Читать книгу Нигина ва Мирмалик - Додохони Эгамзод - Страница 3
КАБУТАРИ БИҲИШТӢ
Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд
ОглавлениеНигина, ки ҳафтмоҳа таваллуд шуда буд, дар панҷсолагӣ ба хондан шоиста гашт. Рӯзи чаҳоршанбеи аввали моҳи шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукниҳоли хеш ба пеши Бибӣ Заҳро бурд ва салому ҳолпурсӣ карду афзуд:
– Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.
Бибӣ Заҳро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо лаҳни навозиш гуфт:
– Кори хуб кардӣ, духтарам. Аз ҳамин лаҳза Нигина маро ҳамчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ҳушёр аст. Агар қобилу гапдаро шавад, ба осонӣ хондану навиштанро ёд мегирад.
Нигина дасташро оҳиста раҳо карда, қадаме қафо гузошту бо сари хам ва гардани каҷ ғурунгид:
– Гапдаро намешам ман…
Модар лаб газиду муаллимаро завқаш омад ва хам шуда, пешонаи кӯдакро бӯсид:
– Офарин, ҷони бибӣ, ки хатои маро ислоҳ кардӣ! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду насиҳати маро бодиққат гӯш кун. Хуб?
– Хуб шудааст, бибиҷун! – нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва сӯйи модар панҷаи падруд афшонда, аз қафои муаллима ба мактабхона даромад.
Аз байн як моҳ гузашт. Боре Бимастура барои куртадӯзонӣ ба дӯкони чевар раҳсипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро машғули сангчабозӣ дид. Бачагияш ёд омаду лаҳзае истода, хаёломез он сӯ нигарист ва… Нигинаро шинохт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба бозӣ банд буду ҳафт сангчаро ба пушти даст ниҳода ва чолокона боло ҳаво дода, моҳирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.
Куртаю чевар фаромӯш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилтоқа мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як қад париду барқвор аз ҷой ҷаҳид ва гунаҳкорона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.
– Эй ҷуни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарчаҳои бегуна бозӣ мекунӣ?
– Аз дарс гурехтагӣ не ман. Маълима ҷавоб додагӣ.
– Чува ҷавоб дод?
– Дар таги коса ягон нимкоса ҳай. Канӣ пеш даро, ба мактабхуна равем.
Аз нақли бибиотун маълум шуд, ки як ҳафта боз рафтори Нигина дигаргуна шудааст.
– Духтаратон сабақ омӯхтан намехоҳад, – лаб ба шикоят кушод омӯзгор. –Дилу бедилон ним соат мешинаду сабақро нисфу нима ғурува карда, бо ҳар баҳона ҷавоб мепурсад. Имрӯз гуфт, ки «сахт дард мекунад сарам, ҷавоб диҳед…»
– Эй ҷуни модар, чува дурӯғ гуфтӣ?
– Дуруғ нагуфтиям ман. Ба Худо қасам, ки аз ҳарруза «алиф, бе, те, се» гуфтан ба дард дарумад сарам.
– Ин хел бошад, чува пеши ман нарафтию бо кудако машғули бозӣ шудӣ?
– Бозӣ кунам агар, дард намекунад сарам. Торафт зиёд мешад шавқу ҳавасам…
Модар бо тааҷҷуб ба муаллима нигаристу вай бо таҳайюр ба Нигина. Зеро аз тарзи суханронии кӯдак пай бурд, ки Худованд вайро на барои илмомӯзӣ, балки барои бозию шодӣ офаридааст. Ёдаш омад рӯйдоди дирӯза: дар таъзия ҳузур доштанаш зарур шуду чун ҳамеша ба ҳар толиба вазифаи мушаххас супорида, хотирҷамъ рафт. Баъди соате баргашту хун ба сараш зад – синфхона ба бозор табдил ёфта буд! Чор толиба лавҳаи ҳарфнависиро мисли таблаку доира «менавохтанд»-у чори дигар кафкӯбӣ мекарданду Нигина ҳамроҳи духтараке арғушт мерафт. Таҳпурсӣ нишон дод, ки ташаббускори «дарси рақс» Нигина будаасту дигар духтарон ба як пуф маътал…
Бибӣ Заҳро албатта, ҳамаро гӯшмол доду хост Нигинаи питирросиро сахтакак танбеҳ диҳад. Вале ин маҳмадоно бо лутфи ширини кӯдакона «гоҳ хондану навиштан-гоҳ бозию рақсидан табъи дили мо» гуфту деги ғазаби муаллима аз ҷӯш монд…
Бибӣ Заҳро хост ин рӯйдоду гапҳои соядори Нигина ва хулосаи худро рӯйирост ба Бимастура ифшо намояд, вале Нигина пешдастӣ кард:
– Зиқ нашавед, бибиҷун. Раҳе, ки маро пеши чашм асту мебинам дар хоб ҳар шаб – дигар аст, аз паҳлӯи мактабхона мегузарад…
– Вай чӣ хел раҳ будааст?!
– Агар пурсанд мегуям ба додоям…
Абдулсайид нақли ҳамсарашро бодиққат шунид ва Нигинаро пеши худ хонду бо табассуми малеҳ пурсид:
– Рост аст, ки ҳар шаб як хоби ғалатӣ мебинӣ?
– Ҳамин хел, додоҷун. Як шаб мебинам, ки доира дар дастам, шаби дигар мекунам танбурнавозӣ, сеюм шаб мерақсаму мечархам…
Модар аз ҳайрат чашм калон кушоду беҳол ба девор такя зад. Вале ҳолати падар тағйир наёфт:
– Дар бедорӣ чӣ?
– Рубобу аҷабрудро бинам агар, гум мезанад дилам…
Падар фаҳмид, ки ҳаваси омӯхтани созҳои мутрибӣ дили кӯчаки Нигинаро ба туғён овардааст. Азбаски духтари яккаву ягона ва талабида-талабида бо душворӣ ёфтаашро аз ҷон бештар дӯст медошт, нахост вай дилшикаста шавад.
– Худи ҳамин рӯз бароят дафча месозам, духтарҷон. Ба амакбобоят мегӯям, ки аз Хуҷанд танбӯру рубоб биёранд…
– Чӣ хел нағз, додоҷун. Навохтан мехоҳад дилам. Гуфтам-ку: роҳе, ки мебинам дар хоб, дигар аст…
– Роҳе, ки аз паҳлуи мактабхона мегузарад, ба дабистон мебарад, духтарҷон. Рост, он ҷо сози мутрибӣ меомӯзонанд, лекин фақат ба писарбачаҳо…
– Медунам, ки шумо метунед илоҷашро ёфтан, агар хоҳед, додоҷун…
– Дуруст мегӯйӣ, эй духтари азиз. Бо дилу ҷон мехоҳам, ки ту бо роҳи дилхоҳат пеш равӣ. Лекин асло аз ёд набарор, ки агар алифборо надонӣ ва хату савод надошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ созу навои мут- рибӣ омӯхта наметавонӣ…
– Мағзи гапро фаҳмидам, додоҷун! – хандид Нигина ва бо шодӣ аз ҷой хест. – Меравам ман мактабхуна, шумо равед устохуна…
Абдулсайид, ки ҳамеша дар миён теша дошт, рост ба лаби ҷӯйи калон рафта, аз сиёҳбеди бобоӣ шохаи ғафсиаш банди пой баринро кал карду аз қисмати поёнаш чӯбдастаи дугазӣ ҷудо намуд. Сипас ба устохона даромада, бо мадади арраю ранда онро ба тахтапораи ҳамвори чоркунҷа табдил дод ва таротар даруни дастаки элак ҷо кард, то шакли мудаввар гираду барои дафчасозӣ кор ояд. «То шакл гирифтану хушк шудани тахта пеши Ҳамиди оҳангар рафта, барои дафча ҳалқача сохтан даркор» – худ ба худ ғурунгид усто ва зери лаб суруде замзама намуда, ба кӯча баромад.
Ҳавлии рӯ ба рӯ азони акояш Аҳмадсайиди бозаргон буду дарвозаро нимроғ дида, барои ҳолпурсӣ самти ҳаракатро тағйир дод. Дар тахтакати соябондор кадхудои ҳавлӣ ва кадхудои деҳа сӯҳбати гарм доштанд. Халал расондан нахоста, қадам ба қафо гардонд. Вале бародараш бо ишорати даст ӯро пеш хонд:
– Наздиктар биё, додар, ки расо дар вақташ омадӣ! Биёю ба паҳлӯям шин ва гапи Хоҷаро дугӯша шунав.
Иброҳимхоҷа бо усто нӯгидастӣ салом карду ҷумлаи нотамомашро аз нав сар кард:
– Соате қабл аз дорулҳукумати Исфара қосиди мӯйлабдарозе омада буд. Паём расонд, ки пагоҳ аз Хуҷанд меҳмонҳои олитабор меоянду яке хотун аст. Аз номи ҳоким дастур дод, ки пазироӣ ба дараҷаи олӣ шавад. Ин хабарро шунида, сарчархак шудам: оё иззати меҳмонҳоро ба таври шоиста баҷо оварда метавонем?
– Агар хабари омадани меҳмон аз худаш пештар биёяд, худ аз худ маълум, ки басо мӯътабар аст. Лекин, эй Хоҷа, ту бисёр ташвиш накаш – як гӯсфанди сафеди бахта тани ман! – чун ҳамеша ҳимат баланд бардошт Аҳмадсайид. – Ана ин ду меҳмонхонаи тозаю озода дар ихтиёри туву меҳмонҳоят. Нону фатири равғанӣ барои даҳ нафар то баромадани офтоб ба қадри кофӣ, ҳатто зиёдатӣ тайёр мешавад.
– Офарин бар ҳимати баландат, эй бозаргони бузург! Лекин… агар меҳмони бисёр биёяд, чӣ кор мекунем?
– Аз даҳ зиёдаш меҳмони ман! – бо тавозӯъ даст пеш гирифт Абдулсайид. – Мо ҳам чанд бузу гӯсфанди фарбеҳ дорем. Бо меҳмонзанак Бимастура машғул мешавад.
– Шуд! Гап пухт! – ҳадаҳа аз ҷой хест Иброҳимхоҷа. – Ман рафтам. То омадани меҳмонҳо паноҳатон ба Худо…
Чоштгоҳи рӯзи дигар меҳмонҳои хуҷандӣ бо роҳбаладии чопари махсуси деҳхудо аз дарвозаи Аҳмадсайид дарун даромаданд. Онҳо ҳамагӣ чор нафар буданд – ду ҷавони аспсавору марди солоре лабочапӯш ва аврате фаранҷидор дар ароба ором нишаста. Кадхудои деҳа, ки ҳамроҳи имом-хатиб барои пешвозгирӣ омада буд, ҳарчанд синча кард, ҳеҷ кадомеро нашинохту тарбуз аз бағалаш афтид. Зеро вай ибораи «меҳмонҳои олитабор»-ро ба таври худ фаҳмида, ҳукуматдорони хушлибос ва салобатноки хуҷандиро интизор буд. «Одамҳои одӣ будаанд, кирои гӯсфанд куштан не» аз хаёл гузаронд деҳкалон ва маънидорона ба бозаргон чашмак заду одоби меҳмондориро риоя намуда, назди ароба шитофт, то мӯйсафедро пазироӣ кунад. Ҳаракати ӯро дидан ҳамон ҷавонҳои савора зуд пиёда шуда, чолу кампирро беозор аз ароба фуроварданд.
Баъди ҳолпурсӣ ва лутфу меҳрубонии қолабӣ Иброҳимхоҷа меҳмонҳоро барои лаҳзае нишаста, нафас рост кардан ба тахтакати соябондор даъват намуд. Аммо мӯйсафед розӣ нашуд ва тарафи офтобнишинро нишон дода, бо лаҳни хаста гуфт:
– Ё деҳхудои меҳрубон, мо биступанҷ фарсанг бештар роҳ паймуда, бисёр малолу калол шудаем. Агар иҷозат бошад, ба яке аз он ду меҳмонхонаи ороста ҳамроҳи улёҳазрат биравем ва лаҳзае дам бигирем. Аммо ҷиянҳои мо ҳамроҳи шумо бошанд. Ва дастёрӣ кунанд.
– Инҳо ҳам раванд, дам гиранд. Шумо баҳузур биосоед. Мо…
– Ман он гоҳ биёсоям, ки дили марди оҳангар аз ғам ва ранҷи писар раҳо ёбад.
– Кадом оҳангар? Чӣ хел писар?!
Мӯйсафеди ширрӯй, бодомчашм ва китфвасеъ қадаме пеш гузошта, даст ба китфи Иброҳимхоҷа ниҳод ва махраҷдор гуфт:
– Кадхудои меҳрубон барои меҳмонҳои хуҷандӣ як гӯсфанди сафед нисор карданӣ буданд. Агар аз қавлашон нагашта бошанд, он гоҳ кӣ будани оҳангарро мегӯям.
Деҳхудо, ки чунин забони ростгӯ ва ғайбдониро тамоман интизор набуд, кӯдаквор дасту по хӯрда, бо лабханди сохта чоплусӣ кард:
– Як не, даҳ гӯсфанд қурбони ҳар қадами шумо, эй бузургвор!
– Ин хел ки бошад, ба хонаи Ҳамиди оҳангар кас бифиристед, ки кӯдаки панҷсолааш ҳафт моҳ инҷониб маризи сахт асту падари бечора дар вартаи ноумедист. Бифармоед, ҳар чӣ зудтар писаракашро ин ҷо расонад, то мо бингарем ва даво фармоем.
Деҳхудо ғайбдонӣ ва гуфтори фасеҳи мӯйсафедро шунида, аз шигифт хирасар шуд: вақте чолу кампир рафтанд, аз дунболашон равона шуд, вале даҳ қадам намонда, аз раъяш гашту куҷо рафтану чӣ кор карданро надониста, лаҳзае пушти сар хорида, карахт истод. Хайрият, чашмаш ба Аҳмадсайид афтоду тозон пеши ӯ омад ва ҳузури меҳмонҳои ҷавонро фаромӯш карда, аз изтиробу ҳаяҷон бо овози ларзон гуфт:
– Ин мӯйсафед ҳарчанд ба назар хоксору фурӯтан менамояд, ба Худо қасам ки мӯҳтарам асту лойиқи эҳтироми мӯҳташам!
– Гапатон ҳақ асту рост, эй деҳхудои меҳрубон, тағои ман яке аз озодамардони олитабори Хуҷанд!
Иброҳимхоҷаи ҳайратзада бо чашми ошуфта соҳиби овозро нигаристу фаҳмид, ки боз хатое содир кардааст. «Хайрият, ки дар ҳаққи мӯйсафед ягон гапи дағал нагуфтам» – ин ҷумларо барқвор аз дил гузаронда, ҷумлаи дигар ба забон овард:
– Номи мубораки эшон чист?
Ҷавони тануманд ва қоматбаланди сафедчеҳра аз ҷайб номаи сарбамӯҳре бароварда, ба Иброҳимхоҷа дароз карду бо оҳанги махсус гуфт:
– Ҷавоби савол ин ҷост. Ба мо дастур шудааст, ки мактубро ба дасти деҳхудои Ворух супорем.
Иброҳимхоҷа бо хотири парешон ва дасти ларзон лифофаро саросема кушоду аввал ба имзо нигарист. Чун фаҳмид, ки нома аз Пири бузурги тариқат, садри уламои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ аст, якбора боғ-боғ шукуфта, ба зону нишасту «писархонди пайғамбари олам мактуб навиштаанд» гӯён ному номаи табаррукро бӯсидаю ба дидаҳояш молида, ҳарисона ба қироат пардохт ва чанд ҷумлаи асосиро бо овози баланд хонд: «Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки моро бародари бузург ба шумор мераванд, аз даргоҳи Парвардигори олам қурбати бисёре моликанд. Эшон дар Балху Бухорою Самарқанд ва Ҳисору Хатлону Хуҷанд обрӯю эътибори сутург доранду муридону шогирдони сершумор… Азбаски дар пиронсолӣ иқлими гарму хушки Хуҷанд ба саломатиашон созгор нашуд, баъди таҳлил ва ташхис ба чунин маслиҳат омадем, ки муддате дар Ворухи хушбоду ҳаво ва серсояву салқин иқомат кунанд, то аз бемории санахҷ сиҳату саломат халос шаванд… Аҳли ҷаннатмакони шуморо иҷозати шафоат ба ин авлиёи замона додем…»
Иброҳимхоҷа қироатро тамом карду аз бузургию шаҳомату тафарруди меҳмон ба ваҷд омада, бо чашми азамат атрофиёнро нигарист. Якбора фармоиши мӯйсафеди нуронӣ ёдаш омад ва қассобро сиёсат намуд, ки чаро то ҳол корд аз ғилоф накашидааст ва аввалин марди ба чашмаш намударо оҷилан ба хонаи оҳангар давонд. Сипас ба мардуми гӯшкушода рӯй гардонда, бо оҳанги мутантан мужда расонд:
– Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ – бародархонд ва язнаи Пири бузургвори тариқат Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ба Ворухи мо қадам ранҷа намудаанд! Меҳрубон бошед!!
Мардум ба пурсиши аввали худ ҷавоби сазовор ёфта, таҳсиномез нидо дардоданд. Аммо пароканда нашуданд. Зеро дуюмин пурсиши умумӣ ҳанӯз беҷавоб буд:
– Ин бузургвор бо Ҳамиди оҳангар чӣ қаробате дораду маризи бедавои фарзанди ӯро аз куҷо медонад ва оё шифо бахшида метавонад?
– Ман ҳам мисли шумо аз тааҷҷуб беқарорам, – китф дарҳам кашид деҳхудои ҳамеша ҳозирҷавоб. –Ана, оҳангар омад. Шояд ба саволҳои мо худаш ҷавоби пухта гардонад…
Оҳангари саргарангшуда бо шири модараш қасам хӯрд, ки берун аз деҳа ягон хешу табор надорад ва ин меҳмони хуҷандиро ҳатто дар хоби шабаш надидааст!
Аз каломи оҳангар мароқи мардум дучандон гашт ва чашми умед ба ҷавонҳои ҳамсафар дӯхтанд.
– Мусафед табиби зурай! – ба гап даромад яке. – Даму нафасаш худи даму нафаси Исо пайғамбарай. Як куфу суф кунад, у кудак албатта сиҳат мешад.
– Илоҳо, ҳамин хел шавад. Кӯдак ҳам шифо ёбаду Шайхбобо ҳам. Дарвоқеъ, номи касалиашон чӣ буд?
– Санахҷ, – дарҳол ҷавоб гардонд ҷавони номарасон ва шарҳ дод. –Бемории роҳи нафасро пешиниён чунин ном мебурданду арабҳо зиқ-ун-нафас мегӯянд, аммо бо лаҳҷаи мардуми Хучанд нафастанг аст.
– Мо диқинафас мегӯем, – жарф нафас кашида, риштаи сӯҳбат ба даст гирифт Аҳмадсайид бо мамнуният. Аз он шод буд, ки дар поварақи номаи худ Шайхи Бузургвор ба ваю Бимастура паёми алоҳида навиштаанд. – Агар гӯем, ки дар Ворух ин хел касал тамоман нест, шояд хато нашавад. Чунки дар ҷойи мо бод хуш асту ҳаво фораму насим атромез ва оби ширину гуворо ба сад дард даво! Ин гуна бемориро худи табиат бедареғ табобат мекунад. Бародари мо агар дар бари мо як сол манзил гиранду бо мо ҳамнафас шаванд, худ аз худ сабукрӯҳ, тозаҷигар ва дилҷавон мешаванд.
Дуруст мегӯям, эй Абдулмаҷид?
Шоири ҳамешаҳозир, ки сухани кадхудоро бодиққат мешунид, нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:
– Шумо ҳамеша дуруст мегӯед, Бойбобо!
Атрофиён пасту баланд хандиданду Абдулмаҷид бо рӯҳи болида суханашро давом дод:
– Ишораҳоятонро ҳам фаҳмидам, Бойбобо. Ҳар вақте фармоед, Шайхбоборо сари китфу тори сар бардошта, ба Сияҳкӯл мерасонем. Ҳавои тоб-тозаи арчазоронро як ҳафта нафас кашида, оби шифои афсонакӯлро шикамсерӣ нӯшанд, аз ҷиянашон ҷавонтар мешаванд. Дарвоқеъ, чӣ ном доред, ҷияни тағо?
– Мирмалик. Номи шарикам Сабзалӣ.
– Аз лафзашон маълум, ки ин кас хуҷандӣ не…
– Ман ҳам ранги шумо кӯҳистониюм, туғойӣ. Ай Хуталон… Вақту соаташ ояд, созтар шинос мешем.
– Гапи меҳмон қабул! – овози соҳибхона омирона садо дод. – Абдулмаҷид, ба ту гап ҳамин, ки беҳтарин шогирдҳои ҷавон катӣ ҳамроҳи меҳмонҳо як шинаки зӯр ташкил мекунӣ. Боғи лаби дарё ва нисфи гӯсфанд дар ихтиёри ту, эй мири маҷлис. Ман ҳамроҳи деҳхудою домуллою мӯйсафедҳо бо Шайхбобо дар ин ҷо сӯҳбат мекунем. Абдулсайид – маҳфилорои мо…
– Амака, ман ба тағоям нигоҳ кадосиям. Шумонкади ҷудо шуда, алакуҷо намерам!
– Тағои ту акнун бародари ба ҷону дил баробари ман, эй Мирмалик. То ман ҳастам, ту ягон зарра хавотир нашав! Ғайр аз ин…
Ними гапи Аҳмадсайид дар даҳонаш ногуфта монду «Хезед, Шайхбобо меоянд!» гӯён аз ҳама пеш ба истиқбол омода шуд.
Шайх Бурҳониддин бо табассуми нуронӣ дасти рост ба сандуқи сина ниҳода, бори дигар одоби саломи ом баҷо оварду бегапу ҳаракати зиёдатӣ назди Ҳамиди оҳангар омад. Писараки бемор ва озурдаро беозор аз бағали падар ба оғӯши худ гирифт, беҳазар аз рухи зардаш бӯсид ва мӯшикофона ба қаъри чашмонаш нигаристу ба падар гуфт:
– Медонем, ки ҳамакаса ҳафт моҳ боз илоҷи дард меҷӯеду табобат мекунед. Азбаски ягон нишонаи беҳбуд нест, ҳама гумон доред, ки шояд бемории Неъмати нотавон дармоннопазир бошад. Ин фикри хато асту васвасаи шайтони лайин! Худи ҳозир моро маълум шуд, ки илоҷи дарди ин кӯдаки бегуноҳро мабдаъ ва маод, яъне аввалу охир дигар асту бори дили дардпарварашро тарзи дигар метавон сабук кард.
«Табиби аз ғайб расида» ин бигуфту фармуд, ки пӯсти гӯсфанди навкуштаро биёранд. Худ бо чолокии ҳайратомез кӯдакро бараҳна намуда, пӯсти сафедрангро чу парпеч ба танаш печонд.
Сипас муддате дар ҳолати хеш муроқабат намуда, ҳолати маънавию рӯҳии худро бо ҳоли бемор мутобиқ сохт ва пас аз зикри ҷамил бо овози нимшунаво дуои махсус хонд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аъузу бикалимот иллоҳи томмоти куллиҳи мин шарри мо халақа. Бисмиллоҳи хайраласмон. Бисмиллоҳи раббил арзи ва самои. Бисмиллоҳи ло язурру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳува самъул ъалим».
Баъди қироат ба гӯшу чашму даҳону бинии бемор се бор шуф карду кӯдаки «пӯстинпӯш» ба дасти падар дод:
– Кӯдакро пиразоле ҷоду кардааст бо ҳафт банди тилисм. Мо кушодани банди баста оғоз ниҳодем ва боқӣ ба оби равон ҳавола кардем.
Эй падари ранҷур, дил фарох дор ва қад-қади ҷӯйбор рост ба манзилат рав оҳиста-оҳиста ва пайваста «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-азим» бигӯ. Ҷое, ки кӯдак атса занад, қарор исту ба рӯяш се каф оби ҷӯй бипош. Агар чашм кушояд ва «нон» гӯяд, неъмати ҷаҳонро бурдӣ: тилисм кушода ва ҷоду шикаста шудӣ!
Дартоз ба хона шитобу кӯдакро шуста, либоси нав пӯшон ва ғизои сабук бидеҳу хуррам бош – дилбанди ту саломат мешавад! Боқӣ «кона-л-лоҳу ало кулли шайъин муқтадир». Яъне, Парвардигор ба ҳама кор зӯру тавоно бошад…
Оҳангар рафту деҳхудо ба гап даромад:
– Эй Шайхбобои гиромӣ, як пурсиши ом асту агар малоли хотири нозук набошад, лутфан бигӯед, ки оҳангар ва фарзанди касали вайро чӣ гуна дарёфтед?
– Пешгуфтор андак тӯлонист…
– Бифармоед, ҳеҷ кас малоли хотир намешад.
– Чор рӯз пеш ҳамроҳи бародарам Шамсиддин, ки ҳама бо эҳтиром Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ мегӯянд, соҳили Сайҳун нишаста будем дар соягоҳе барои дамгирӣ. Чун ҳамеша аз ҷониби машриқ насими фораму салқин – боди барин беист вазида, роҳати бадан дучанд мекард. Ҳамин асно аз тарафи мағриб боди гарме бархост нофорам. Бародари азизам, ки аз шеъру шоирӣ хуб бархурдоранд, бадоҳатан байте аз Рӯдакӣ хонданд:
Гетӣ чунин омад гарданда бад-ин сон,
Ҳам боди барин омад, ҳам боди фурудин.
Ибораи «боди фурудин»-ро ду бор такрор карданду сӯям борик назар афканда, «ин боди дабур, ки аз ҷониби Сомғор вазид, ишорае аз болост» гуфтанд ва муддате ба маҷрои дарё нигариста, сукут варзиданд. Сипас ба чунин хулоса омаданд: азбаски боди фурудин ранҷи шуши дардмандро бисёр зиёну зарар дорад, пас беҳтарин даво тағйири боду ҳавост. Маслиҳат доданд, ки муддате дар рустои шумо бошам. Гуфтанд: «Ворух диёри кӯҳистон асту боди дабур ва самум ҳаргиз он ҷо роҳ наёбад. Чил чашма пеши чашм асту меваи накӯ бисёру гулу гиёҳи фаровон ранҷро дармон. Мардумонаш чеҳракушоду меҳмоннавоз, аз илму дониш бархурдор ва хушгуфтор. Аз ин рӯ, оқилон диёри мардуми чеҳракушодро Ворух ном кардаанду шоирон ҷаннати рӯйи замин мегӯянду табибон оби Ворухро дору, ҳавояшро дармон, насимашро шифо медонанд.
Раво ва ҷойиз меҳисобам, ки дигар таваққуф нашояд, эй бародар! Баҳри офият ҳар чӣ зудтар, алалфавр, озими сафар шаведу дар Ворух илоҷи дард ҷӯед ва ҳамзамон дуои раъият гӯед».
Бародари бузургворам дарҳол ба номи шумо, эй хоҷаи Ворух, нома навишта, бо лабханд «ҳар чӣ бар коғаз набишта шавад, беҳтар аз коғаз бошад» гуфтанду ин ду барнописарро роҳбалад намуда, таъҷилан ба роҳ дароварданд. То дарвозаи Фарғона барои гусел омада, дар охирин лаҳза нидо карданд: «Ба ман гуфтанд, ки писари панҷсолаи Ҳамиди оҳангар ҳафт моҳ боз дар Ворух табиби мушкилкушоро интизор аст, то ба дардаш шифо бахшад. Аввал Неъматро дида, баъд аз пайи дигар кор шавед!»
– Пири мӯътабари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам авлиё! – мад кашид Иброҳимхӯҷа. – Ҳар дуятон аз кай боз додари қиёматӣ?
– Мо чор бародаронем! Шамсиддини Хуҷандию Шамсиддини Узгандию Низомиддини Марғинониро чил сол боз мешиносам. Ҳамроҳ дар Бухорои шариф таҳсил кардем, шарикдарсем. Ҳар сол як маротиба, бо навбат, дар манзили якдигар меҳмон мешавему ин ҷамънишиниро «маҳфили чор дарвеш» мегӯем. Вале муридон муболиға карда «маҳфили аҳли идрок ва ирфон» мегӯянду маҷлиси асҳоби дониш меҳисобанд.
– Ин хел бошад, имсол ҳамаро ба Ворух даъват кунед, – сидқан пешниҳод кард деҳхудо, ки бо табассум пазируфта шуд. Абдулмаҷиди шоир, ки кайҳо боз суоле дар нӯки забон дошт, зуд аз фурсати мувофиқ истифода бурд.
– Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?
– Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, – Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. – Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?
– Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! – дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.
– Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.
– Ба чашм! – гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. – Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»
Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»
Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: « Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»
Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии Қароботур хуни сияҳ ба замин рехту дигар ёзӣ-ёзӣ накада, сари таслим фуруд овад…
Чун сухани Мирмалик ба нуқтаи таммат расид, шунавандаҳо оҳи сабук кашида, ӯро офарин хонданду Шайх Бурҳониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:
– Ҳокими қарохонӣ ноилоҷ дасти ҷиянпаҳлавони маро бо нишони ғолибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба туркӣ гуфт: «Ту дигар Мирмалик нестӣ. Темирмалик ту, эй оҳанбозу!»
Ин гап ба дилам сахт расиду луқма партофтам: «Эй ҳоким, турктозӣ бас аст!». Аз шиддати ғазаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, чӣ муддао дорӣ?». Гуфтам: «Ҷияни маро Темирмалик нагӯй, то туркон решапайванди худ наҳисобанд» Хандиду гуфт: «Хуҷандиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабонӣ ва талхгуфторӣ мекунӣ?! Ба ҳурмати Шайх буданат аз гуноҳат гузаштам, эй Қилич!»
Тамом – вассалом: гапи ҳоким гап шуду аз ин рӯз эътиборан ман – Қилич, ҷиянам Темурмалик!»
– Як саволи ғалатӣ дорам, – диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард Қосими қаднавча. – Агар иҷозат бошад, пурсам…
Деҳхудо бо ишораи сар рухсат доду Қосим ба ҳамсоли худ муроҷиат кард:
– Эй Мирмалик, росташро гӯй, ки ҳар дуи шумо ҷияну тағои ҳақиқӣ ё қалбакӣ?
– Тағои меҳрубонам акои буваҷонам, ҳар дуяшон фарзанди як падару модар!
– Оре, модари Мирмалик, ки Моҳсимо ном дорад, ҳамшираи ҷонии ман аст, – посухи ҷиянро мукаммал гардонд тағо. – Ин номи меросӣ. Аслан, исми шарифи духтари Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо – домоди амири кабир буд!
Он айём амирони бузурги сомонӣ дар пайравии шоҳони сосонӣ рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар маҳалҳо мамнун бошанд, ҳамчун нишони қадршиносӣ духтар ё набераи худро ба он ҳумоюнбахт номзад мекарданд. Ҷадди бузурги мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипаҳбуди содиқи лашкари сомониён. Оқибат бахт ба рӯяш хандид ва бо лутфи Исмоилшоҳ бо набераи соҳибҷамоли ӯ хонадор шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил – Гулсимо момокалони ман…
– Агар шафшаи3 шаҷараи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имрӯз хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин меҳмонем! – каф ба ҳам зада, деҳхудо бо нишоти афзун хитоб кард: – Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!
– Ҳама чашм дар роҳи оҳангаранд, – хулосаи худро бо овози баланд изҳор кард Сабзалӣ. – Ина, хандон-хандон меояд.
Ҳамиди оҳангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза лаҳзае қарор истода, фориғдилу шодбаҳр нидо кард:
– Эй мардум, шодиёна диҳед! Писаракам сиҳат шуд! Нону шир хӯрд, бо гӯши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо! – марди таҳамтан ва қавибозу тозон пеш омаду мисли кӯдак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз мағзи дилу ҷон гуфт. – Аз ин баъд ману фарзандам муриди ҳалқабаргӯши шумо, Пирам!
Атрофиён оҳангари маҳбуби худро шодишарик гашта, бо оҳанги дастбӯсӣ ба Шайхбобои Хуҷандӣ изҳори сипосу итоат намуданд.
Шайх Бурҳониддин бе ягон халалу озор гулӯе пур аз ҳавои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ҷо оварду оҳангарро сари по хезонд ва лаб ба насиҳат кушод:
– Ба ту мегӯям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ҳам бишнаванд: панди Бӯалӣ Синоро ҳамеша дар ёд доред ва ҳамеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, муҳаббати некон ва дониши тамом дошта бошад.
Ҳамиди оҳангар, ки дигар парокандааҳволу ошуфтакор набуд, ба фазилату дақиқназарии Пири мӯъҷизнамо бори дигар қойил шуду чеҳрааш аз нури ихлос боз ҳам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самимӣ гуфт:
– Ба шодиёнаи сиҳат шудани Неъмат рафтем ба ҳавлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камбағалӣ ва ҳар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ҳамаро зиёфат мекунам.
– Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. Ҳоло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд армуғони табаррукро ба соҳибонаш месупорем.
Сабзалӣ бо ишораи Шайх Бурҳониддин аз кӯлбор се тасбеҳи қаҳраборанги чӯби сандал бароварду ба дасти Иброҳимхоҷа, Аҳмадсайид ва Абдулсайид яктоӣ дод.
– Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин ба ҳар кадоми шумо як тасбеҳи табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбеҳ меоваред, ҳамвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи таҳлил биёваред.
Ҳазрати ҳумоюнӣ ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ армуғони алоҳида эҳдо карданд – девони Маҳастӣ! Бигӯед, ки биёяд ва ҳадяи гаронбаҳо худаш бигирад.
Сабзалӣ то омадани Нигина ба ҳозирин маълум намуд, ки Мирмалики хушқалам бо маслиҳати устод ва Пири раҳнамои худ шеърҳои Маҳастиро дар қоғази соф бо хати равон хаттотӣ кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.
– Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки ҳолиё Нигина кабутари парвара асту барояш ғизои хуби рӯҳӣ фароҳам овардан вазифаи ҷонии мост – сухан бар сухан афзуд Шайхбурҳон. – Мо ӯҳдадорем, ҳар чӣ имрӯз дилхоҳи ӯст, муҳайё созем, гирди сараш парвона бошем, то тавонем беҳтар парварему боли паридан биёмӯзем, то баландпарвозу ҷаҳоннамо шавад.
Нигина дар тан либоси сап-сафед кафтарвор парида, назди кати соябондор омаду сабук таъзим намуда, бо лаҳни ширин «Ассалом!» гуфт ва чашм аз рӯйи падар наканда, ором истод. Шайх Бурҳониддин суханҳои қаблан садододаро содаю фаҳмо ба духтарчаи гулрӯ такрор карду баъде ки Мирмалик китобро супорид, насиҳатомез гуфт:
– Аввал хату савод меомӯзӣ, эй парвара. Сонӣ шеърҳои Маҳастиро аз бар мекунӣ. Шеъри бисёр донӣ, духтари доно мешавӣ. Хуб?
– Хуб шудааст, бобоҷун! Раҳмат ба Шумо, Бобоҷуни Хуҷандӣ!
Очаҷуни Хуҷандӣ ҳам туҳфа карданд дафтару қалам. Гуфтанд, ки худашун муаддиба мешаванду ҳар руз меомӯзанд як сабақи нав. Боз гуфтанд, ки ёд медиҳанд ба ман – танбур навохтан! Шудам хеле хурсанд. Ваъда додам, ки мешавам шогирди нағз…
– Офарин, ҷони бобо! Бовар дорам, ки ба ваъдаат вафо мекунӣ.
– Албатта, бобоҷун. Шумо ҳам вафо кунед ба ваъдаи худ.
– Кадом ваъда?
– Очаҷуни Хуҷандиям гуфтанд, ки хаста шудаеду дам гиред, бобоҷун.
– Хуб, ҷони бобо. Ҳозир ҳамроҳи бузургони Ворух ба гулбоғи лаби дарё меравем.
– Хайр, бобоҷун, эҳтиёт кунед худатуна. Аз мо нашавед парешун, худам чойрезаки очаҷуни Хуҷандӣ мешам…
3
Шафша – шохи дарахт