леки… барои чӣ Сияҳкӯл номуш кардиян?!
– Ман ҳам ҳайрон! – китф дарҳам кашид Мирмалик. – Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу марғзори хуррам ва кабудизори махмалӣ дил ба фараҳ меояд, лекин номи кӯл алаким-чихел таассуроти рангина сиёҳ месозад.
– Айнан ҳамин гапҳоро ман ҳам гуфтанӣ будам, – ҷавонҳои ҳамфикрро ҳамфикр шуд Абдулмаҷид. – Мо, шоирон, ранги хатнависиро оби сиёҳ мегӯему табибҳо оби дидаро оби сиёҳи чашм пиндошта, «оби сиёҳ аз дида равад, чашм сафед шавад» мегӯянд. Дар ин мавзӯъ бароятон як байти аҷиб мехонам:
Оби сияҳ аз замин баромад,
Марг аз дари оҳанин даромад.
Абдулсайид, ки дар гирди дегу оташдон ҷунбуҷӯл дошт, чангу арақи пешонӣ ба остин пок карда, саволомез ба Шайх Бурҳониддин нигарист ва хомӯшии ӯро иҷозати сухангӯйӣ дониста, мулоим лаб ба гуфтор кушод:
– Ин толобро барои он Сияҳкӯл гуфтаанд, ки дар қаъраш аспи сиёҳ дорад. Ин аспи обӣ на тимсоҳ асту на аждаҳо, на моҳӣ асту на наҳанг. Паришамоил асту обпайкар ва безарар, чун бод дар рӯйи об мепараду мисли моҳӣ зери об шино мекунад. Мегӯянд, ки ҳар касе ин аспи обиро бинад, аспафкан мешавад, яъне баҳодури диловар! Ва агар бахташ омад кунаду ин аспи обиро савор шавад, шерафкан хоҳад шудан, яъне ҷанговари диловар ва қаҳрамон…
Абдулсайид ҳезуми нимсӯхтаро дарунтари оташдон хаста, бо чашми озмоиш ба сомеъон нигарист. Сабзалӣ худ аз худ фурӯзон шуд:
– Шакар ба даҳанат, амака! Ина ҳозир фаҳмидум, ки Сияҳкӯл ови мурда нестай, так-таки замин ба чор тараф равонай. Дар ватани мо як дарё ҳастай номаш Хингоб.
Шояд ин ҳаму дарёи Шайхбово гуфтагӣ бошад, ки рафта-рафта аз деҳаи Лабиҷар ба Ҷайҳун мерезад. Бибикалонам мегуфт, ки хинг аспи сиёҳай, маънои Хингоб аспи обияй…
Абдулсайид аз чунин мувофиқат рӯҳбаланд шуда, бо илҳоми дучанд сӯҳбатро тасфонд:
– Навакак кадоме гуфтед, ки аввали ин толоб дар Ворух асту охираш дар Қошғар. Акоям Аҳмадсайид, ки борҳо ба Чин сафар кардаанд, айнан ҳамин хел мегӯянд. Аз гапи акоям донистам, ки дар Қошғар тоҷик бисёру Сиякӯлро Оби ишрат мегӯянд. Зеро борҳо мушоҳида кардаанд, ки ҳар шаб занҳои зебо аз об баромада, дар соҳил бозию шодӣ карда, пеш аз дамидани субҳ баробари ситораҳои осмон аз чашм ғойиб мешудаанд. Ин париёни сияҳчашму сияҳмӯй он қадар нозанину маҳҷабин будаанд, ки аз чеҳраи зебояшон шаби тори кӯҳистон мисли рӯз равшан мешудааст…
– Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханварӣ низ мисли дуредгарӣ устои моҳир будани худро исбот кардед! – лаб ба таҳсин кушод Шайх Бурҳониддин. – Пири тариқати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар Қошғар хешу табор доранду борҳо он ҷо рафтаанд, қабл аз сафари Ворух гуфтаҳои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сияҳкӯлро васф карда, хушбод будани ҳавояшро таъкид намуда, маслиҳат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар соҳили ин толоб фориғ аз кори дунё истироҳат кунам, ки беҳтарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта маслиҳат доданд, ки аз оббозию шиноварӣ дар оби ях барин сарди Сияҳкӯл худдорӣ намоям. Гапро ба шӯхӣ бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи обӣ язнаи маро аллонда, ба ҳалқаи париёни Қошғар мебараду хоҳарам дар Ворух яккаю танҳо мемонад».
Лутфи латифро ҳамагон ба хушҳолӣ пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат таҳтӯли чоштгоҳӣ намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмоҳӣ шаванд. Вале ҳанӯз луқмае дуруст нахойида, ҷавоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бурҳониддин партофт ва ҳой-ҳой бигиристу нолон гуфт:
– Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро илоҷ кунед! – ин бигуфту дасту пойи худ ба ҳозирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ҳар кадом ба андозаи нахӯди сиёҳ. – Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби маҳалла дору молиду … баъди ҳафтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ҳатто мазори озахи Хуҷандро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид… Занам аз хона баромада рафту ҳамсояҳо худро аз ман дур кашиданд. Лоҷарам, худро ба кӯҳи беодам задам, то…
– Кифоя! – аз садои ногаҳонӣ ва омиронаи Шайх Бурҳониддини Қилич ҳама қад парида, даст ба гиребони ҳайрат бурданд, ки ин касалманд аз куҷо пайдо шуду чаро Пири хушмуомила ногаҳон шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо нигоҳи мӯшикофу муҷарраб ба озахҳои пушти дасти ҷавонмард нигаристу шиддати сухан саҳле паст гардонд. – Агар як ҳарфи дигар ба забон орӣ ва қасди худкушӣ кунӣ, осӣ мешавӣ! Чӣ ном дорӣ?
– Зариф.
– Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!
– Ҳар чӣ фармоед, эй бузургвор, бе чуну чаро қабул мекунам.
– Худованд мададгори ту бошад, эй Зариф, ки ҳозир сухан аз сидқи дил гуфтӣ. Акнун бархезу ба Ворух баргард. Аз бозор чил мисқол ҷигари гов ва ним ман шалғами сафед, як тикка карпоси наву ним газ ресмони тоза бихар. Ба тани поку либоси намозӣ дар кулбаи тозаву озода маро интизор бош. Иншооллоҳ, баъди се рӯз ба хидматат мерасам.
Аз ваҷоҳати Зариф маълум буд, ки муомилаи хуш ва фармоишоти мушаххасро шунида, пурдил гаштааст. Вале аз чашмони гиряолудаву забони парсингбастааш каломи дигар баромад:
– Бо Қуръони шариф қасам хӯрдаам, ки агар сиҳат нашавам, ба Ворух барнамегардам. Ду рӯз боз луқмае ба даҳон набурдааму назди мазори Чилмурғон шумою Неъматро дида, қиссаи сиҳатшавиашро ба ёд оварда, чун соя аз қафоятон омадам. Шайхбобо, илтимос, илоҷе ёфта, ин маризи исқоту ифлоса аз баданам дур кунед…
Кӯдаквор гиристани ҷавонмарди тануманд дили ҳамаро обу адо гардонд. Шайх Бурҳониддин хаёломез муддате ба қуллаҳои барф-пӯш нигариста, ба хулосаи қатъӣ омад магар, ки аз Абдулсайид пурсид:
– Дар кӯлбори сафарӣ ҷигар ҳаст?
– Ҳаст. Лекин шалғаму ресмону карпос нест…
– Манда ресмон ҳастай! – чобук аз ҷой хест Сабзалӣ. – Дар зини асп кашолай. Ҳозир меёрам.
– Бобоҷон! – беҷуръатона аз домони Шайх Бурҳониддин кашид Неъмати дувоздаҳсола. – Модарам барои эҳтиёт ба ман як куртаи карпос додагӣ. Наппа-нав, дина дӯхтагӣ, ҳанӯз пӯшидагӣ не…
– Агар шалғам ёбем…
– Андаке поёнтар, дар паҳлуи нахудзор ду-се хат шалғам ҳаст…
– Худои меҳрубон мададгори туст, эй Зариф! – даст ба ҳам совид Шайх Бурҳониддин. – Раву даҳ-дувоздаҳ дона шалғам канда бо оби чашма пок шуста биё.
Баъди омадани Зариф бо дастури Шайхбобо Устои гулдаст лахти ҷигарро ба андозаи санҷид чилпора карду Мирмалик шалғамро пӯст канд, Сабзалӣ ресмон оварду Абдулмаҷид куртаи навро ба карпоспора табдил дод. Неъмат оби ширгарм ҳозир намуду дастобрези бобояш шуд, ки ӯ Зарифро дузону шинонда, бе ҳеҷ муқаддима фармуд:
– Аз Каломуллоҳ ҳар чӣ медонӣ, бихон!
Тиловати беҷуръатона зуд анҷом ёфт. Шайх бо таассуф сар ҷунбонда, «кам асту ноқис» гуфт ва афзуд:
– Ҳар як ояту сураҳои Қуръони шариф дардеро дармон мешавад, агар мариз ихлоси том дошта бошаду тану дилу дасту забони пок. Ба қавли Пайғамбари олам ълайҳиссалом «Инналлоҳи назифун юҳибал низофата». Яъне, Худованд пок асту поконро дӯст медорад. Фаҳмо, эй Зариф?! Хоҳӣ, ки шифои комил ёбӣ ва рӯзгорат ноқис набошад, Каломи Аллоҳ ноқис махон!
– Фаҳмидам, эй Бузургвор, – дарҳол ҷавоб гардонд Зариф ва илова кард, ки ин суханро қаблан аз ягон муллои табиб ва табиби дуохон нашунидааст. – Як муллои исфарангӣ маблағро пешакӣ гирифта, нимғурма дуо хонду ҳафт бор «Ё ҳу ё манҳу ё ман ло илоҳа иллоҳу» гӯён намаки дамандохтаашро ба озахҳо пошид. «Албатта шифо меёбӣ» гуфт. Озах муддате гум шуд, вале баъди як моҳ аз нав сабзид. Табиби самарқандӣ дар бораи ихлосу халос хеле гапи китобӣ гуфту бисту як бор сураи «Ғошияҳ» хонду ба рӯйи озахҳо шуф кард. Вале ман аз ин захми мункар бо дидаи тар мондам. Дар хонақоҳи мазори озахи Хуҷанд муллотабиб «Ганда-гунда, канда-кунда, аз дилу ҷигару зоную иштолинг ва мағзу устухони ин банда бишав парканда – пароканда!» гӯён, бо касрат «Ё Аллоҳ!» вирд намуда, салавоту дуои шифо хонд. Ҳайҳот, иллат бо ягон ҳиллат шифо наёфт…
Шайх Бурҳониддин дар ҷавоб ҳеҷ нагуфт, зикри хуфя ба анҷом расонда, беморро нимбараҳна гардонд ва бо дидаи нозукбин ҳар кадом озахро мушаххас муойина кард. Сипас бо тиловати сураи «Фотеҳа» ҳама озахҳо бо карпоспорае пок намуда, аввал як бурда пӯсти шалғамро ба озахи канорӣ молиду онро ба Неъмат дод, то дар болои карпоспораи дигар ҷамъ орад. Тиловатро аз нав шурӯъ карда, лахте ҷигарро рӯйи ҳамин озах совиду онро низ ба Неъмат супорид, то дар карпоспораи сеюм гузорад. Дар фуроварди қироат ба ресмон як гиреҳ андохту онро сари китфи Сабзалӣ овехт.
Лаҳзае нафас рост карда, тиловати «Алҳамд» аз нав оғоз намуд ва тарзи аввала пӯсти шалғаму лахти ҷигар рӯйи озахи дигар совид ва дуюмин гиреҳ дар ресмон андохт…
Баъде ки охирин озах сила гардид, миқдори гиреҳи ресмон ба сию ду расид.
– Агар чилгиреҳ мешуд, кор бенур мешуд! – оҳи сабук кашид Шайх Бурҳониддин. – Сию ду озах дарди бахайр аст, осуда бош, эй Зариф. Ҳозир мо чойнӯширо давом медиҳем, ту карпоспораи пур аз пӯсти шалғамро бигиру ягонтояшро ба замин нарезонда, болои ягон тахтасанги офтобрӯя тунук пошида биё.
Зарифи аз ин гапу корҳо саргаранг бо андаке таъхир баргашту даст пеши бар ҳарфе нагуфта мунтазири амри навбатӣ рост истод.
– Акнун карпоспорае, ки пур аз ҷигари озахмол аст, бигиру ба кӯҳ барою ҷое дарёб, ки гузаргоҳи ҳайвонот бошад ва ҳам бодраҳа, то бӯйи ҷигар ба атроф зуд паҳн шавад. Худат дар камаре ё шохи дарахте пинҳон интизор бош, то гурге, ё рӯбоҳе, ё шағоле ҷигарро битамом хӯрад. Карпоспораро наафшонда биёр.
– Агар ҷигарро саг хӯрад, бад мешавад?
– Пишак ҳам хӯрад, хуб мешавад, фақат ҳамаашро пок-покиза хӯрад. Эҳтиёт бош, ки паррандае ягон ҷигарпора ба ҳаво набарад! Хубаш, ба деҳа раву бо хотири ҷамъ гурбаи ошолудеро зиёфат карда, пагоҳ биё…
Зариф, ки ба деҳа нарафта буд, ҳамон бегоҳ – пеш аз намози шом бо чеҳраи хандон омад ва гуфт, ки «шағоле ҷигарро як луқма карду аз шодӣ дурудароз уллос кашид».
– Аз ту миннатдор шуда, дуо кардааст, ки зудтар сиҳат шавӣ!– гапро ба шӯхӣ кашид Абдулмаҷид. Аммо Шайх Бурҳониддин бо оҳанги ҷиддӣ ба табобати ғайриоддӣ нуктаи таммат гузошт:
– Шод бош, эй Зариф, ки дарди ҳаринаи туро шағоли гурусна пок-покиза хӯрдааст – то даме, ки ҷигар дар меъдааш ҳазм мешавад, гандагӯшти озахҳоят ҳилм пухта мерасад ва баробари хушк шудани пӯсти шалғам ҳама озах хушк шуда, ҳардуро боди фано мебарад.
Бо як нигоҳ маро маълум гардид, ки озах ба дасти ту аз модагов гузаштааст, яъне табиати модина дошт. Аммо табибоне, ки номбар кардӣ, ба озах ҳуҷум оварда, решаро надидаанд. Мо ҳам аввал ба озах ҳуҷум кардем. Пӯсти озах бо пӯсти шалғам, гӯшти озах бо ҷигар тафтид ва ҳолиё, дар марҳилаи фаност. Аммо решаи сию ду озах ҳанӯз дар бадани туст, ки бо ришта бастаем. Ин риштаи тофтаро аз дасти Сабзалӣ гиру худат ба оташ андоз, то сӯхта, хокистар шавад. Сипас ҳар се карпоспораро оташ дардеҳ, то аз озахи севол нишоне намонаду баробари дуди матоъ дуди ҷигарат берун барояд. Акнун ту озодӣ, эй Зариф. Хоҳӣ, ҳамроҳи мо бош…
– Андаке поёнтар сарпаноҳе ҳаст. Хубаш, муддате танҳо бошам…
Зариф пас аз лаҳзае бо як бағал растании сӯзанбарг баргашт.
– Ташвиш кашида, ҳезум овардӣ? – пурсид бо тааҷҷуб Сабзалӣ. –Чӣ даркор?! Атроф пурай.
– Ҳезум не ин, растании шифобахш…
– Чӣ ном дорад? Ба кадом дард шифоай?
– Номаш зағоса, барои Шайхи аъзам овардам. Дамкӯтоҳию нафастангия табобат мекунад…
– Чӣ хел?
– Бобоям мегуфтанд, ки агар сӯзанбарги зағосая хушк кардаю кӯфтаю бехта, як каф ба зери забон партоӣ, асло зиққинафас намешӣ, – Зариф банди зағосаро ба дасти Мирмалик доду Шайх Бурҳониддинро бо тавозӯъ нигарист. – Эй Пири муаззам, тӯҳфаи дарвешонаи маро қабул кунеду аз табибҳо пурсед. Агар гапи ман дуруст бошад, дар Хуҷанд истифода баред.
Шайх Бурҳониддин растаниро бодиққат аз назар гузаронда, хаёломез гуфт:
– Ин рустанӣ барои мо ношинос нест. Зардуштиён онро ҷӯшонда, аз маҳлулаш нӯшокии муқаддас – хаома тайёр мекарданд. Маълум мешавад, ки хокааш низ нафърасон аст.
Ташаккур, эй Зариф, ки барои табобати дарди ҳаринаи мо кӯшиш ба харҷ додӣ…
– Худованд ба ҳардумон шифо бахшад. Хайр, ман рафтам.
* * *
Чун торикӣ атрофро фаро гирифт, ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Мирмалик тибқи одат пеши Рахшон рафта, гардану тахтапушташро хорумол карду лундақанде хӯронда, хотирҷамъ болои кӯрпачаи дар алафзор густурда дароз кашид. Муддате рӯйболо хобидаву аз осмони софи пурситора чашм наканда ва шохчаи зағосаро ҳар замон шамида, гапу рӯйдодҳои хелмахели имрӯзаро бо ғалбери хаёлангез покбезӣ намуд. Аз ҳавои серун чуқур-чуқур нафас кашида, ҳис кард, ки чашмаш гарм мешавад. Оҳиста ба паҳлӯи рост гашту зери лаб «дами субҳ бо оби Сияҳкӯл шинос мешавам» гуфт ва осуда хоб рафт…
…Шиноварӣ дар хуни Мирмалик ҷорӣ буду аз бозе, ки худро мешинохт, аз таҳсилу кор фориғ шавад, ба соҳили дарё метохт ва худро бо як ҷаҳон шавқу шодӣ ба оғӯши оби гуворо ва ҳаловатбахши Сайҳун меандохт. Рӯзе ҳаво бениҳоят гарм ва дам шуду ҳарчанд кӯшид, саҳифае хонда натавонист. Лоҷарам аз устоди дабиристони ашрофия Абдуҷаббори Хуҷандӣ илтимос кард, ки соате истироҳат фармояд, то шогирдон майнаҳои гиҷгаштаро бо оби Сайҳун чайқонда, коршоям намоянд. Устод хандиду гуфт:
– Лаҳзае қабл аз хаёл мегузарондам, ки касе ишора ба Сайҳун кунад, дарёнавол аст. Маълум мешавад, ки наволаи ту аз дарёст!
Устод ва шогирдон чун бар лаби дарё расиданд, ҷавонон шарму одобро ҳамроҳи худ ба об афканда, дар тунукобаҳо чун ғукчаҳо дасту по мезаданду шавқун мекарданд. Мирмалик аммо ба онҳо ҳамроҳ нашуду аз устод Абдуҷаббор иҷозат пурсид, ки то ба он соҳил шиновар рафта ояд.
– Дарё паҳновару гирдоб хатарнок нест магар?
– Не, устод. Маро аз хурдӣ одат аст, ки ҳар рӯз як маротиба Сайҳунро убур када, беист ба ин соҳил баргардам – хоҳ тобистон бошаду хоҳ зимистон.
– Аҳсан ба ту, дарёнавола! Лекин, ба ҳар ҳол, эҳтиёт бош. Бо Сайҳун шӯхӣ кардан хатост!
Шогирд «хуб» гуфту либос бадар кард ва хост аз баландӣ худро ба об ҳаво диҳад. Вале… дар пеши чашмаш дарё тағйир ёфту паҳну васеъ гардид, рангаш мисли осмон нилгун шуд. Яъне, Сайҳун ба Сияҳкӯл табдил ёфт. Азбаски Мирмаликро аз раъйи худ гаштан одат набуд, бедаранг ба об парид.
Аз оби сарду тоза танаш роҳат карду покию беғуборӣ имкон дод, ки нотарсона чашмонашро кушода, ба гирду пеш нигарад. Хуш шино мекарду лаҳза ба лаҳза шефта мешуд ба оби зулол, ки бо ҷилою равшании худодод олами дигаре пеши назараш ба ҷилва овард. Аввал гули обие дид, ки на барг дошту на реша, сипас чанд моҳие ба назараш намуд тиллоранг. Ва боз сангпуште диду садафу гавҳару марвориди бешумору рангоранг. Баъд гули зарде пешорӯяш баромад, ки дар оби каб-кабуд аҷаб зебою дилписанд метофт.
Мирмалик торафт нафастанг мешуд, лек дандон ба дандон совида, обнавардӣ ва тамошои олами нафосат идома медод.
Баногоҳ манзара тамоман дигар гашту як села моҳию моҳичаҳо ҳаросон аз паҳлӯяш гузаштанд. Аз думи онҳо моҳии бузурги даҳшатафкан шино мекард ва чун наздик расид, Мирмалик баръало дид, ки он наҳанг нею аспи сиёҳи обист!
Гапи Абдулсайид ёдаш омаду нафаскаширо фаромӯш карда, бо тамоми қувват дасту по зада, бо азобе ба тахтапушти лағжонаки саманди афсонавӣ нишаст, то шерафкан шавад.
Нишастан ҳамон аспи обпар тезтар аз тири камони қодирандоз пеш парид ва дар як мижазанӣ шаҳсавори худро ба он тарафи Сияҳкӯл, ба ҳалқаи париёни обӣ расонд, ки рӯйи сабзаи маҳини домони кӯҳ ҳамоғӯш бо лолаву гули наъно нишаста, шабро бо хушҳолӣ ҷониби рӯз мебурданд. Ҳама зулфи каҷу қомати чун алиф рост доштанду ҳусну ҷамоли ҳайратангез ва яке аз дигаре зеботар менамуд. Аспсавори ҷавону хубчеҳра ва қавипайкар мафтуни ҷамолу ҷалоли хубони хубрӯй гашта, муддате лабташнаю дилҷастаю ҳайрону ночор истод. Ва… чун нек нигарист, Нигинаро дар байни париҳои паррон дид, ки хиромон мерақсид. Ҳуш аз сару ранг аз рӯяш парид. Саросема аз асп фуромад ва ба соҳил баромад, то Нигинаро аз банди париён халос кунад.
Ӯро дидан ҳамон париён нопадид гаштанду Нигина ҳам ғайб зад.
Мирмалик хост номи духтаракро ба забон оварда, баланд фарёд кунад. Вале аспи обӣ пештар овоз бароварду марғуланок шиҳа кашид.
Бо шунидани садои гӯшнавоз Мирмалик аз хоб бедор шуд…
Аз болин сар бардошта, ҳаросон ба чапу рост чашм давонд. Боз шиҳаи асп баланд шуд. Ин дафъа Мирмалик садои Рахшонро дарҳол шинохт ва бесаранҷом гашта, ба марғзор дида дӯхт. Дид, ки дар паҳлӯи Рахшон боз як аспи сиёҳ истодааст. Бо пушти даст чашмонашро молида, бовар кард, ки он чӣ мебинад, давоми хоб нею дар бедорист ва ҳамон аспи обии навакак дидааш бо арғумаки хуҷандӣ гардан ба гардан молида, хингвор гуфтугӯ доранд!
Ҷавони нимхобу нимбедор лаҳзае ноҷунбон нишастаю зери лаб калима гардонда, нақшаи амал кашид. Ба чунин қарор омад, ки ноаёну бесадо ба сияҳсамандҳо наздик омада, оҳиста ба аспи обӣ савор мешавад. Бо ин ният аз ҷой хест. Худи ҳамон лаҳза аспи обӣ чароғпоя шуду баланд шиҳа кашид ва дартоз ба Сияҳкӯл ҷаҳид…
Орзуи ширини Мирмаликро об бурд. Пушти даст бо дандон газида, зиқуннафас ҳамроҳонро нигарист ва андаке осуда шуд – ҳама ғарқи хоби ширин буданду рӯйдоди афсонавиро надиданд ва ба ҳоли ҷавони нокомгашта нахандиданд.
Чанд гулӯ ҳавои тоза даркашида, андак ба худ омад ва хост пеши Рахшон раваду дарди дил ба ҷонвари рамузфаҳм гӯяд ва бори вазнин аз дӯш поён фурорад. Аммо аспи доно ишора намуд, ки майли сӯҳбат надорад – дасту пойҳояшро ба таги шикам кашида, чун дигар ҳамҷинсонаш фук болои сабза ниҳоду хобид…
Мирмалик дар замину моҳи мунир дар осмон бо шаби пурафсун танҳо ба танҳо монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ҳамроз ва нигаҳбони моҳи нокоста ва ҷавони навхоста буданд, мисли душизаҳои париваш дар рӯйи оби мусафои Сияҳкӯл аксандозию обсаворӣ карда, мекӯшиданд то шаби пурҳаводисро сония ба сония кӯтоҳ намуда, ба рӯзи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситораҳои хурду калон аз дуру наздик ҷониби вай чашмак мезаданд, то сухане бигӯяд ва бори дил сабук намояд. Зеро онҳо медонистанд, ки сангҳои гунгу хомӯши атроф қудрати суханфаҳмию дилбардорӣ надоранд. Ҷавони яккаву танҳо миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афсӯс мехӯрд, ки онҳо дастнорасанду вай дасткӯтоҳ ва ҳини шабзиндадорӣ наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. Ҳарчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фақат бо шамъи нигоҳ метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ҳаросу ваҳмро дур афканад…
Оре, ҷавони камсухан ва камтаҷриба, ки қаблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ҳолати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзалӣ ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе парӣ дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо парӣ гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш қиёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахтӣ пешорӯяш қарор дорад. Аммо зиқ шуд аз он ки Нигинаро аз ҳалқаи париён озод карда натавонисту вай ғойиб шуд.
Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ҳанӯз дар бедорӣ аз мадди назари меҳрполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ҷаҳон умеду орзу аз Хуҷанд армуғони дӯстӣ овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ӯро ҷавони номаҳрам ҳисобида, лоақал як бари рӯяшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулмаҷид гӯем, кабутари хонагӣ шоҳини паркушодаро паршикаста кард.
«Ҳоло Нигина дар куҷо бошад?» – худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни гӯшаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хоҳад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедорӣ натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»
Ба ин пурсиш посух наёфта, мулоқоти ду сиёҳсаманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он оҷиз монду каломи модаркалонашро аз дуриҳои дур шунид: «Хоби парешон ба чароғ гуфтан даркор, то бадияш бисӯзад!»
Мирмалик дубора зиқ шуд: зеро медонист, ки дар кӯҳистон чароғ нест. Вале ба осмон нигаристу гули рӯяш шукуфт: моҳи тобон – чароғи осмон ягона мӯнису ҳамрозаш буду бе ҳеҷ дудилагӣ хоби парешон ба моҳи дурахшон гуфт, то сиёҳию тирагиҳояш равшан шавад.
Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба моҳ гуфтан ҳамон хотири парешони Мирмалик ҷамъ гардид. Зери лаб хандид. Ба қарори қатъӣ омад, ки субҳ ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андешаҳои барҳам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…