Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 13

§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ

Оглавление

Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.

Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Маҷлиси Олӣ ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад:

– Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;

– Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;

– Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;

– Таъини интихоботи Президент;

– Қабули истеъфои Президент;

– Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;

– Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх