Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 6

БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.2 Назарияҳои муосири сотсиологияи идоракунӣ

Оглавление

Барои осон гардидани баррасиҳои оянда 10 назарияҳои нисбатан маъмули сотсиологияи идоракуниро, ки бештар таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқону мутахассисонро ҷалб намудааст ва дар ҷараёни фаъолияти идоракунии ҷамъиятию давлатӣ истифода мегарданд, ҷудо менамоем:

– Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор);

– Маъмурияти фаъолият (А. Файол);

– Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо);

– Талаботи инсонӣ (А. Маслоу);

– Ҳавасмандгардонӣ ва омилҳои шавқангез ва ё сабабнок (бедорсозии завқу рағбат) (Ф. Хертсберг);

– Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор);

– Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон);

– Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ);

– Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барренд, Г. Саймон);

– Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер).

Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор)


Консепсияи муҳандиси америкоӣ Ф. Тейлор (1856—1915), ки ба танзими рафторҳои меҳнатии кормандон дар самти истеҳсолот равона гардида буд, сабаби пайдо шудани мафҳуми «Менеҷменти илмӣ» гардид. Назарияи ӯ асосан тақсимоти баробари меҳнат ва истифодаи самараноки кормандро дар истеҳсолот фаро гирифтааст. Дар ин ҷо муайян гардидани зарурат оид ба мувофиқаи манфиатҳо байни шахсони кироя (кормандон) ва кордиҳанда мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, барои самаранокии фаъолият кордиҳандаро зарур аст, ки манфиатҳои корхонаро бо корманд, аз ҷумла шахсони барои кор кироя шуда мувофиқа намояд ва албатта мақсади ин консепсия ба баланд бардоштани шахсияти корманд асос меёбад. Аммо татбиқи самараноки вазифаҳо бештар хусусияти иқтисодӣ дошта, он ба меъёрҳое асос меёбад, ки камхарҷии корхонаро тариқи истифодаи босамари қувваи корӣ инъикос менамояд. Меъёрҳои баҳогузории самаранокӣ ва ё сифати меҳнат фаъолияти кормандро бо принсипи: ба қафомондаҳо ҷарима додан; пешравандагонро қадрдонӣ намудан; ва ба мобайнӣ (иҷрокунандагони нақша) таъмини маоши муқарраргардида – фаро мегирад.

Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва дар фаъолияти меҳнатӣ пешрафт дошта бошад.

Дар шароити имрӯза низ, аз ҷумла барои кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти истифодаи самараноки қувваи корӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки дар тамоми зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ҷорӣ кардани конспесияи мазкур ба манфиат мебошад.

Маъмурияти идоракунӣ (А. Файол)

Муҳандис ва соҳибкори франсавӣ Анри Файол (1841—1925) тавлидгари назарияи маъмурияти идоракунӣ мебошад. Ӯ тасдиқ мекард, ки идора кардан – маънои пеш бурдани корхонаро барои расидан ба мақсади муайян бо назардошти гирифтани (аз худ кардани) манфиати зиёд (маҳсули бисёр) аз захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда, дорад.

Олим бар он назаре буд, ки ҳар як ташкилот аз ду қисмат: моддӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Қисмати якум меҳнати истеҳсолии кормандро фаро гирифта, қисмати дуюм ба муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ асос меёбад. Дар инҷо дар баробари фоиданокии ташкилот, ҳамчунин ба инобат гирифтани робитаҳои мустақими кормандон баррасӣ гардидааст, ки албатта аз усулҳои муносиби идоракунӣ маҳсуб мегардад.

Идоракунӣ, ба фикри олим, намудҳои гуногуни фаъолиятро, аз қабили техникӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, муҳофизатӣ, муҳосибӣ ва маъмурӣ фаро мегирад.

Яке аз дастовардҳои А. Файол дар самти идоракунии маъмурӣ ба таълиф гардидани принсипҳои зерини идоракунӣ асос меёбад:

– Тақсимоти меҳнат. Мақсад тахассус додан мебошад, ки дар ниҳоят он ба зиёд гардидани таҷриба ва такмил ёфтани малакаи кории шахс / корманд оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин усул ба самаранокии фаъолияти меҳнатии ҳар як корманд дар алоҳидагӣ ва ташкилот дар умум мусоидат менамояд;

– Ҳокимият. Ҳукмфармоӣ тавозуни иҷрои байни вазифаҳо ва уҳдадориҳоро таъмин менамояд.

– Тартибот. Кормандон бояд ба роҳбар итоат кунанд, аммо идоракунанда низ бояд нақши муносиби сарвариро дошта бошад.

– Яккасардорӣ дар идоракунӣ. Ҳар як корманд бояд як роҳбар дошта бошад.

– Равонасозии ягона. Шахсоне, ки барои иҷрои як намуди фаъолият равона гардидаанд, бояд вазифаҳои монанд ва нақшаи ягона дошта бошанд.

– Тобеияти манфиатҳои фардӣ ба умум. Роҳбарият бояд назорат кунад, ки мақсадҳои корхона аз манфиатҳои корманд (он) боло истад.

– Ҳавасмандӣ. Маош (моҳона) сабабнокии муҳим дар баҳисобгирии имкониятҳо мебошад ва ин беҳтарин низом ва ё василаи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.

– Марказонидан (ғайримарказонӣ). Ин масъала сатҳи шароитҳои кории корхона ва сифати ҳайати шахсии онро муайян мекунад.

– Зинабандии скалярӣ. Ин зинабандии ҳокимият аз боло ба поён мебошад. Иерархия (зинабандӣ) барои идоракунии самтнок ва ягона зарур аст. Аммо робитаи уфуқӣ (горизонталӣ) низ асос шуморида мешавад, зеро он дар идоракунӣ нақши худро соҳиб мебошад.

– Фармонбарорӣ. Дар инҷо, ҳам фармонҳои моддӣ ва ҳам иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Фармонбарор вақти худро ба анҷом додани амалҳои моддии нодаркор сарф намекунад, аммо маҳз ҳамин амалҳо фаъолияти идоракуниро нигоҳ медоранд.

– Адолат. Садоқат ва ростқавлии ҳайати шахсӣ бояд тавассути муносибати эҳтиромона ва адолатноки маъмурият (роҳбарият) нисбат ба тобеон таъмин карда шавад.

– Устувории низоми вазифадор ва ё масъулиятнок намудани ҳайати корӣ. Корманд вазифаи худро беҳтар иҷро мекунад, агар бехатарии ҷойи корӣ ва пешравӣ дар мансаб ва ё вазифа барои ӯ кафолат дода шавад.

– Ташаббускорӣ. Ба тамоми кормандон имконият дода шавад, ки ташаббусҳои худро дар самти рушд ва устуворсозии корхона нишон диҳанд.

– Руҳбаландӣ дар тим (команда). Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани руҳияи онҳо масъул бошад.

Файол назар дорад, ки маҳорати воқеии шахс ба ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ ниёз дорад. Бояд ки шавқу рағбати корманд дастгирӣ гардад, қобилияти ҳар як нафар мавриди истифода қарор дода шавад, ҳар як дастовард бидуни бухлу кановат қадр карда шуда, муносибати хуб ва муносиб ба роҳ монда шавад.

Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастоварди илмии А. Файол имкон дод, ки идоракунӣ ҳамчун фаъолияти мустақил ва махсуси одамон мақом пайдо кунад. Назари маъмурияти ташкилоту корхонаҳо ба идоракунӣ дигар шуд, аз ҷумла усулҳои иҷтимоӣ ва психологиро зимни истифода (омӯзиш) қарор доданд. Дар ниҳоят соҳаи нави илм – сотсиология ва психологияи идоракунӣ пайдо гардид, ки ин ду равияро (назарияи Файол) ба ҳам тавъам месозад.

Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)

Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад.

Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:

– бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;

– тахассуснокии маҳдуд;

– иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;

– ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;

– баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.

Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истад ва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.

Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.

Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)

Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:

– Талаботи табиӣ (физиологӣ) ва шаҳвонӣ – тавлиди (аз нав бавуҷудоварии) насл, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хӯрок, манзил ва ғайра;

– Талабот ба ҳастӣ – бехатарии ҳастии худи шахс, боварӣ ба оянда, шароитҳои муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат – талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;

– Талаботи иҷтимоӣ – робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;

– Талабот ба худшиносӣ – эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;

– Талаботи шахсият ва руҳӣ – худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.

Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.

Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд. Мисол, шахс дар рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ба маоши кам ва мақоми баробар ба аксарият қонеъ мебошад, вале бо мурури вақт ва зиёд гардидани таҷриба / собиқа талаботи ӯ ба маоши хуб, мақоми баланд, шароити хуби зиндагӣ ва ғайра меафзояд.

Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)

Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, – шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, – ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.

Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.

Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.

Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣ мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣ номида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад – ин худҳавасмандсозӣ аст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.

Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.

Омилҳои «гигиенӣ» ва ё берунӣ ин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи уфуқ, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат – ҳавасмандгардонӣ аз берун мебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошад, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи назари Хертсберг муносибат ба кор аз ду паҳлӯ бояд баррасӣ карда шавад. Мебояд муайян кард, ки корманд ба чӣ майл дорад ва чӣ ӯро хушҳол ва ё хушбахт мегардонад. Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз якум бармеояд, – корманд аз чӣ дасткашӣ дорад, ки ӯро нохуш мегардонад. Мувофиқан василаҳои қонеъ гардонидани ин ду паҳлӯи / гуруҳи алоҳида ва баробари ба талаботи корманд вобастабуда бояд гуногун бошанд.

Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор)

Назарияи Макгрегор аз ду қисмат авторитарӣ ва демократӣ иборат буда, вобаста ба сабабнокии / шавқангезии меҳнат дар идоракунӣ саҳми муносиб дорад. Ин ду қисматро муҳаққиқ шартан ба назарияи «Х» ва «У» ишора мекунад, ки дар ин ҷо назарияи «Х» – тарзи авторитарии роҳбариро бо назардошти назорати қатъӣ, маҷбур кардан ба меҳнат, муҷозот ва такя ба қадрдонии моддӣ ифода мекунад. Назарияи «У» бошад, тарзи демократии роҳбарӣ буда, истифодаи васеи қобилияти зертобеон, назорати фасеҳ, набудани маҷбурсозӣ, худназоратӣ, талош варзидан ба масъулиятнокӣ, ҳавасмандсозии маънавӣ, манфиатнокӣ дар меҳнат ва иштирок дар идоракуниро фаро мегирад.

Инчунин, назарияи мазкурро ба усулҳои идоракунии давраҳои пешин (классикӣ) ва муосир тавзеҳ додан мумкин аст. Дар давраҳои то асрҳои IXX – XX дар тамоми ҷаҳон асосан тарзи идоракунии «Х» истифода мегардид, яъне идоракунӣ бо усулҳои авторитарӣ – яккаҳокимиятӣ, маҷбуркунӣ, назорати қатъӣ ва ғайра ба роҳ монда мешуд, зеро барои аксари соҳибмулкон ва ё идоракунандагон тарзи иштирок ва ҳамфикрӣ дар идоракунӣ бегона буд. Дар ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо нуқтаи асосиро метавон ба паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши ҷомеа оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рабт дод. Имрӯзҳо бошад, асосан тарзи идоракунии «У» ҳукмфармо мебошад ва сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар демократикунонии муносибатҳоро дар идоракунӣ тақозо менамоянд, зерои ин принсип дар шароити имрӯза устуворӣ ва муваффақпазирии худро собит сохтааст.

Назарияи «Х» -ро бештар ба хислати идоракунии бевоситаи роҳбар вобаста кардан мумкин аст, чун роҳбар одатан машғули ғояҳои супоришӣ ва фармоишӣ буда, талаботи бевоситаи шахсияти корманд / зертоберо ба инобат намегирад, ки албатта ин хусусият ба номуккамалии фаъолият ва камфаъолӣ ва ё танназули иқтидори зеҳнии кадрӣ боис мегардад.

Дар акси ҳол бошад, – истифодаи назарияи «У» муваффақнокӣ дар фаъолият оварда мешавад, зимнан талаботи беш аз корманд, фаъолнокии зеҳнӣ, ташаббуснокӣ ва масъулиятнокии ӯ тақозо карда мешавад.

Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон)

Саҳми П. Блау, Р. Мертон ва Т. Парсон дар омӯзиши идоракунӣ ба ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ асос меёбад. Маҷмӯи корҳои тадқиқотии ин муҳаққиқон ҳамчун асоси усули системавии таҳлили механизмҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-психологии таъминоти устувори низомҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва ҳамгироии шахсон дар ҷараёни идоракунӣ баромад менамояд. Зери таваҷҷуҳи тадқиқотчиён ҷанбаҳои институтсионалии амалҳои иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти низомҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар умум ин ҷанбаҳо бавуҷудории талаботи дилхоҳро дар фаъолияти иҷтимоӣ, ба монанди рушди сохторҳои зарурии ташкилӣ бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавии танзимкунандаи рафтор ва мутобиқати иҷтимоии шахсият инъикос менамоянд. Ин усули омӯзиш боис гардид, ки дар сотсиологияи идоракунӣ қишрҳои тадқиқот, ба монанди «меъёри иҷтимоӣ», «муҷозоти иҷтимоӣ», «назорати иҷтимоӣ» ва ғайра зимни амал қарор дода шаванд.

Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ)

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд иттилоъ дод, ки кибернетика – ин илм дар бораи омӯзиши қонунияти умумии низомҳои мураккаби идоракунӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар ҷараёнҳои идоракунӣ мебошад. Ҳамзамон, бинобар он ки асоси қабули ҳар як қарорро иттилоот ташкил медиҳад, кибернетикаро ҳамчун илм дар бораи қонунҳои умумии дастрасӣ, нигаҳдорӣ, таҳвил додан (пешниҳод кардан) ва дигаргун сохтани маълумот ба / дар низомҳои мураккаби идоракунӣ баррасӣ мекунанд.

Кибернетика имкониятҳо ва усулҳои илмии технологӣ ва принсипиалии ҳалли вазифаҳои идоракуниро дар ҳамаи низомҳои худидоракунӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ васеъ мегардонад. Ин илм зарурат ва аҳамиятнокии иттилоотро ҳамчун василаи муҳими идоракунӣ нишон дода, онро қисми ҷудонопазир дар ҷараёнҳои идоракунӣ баррасӣ менамояд.

Кибернетика масъалагузориро, на чун: «ин ва ё он масъала ё объект барои чӣ бояд идора карда шавад», балки ҳамчун «ин ва ё он масъала ё объект чӣ тавр бояд идора карда шавад» ба роҳ мемонад. Яъне, он тарзу усулҳои идоракуниро ба таври васеъ ва аз ҳама муҳим, мувофиқ ба талабот ва шароити ҷомеаи муосир меомӯзонад.

Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барранд, Г. Саймон)

Чӣ тавре аз таҳлили боло маълум мегардад, идоракунӣ ба ду давра: классикӣ ва муосир ҷудо мешавад. Назарияи классикӣ бештар ба манфиати ташкилот / корфармо масъалагузорӣ мекунад, аммо назарияи муосир, ки онро либералӣ ва ё демократӣ низ метавон ном бурд, бештар манфиати шахс / кормандро боло мегузорад, ки дар навбати худ, ин муносибат низоми иҷтимоӣ ва ё гуманистии (башардӯстии) идоракунӣ ном гирифта мешавад.

Дар рушди назарияи муносибатҳои инсонии сотсиологияи ташкилотҳо ва ё «даъвати гуманистӣ» Э. Мэйо, Д. Макгрегор ва А. Маслоу саҳми муносиб гузоштаанд.

Олимон дар натиҷаи озмоишҳо исбот карданд, ки ба маҳсулнокии меҳнат аз омилҳои иқтисодӣ-техникӣ дида, омилҳои иҷтимоӣ-писхологӣ таъсирноктар аст. Ин назарияро инчунин мумкин аст, ки ба ду муқаррароти дар боло овардашуда рабт дод: якум ба шакли классикии идоракунӣ ва дувум ба шакли муосири идоракунӣ. Яъне, классикон ба он назар буданд, ки самаранокии идоракунӣ зимни сохтори расмии идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати мушаххас, назорати қатӣ, яккасардорӣ ва ғайра таъмин мегардад. Аммо рақибони онҳо – олимони муосир бар он назаранд, ки самаранокии идоракунӣ дар ҳолати ғайрирасмикунонии сохтор, бахусус бо гуруҳҳои хурд, муносибати мутақобилаи одамон, назорати умумӣ, худназоратӣ, қадрдонӣ ё ҳавасмандгардонии гуруҳ (коллектив) ва ғайра таъмин карда мешавад.

Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер)

Дар роҳи таҳқиқи сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ Питер Блау зарур донист, ки назарияи мубодиларо ба шакли муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ намояд. Тибқи назарияи олим байни ҷамъиятҳои бузург ва гуруҳҳои хурд фарқият вуҷуд дорад.

Сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ дар гуруҳҳои хурд бевосита дар шакли муносибати мутақобила ба роҳ монда мешавад, дар ҳоле ки дар ташкилотҳои бузург чунин шакли муносибат имконнопазир мебошад, мувофиқан зарур аст, ки механизми муносиб ба роҳ монда шавад.

Дар ин самт Блау муайян намуд, ки дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба сифати механизми пайвасткунада меъёрҳо ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеа метавонад истифода гардад. Ин робитаро албатта созиши байни тарафҳо-созишномаи марбут ба арзишҳо ташкил медиҳад.

Ин созишнома, ки дар натиҷаи мувофиқати меъёрҳо ва арзишҳои умумиқабулшуда пайдо гардидааст, метавонад ба сифати ҳакам / байнрав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ё ҳалқаҳои пайвасткунандаи амалҳои мутақобилаи иҷтимоӣ баромад намояд. Бо ин роҳ мубодилаи иҷтимоӣ бо усули «бавосита» имконпазир мегардад, ки он ҷараёнҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ, инчунин рушди ташкилотҳои иҷтимоиро дар худ метавонад идора кунад.

Дар ин ҷо, муҳаққиқ муносибатҳои мутақобиларо дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба воситаи амалӣ сохтан, эҳтиром гузоштан, эътироф ва истифода намудани меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ҳамчун механизми рушди ташкилот, нигоҳ доштан ва эътидолнокии гуруҳҳо баррасӣ менамояд.

Назарияи М. Фуко оид ба ташкилот

Мутобиқи назари муҳаққиқ интизом наметавонад ҳамаи ҷомеаро якранг фаро гирад, яъне узви ҷомеа гуногунмиҷоз мебошанд, мувофиқан ҷанбаҳои интизомиро гуногун қабул мекунанд. Интизом иҷборан дар ҷомеа ворид гардида, ба қисми муайяни ҷамъият таъсир мерасонад, аммо на ҳамаи он.

Дар кори Фуко, инчунин масъалаҳои гуманизм (башардӯстӣ) ба назар мерасад. Таҳқиқотчӣ бар он назар аст, ки гузаштан аз низоми шиканҷа ва азобу уқубат ба низоми ҳабскунии одамон гувоҳи (шаҳодати) гузаштан аз муҷозоти бадан ба руҳ ва озодӣ мебошад. Ин навъи омӯзиш онро инъикос менамояд, ки одамон ҳамчун объекти таҳқиқу омӯзиш муайян карда шуданд, гарчанде то ин замон манфиат ва шаъну шарафи инсон дар ҷойи дувум пас аз дастгоҳи истеҳсолӣ-идоракунӣ меистод.

Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.

Ҷадвали 1


Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия

Бюрократия аз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос – ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.

Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ – ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ менамояд. Хусусияти манфии бюрократия аз расмиёти гуногуни дастурдиҳӣ, фармондиҳӣ, вазифагузорӣ ва ғайра, ки дар ниҳоят он самти худро тағйир дода, ба мақсади асосии ҳокимият табдил меёбад, иборат мебошад. Тибқи назари олим дастоварди асосии бюрократия ин самранокии баланд ва ё маҳсулнокии фаъолияти хоҷагидорию иқтисодӣ мебошад, камбудии асосӣ бошад, ин рад кардани (ба эътибор нагирифтани) хусусияти ҳолатҳои низоангез ва набудани фасеҳӣ (гиро будани ақл, дастрасӣ) дар ҳолати зарурӣ мебошад.

Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:

– фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;

– дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;

– принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;

– ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;

– фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;

– низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;

– дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх