Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 11

§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
2.3 Давраҳои идоракунӣ

Оглавление

Идоракунии Тоҷикистонро ба ду давра: то истиқлолияти давлатӣ (ва ё дар даврони Шӯравӣ) ва баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷудо кардан мумкин аст

Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон мақоми давлати мустақилро соҳиб набуд, сохтори идории хоси худро надошта, зери тобеияти собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари 14 кишварҳои дигар қарор дошт. Сохти идоракунии давлати Шӯравӣ – Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) бошад, намуди анъанавии шакли бюрократӣ ва ё авторитарии идоракунӣ буда, кулли қарорҳои хусусияти идоридошта аз ҷониби ҳокимияти марказӣ қабул мегардид. Ҷумҳуриҳои аъзо асосан салоҳияти маҳдуд дошта, чун шохаи иҷроияи ҳокимият фармонҳо ва супоришҳои ҳокимияти марказиро амалӣ мегардониданд.

Барои возеҳ нишон додани масъала баъзе хусусиятҳои сохтори идоракунии давлатии ИҶШС-ро тафсир менамоем. Сохти умумии идорӣ мутлақ ва ё дар шакли муттамарказ бо тарзи амудӣ ба роҳ монда шуда, тамоми муносибатҳо аз Марказ – шаҳри Москваи Федератсияи Россия ибтидо мегирафтанд. ИҶШС асосан аз сохторҳо ва тартибҳои идоракунии зерин иборат буд:

– Идораи маъмурӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои вазирон пеш бурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои аъзо дар навбати худ, Шӯрои вазирон амал менамуд, аммо дар тобеияти Марказ қарор дошт;

– Идораи сиёсӣ – аз ҷониби котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ идора карда мешуд. ИҶШС сохти яккаҳизбӣ дошта, тамоми масъалаҳои сиёсӣ дар сатҳи Марказ баррасӣ ва қабул мегардиданд;

– Идораи намояндагӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олӣ (Парламент) ва комиссияҳо идора карда мешуд. Чунин низом дар ҷумҳуриҳо низ амал менамуд, аммо мустақилияти комил надошт;

– Идораи ҳуқуқӣ-назоратӣ – аз ҷониби Шӯрои суди Олӣ, прокуратураҳо, сессияҳои Суди Олӣ пеш бурда мешуд. Идоракунии ин низом низ ба Марказ вобастагӣ дошт;

– Мудофиа – дар тобеияти бевоситаи ҳокимияти марказӣ қарор дошта, нигоҳубин ва банақшагирии хизмати ҳарбӣ аз Марказ ташкил мегардид;

– Иқтисодиёт – маблағгузории Буҷети давлатӣ аз Марказ таъмин мегардид, ҳокимияти маҳаллӣ (кишварҳои аъзо) ҳамасола ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Инчунин, истеҳсолот бо тарзи нақшабандӣ иҷро гардида, қисми зиёди маҳсулоти гаронбаҳо, ба монанди пахта, тилло, нафт, газ, барқ ва ғайра ба ихтиёрдории Марказ вогузор шуда буд (супурда мешуданд);

– Иҷтимоиёт – шароити дахлдори зиндагӣ – то андозае (дар шароити имрӯза «миёна») фароҳам оварда шуда буд, маош, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ғайра сари вақт таъмин мегардид, шаҳрвандон ба тандурустӣ ва кӯдакон ба таҳсили бепул фаро гирифта шуда буданд;

– Бехатарӣ – бехатарӣ ҳамаҷониба таъмин буд, аммо тансиҳатии шаҳрвандон дар оянда, ки имрӯз дарк мегардад, аз лиҳози экологӣ дар хатар буд – одамон ҳамчун дастгоҳи истеҳсолӣ истифода бурда мешуданд, иштироки онҳо дар меҳнат, қадру эҳтиром ҳамчун шахсият ва ҳифзи комили тандурустӣ ба эътибор гирифта намешуд. Мисол: дар қисми зиёди шаҳру навоҳии Тоҷикистон пахта корида мешуд. Мақсад на беҳдошти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва осудагии аҳолӣ, балки истеҳсоли пахта ва ғундоштани ҳосили зиёд буд. Ҳамасола барои ҳоисли зиёди пахта ва эмин нигоҳ доштани он аз ҳашароти зараррасон ҳазорҳо тонна доруҳои кимиёӣ дар заминҳои кишт, мутаносибан дар саҳни (болои) хоҷагиҳо-манзилҳои зисти назди заминҳои кишт ва одамон тавассути ҳавопаймоҳои ҳаҷман хурд пош дода мешуд. Боиси зикр аст, ки доруҳо барои несту нобуд кардани ҳашарот равона шуда буданд, яъне дар ин ҷо солимии ҷомеа аҳамияти дуюмдараҷа дошт.

Новобаста аз ин, солҳои 1950-70-ум сохтори идоракунии ИҶШС дар арсаи ҷаҳон бонуфузтарин пазируфта шуда буд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Куба, Ҳиндустон, Чилӣ, Хитой ва ғайра сохти идории ИҶШС-ро қабул намуданд. Дар ин солҳо дар ҷаҳон ду кишвар, яке ИҶШС ва дигаре ИМА ҳукмрони мутлақ шинохта шуда буданд. Аввалӣ аз рӯи намуди идоракунии классикии яккаҳокимиятӣ ва дувумӣ аз рӯи намуди либералӣ фаъолият мекарданд. Оғоз аз солҳои 80-90-ум инҷониб сохти идоракунии ИМА муваффақ мегардад ва мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор мегирад. Дар баробари ин, қисми зиёди кишварҳо, аз ҷумла собиқ аъзои ИҶШС пурра ба ин сохти идоракунӣ – идораи демократии давлат ва ҷомеа мегузаранд.

Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:

– Идоракунии конститутсионӣ;

– Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);

– Ҳокимияти судӣ;

– Ҳокимияти иҷроия;

– Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;

– Ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.

Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.

Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх