Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 10

§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ

Оглавление

Идоракунӣ ба маҳорат ва санъати давлатдорӣ робитаи зич дорад. Нахуст давлати тоҷикон дар давраи ҳукмронии Сомониён ташкил ёфта буд, ки аз ҳастӣ ва меросдорони худ бо санъати волои идорӣ, ташаккули адабиёт ва илму ирфон, тамаддунофарӣ ва таъриху фарҳанги ҷовидон ба ҷаҳониён нишонаи возеҳ гузошт.

Давлати тоҷикон баъд аз ҳазору сад соли парешониҳо, ноумедиҳо, зулму ситамгориҳо боз дубора тавлид ёфт. То ин замон, халқу миллати тоҷик зери таҳдид, азобу шиканҷа ва тобеияти халқиятҳо ва давлатҳои гуногуни бегона қарор дошт, мувофиқан аз эҷод ва амалисозии мустақилонаи илму ирфон ва санъати идоракунӣ маҳрум буд.

Акнун, баъди саддаҳо чархи гардун ба сӯи миллати тоҷик боз гашт, аз соли 1991 инҷониб Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди абармард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва машғули идораи мустақили давлатӣ, эҳёи фарҳанг, санъат ва таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.

Тадқиқотҳои олимони тоҷик дар самти идоракунӣ

Мутаассифона, новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:

– Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);

– Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);

– Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);

– Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);

– Зокиров Г. Истиқлолияти сиёсӣ (2001);

– Маликова А. Х. Организационно-правовые аспекты функции государства по социальной защите престарелых ин инвалидов в Республике Таджикистан (2005);

– Ойев Х. Ҳокимияти иҷроия: тамоили инкишоф ва вазифаҳо (2002);

– Раззоқов Б. Ҳ. Масоили ҳуқуқии идораи минтақа (1997);

– Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳсолаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ (2001);

– Расулов Қ. Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ (1999);

– Сафаров И. Д. Эволюция представлений о государстве (2005);

– Ҳакимов А. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ (2005).

Боиси зикр аст, ки олимони тоҷик дар ташаккули илми идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ чанде кӯшишҳо ба харҷ додаанд.

Яке аз олимон Раззоқов Б. Ҳ. ҷанбаҳои ҳуқуқии идоракуниро бисёр васеъ баррасӣ намуда, тавсияҳои зиёде баҳри рушди ин мавзуъ манзур гардонидааст. Тибқи назари ӯ дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо истеҳсолот, чӣ тавре дар сохти анъанавии идоракунӣ бартарӣ дода мешавад, балки хизматрасонӣ, истеъмолот ва гардиши мол, ҳуқуқ, ахлоқ, маданият ва ғайра таъсири баробар доранд ва ба ташаккулёбии шахси комил мусоидат менамоянд. Яке аз назариёти дигари олим дар он аст, ки саҳми технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ хеле ногузир мебошад, зеро истифодаи он шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат карда, расмиёти маъмуриро соддаву дастрас мегардонад.

Ба ин назар олими дигар Мавлоназаров С. С. низ моил аст, ӯ иброз медорад, ки давлати муосир низоми мураккаби ташкилиро соҳиб мебошад ва устувории он танҳо дар сурати ташкили низоми босифати идоракунӣ метавонад таъмин карда шавад. Дар ин росто консепсияи «ҳукумати электронӣ» метавонад ҳамчун василаи муҳим дар бунёди ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намояд.

Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он – низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ – ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.

Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисони соҳавӣ ва олимону муҳаққиқон пайваста қарор дорад. Бар ин назар ва такя ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси соҳа Саидов А. таъсиси институти хизмати давлатиро ба таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ асоснок месозад. Ӯ бар он назар аст, ки омӯзиши хизмати давлатиро мебояд ҳамчун тамоили яклухти иҷтимоӣ ба роҳ монд. Дар ин ҳолат метавон ба ин институти давлатӣ, яъне омодасозии кадрӣ аз мавқеи идоракунӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайра назар намуд (Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). 2006). Яъне зарур аст, ки пайваста дониш ва малакаи хизматчиёни давлатӣ такмил дода шавад, зеро унсурҳои идоракунӣ танҳо бо кадрҳои болаёқат ва соҳибмалака метавонад таҳким ёбад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх