Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 8
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
Оглавление– Идоракунӣ чист?
– Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?
– Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?
– Асоси усулҳои идоракунии давлатиро тибқи рисолаи «Сиёсатнома» -и Низомулмулк кадом таълимот ташкил медиҳад?
– Саҳми кадом олимон дар рушди идоракунии иҷтимоӣ тибқи принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ назаррас мебошад?
– Назарияи «Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Маъмурияти фаъолият» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Муносибатҳои инсонӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?