Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 4

ПЕШГУФТОР

Оглавление

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф таҳким, такмил ва рушди муносибатҳои идоракунӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муносиб дар самти татбиқи принсипҳои либералии (демократии) идоракунӣ, зимнан истифодаи пурмаҳсули захираҳои инсонӣ, нерӯи зеҳнии ҷомеа ва рушди имкониятҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ногузир ва хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ вазъ додааст. Яъне, ташкил ва пешбурди муносибатҳои идоракуниро наметавон бидуни ташаккули заминаҳои назариявӣ, илмӣ, методологӣ, маънавӣ, таълимии психологӣ ва методии амалии идоракунии иҷтимоӣ дар ҷараён гузошт.

Мутаассифона дар ҳолати имрӯза, ин масъала – татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ, дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.

Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ – сотсиологияи идоракунӣ – бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.

Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва шахсони дигар, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия мегардад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх