Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 5

БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.1 Ташаккулёбии сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун илм

Оглавление

Сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун мавзӯи таҳқиқу омӯзиш нав буда, дар асоси илмҳои идоракунӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) дар самти танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст.

Илми идоракунӣ дар навбати худ, дар шароити пайдо шудани зарурат барои омӯзиши муносибатҳо ва ҷараёнҳои гуногун, фаррох, худфаъол, бисёрҷабҳа, байнисоҳавӣ ва ҷамъиятии идоракунӣ ба амал омадааст.

Идоракунӣ умри куҳан дошта, аз рӯзи ҳастии инсоният ҳамчун василаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, идора ва ҳамоҳангсози одамон оид ба амалигардонии фаъолияти муайян дар шакли давлат ва ё давлатдорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо гардида, якеро аз байни худ, албатта бо назардошти бартариятҳои муайян ҳамчун сарвар интихоб менамуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзгор ва рӯзмараи хеш зимни қабул ва татбиқи қарорҳо ба ӯ итоат мекарданд; ки ин шакли идории ҷамъиятиро монанд месозад.

Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.

Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ – Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад – гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.

Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣ бо фарогирии услуб ва усулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом) таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X – XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII – XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор дода шудаанд.

Назариёти Низомулмулк вобаста ба идораи давлатӣ аз усулҳо ва василаҳои зерин иборат мебошад (Заходера Б. Н. Сиасет-наме. 1949):

– Эҳтиром гузоштани ҳокимон ба фаровонӣ ва ризқу рӯзии (аз ҷониби Худованд) фароҳамгардида;

– Таъмини адолат ва ҳалли баҳсҳо дар байни одамон;

– Назорати кору фаъолияти вазирон, раисон, қозиён ва дигар ходимони давлатӣ;

– Таҳқиқот ва тафтишот аз рӯи боварӣ ва эътиқодмандии ҷомеа ба Шариат ва рукнҳои он;

– Иҷро кардан ва эҳтиром гузоштан ба амру фармонҳои Роҳбари Олӣ (Шоҳ);

– Сафорати намояндагон ва ё ходимони давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус ва муҳим;

– Шӯрои (машварати) илмии давлатӣ;

– Таъмини мудофиа ва тартиботи истифодаи яроқу аслиҳа;

– Асосҳои хизмати (хизматрасонии) туркманҳо, туркҳо ва ғуломон;

– Тартиби маҷлисҳо ва қабули наздикон;

– Танбеҳи ходимони давлатӣ барои хатогиҳои ошкоршуда;

– Қадрдонии хизматгорон ва ғуломон барои хизматҳои шоиста;

– Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ дар идораи давлатӣ;

– Назорати андозбандӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.

Дар умум назариёт ва тавсияҳои Низомулмулк ба идораи давлат бар асоси адолат, футувват, инсондӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва эҳтироми иҳотакардагон ва хизматгорон, ки аз таълимоти дини мубини Ислом бармеояд ва дар фаъолияти кулли кишварҳои ҷаҳон имрӯз низ дар амал мебошанд, ба амал бароварда шудаанд.

Саҳми олимони Ғарб дар рушди илми идоракунӣ, ки онро ба фаҳмиши муосири идоракунӣ рабт додан мумкин аст, ду-се саддаи охир назаррас гардид, зеро сохти идоракунии давлатии кишварҳои Ғарб ба муваффақиятҳо ноил гардида, то имрӯз таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн карда шуда истодааст. Дар ин раванд мавқеи фаъолро сохти либералӣ ва ё демократии идоракунии давлатӣ ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.

Дар самти идоракунии ҷамъиятӣ саҳми зиёди олимон Ҷ. Локк, Б. Спиноз, Ж. Руссо ва дигарон назаррас мебошад. Дар корҳои тадқиқотии онҳо назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва принсипҳои либерализм ва демократизм, ки ба идоракунии низомҳои иҷтимоии мураккаб асос меёбанд, оварда шудаанд.

Идоракунии иҷтимоиро ба принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии аз ҷониби Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Э. Мэйо ва дигарон ташаккул ёфта асоснок кардан мумкин аст.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх