Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 7

БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.3 Намудҳои ташкилотҳо

Оглавление

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ – аз боло ба поён фаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиро пеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд:

– Шабакавӣ – маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;

– Бисёрченакдор – намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад – бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад – анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад – намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;

– Даврӣ – навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;

– Виртуалӣ – ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;

– Соҳибкорӣ – ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;

– Омӯзишӣ – навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх