Читать книгу Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - Миралиён Қиёмиддин - Страница 15

§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
2.5.2 Маҷлиси намояндагон

Оглавление

Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:

– Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

– Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;

– Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

– Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

– Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

– Таъини раъйпурсӣ;

– Таъсиси судҳо;

– Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;

– Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

– Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;

– Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

– Муайян намудани маоши Президент.

Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:

– Раёсат – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;

– Шӯро – аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;

– Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) – аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;

– Фраксия ва гуруҳҳои вакилон – аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб;

– Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон – аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.

Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:

– Қонунгузорӣ – вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд;

– Намояндагӣ – вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд;

– Робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ – тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳо вакил бо ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мемонад ва бо кишварҳои хориҷ дар доираи фаъолият – узвият дар гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, ки асоси идораи ҳокмияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд тавассути Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ баррасӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Сохтори судӣ дар идораи давлатӣ

Яке аз се шохаи ҳокимияти давлатиро мақомоти суд ташкил медиҳад.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Дахолат ба фаъолияти судҳо манъ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз мегардад.

Сохтори судӣ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе иборат мебошад.

Суди конститутсионӣ салоҳият дорад, ки 1) мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаро дар таносубнокӣ ба Конститутсия муайян намояд ва 2) баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал намояд.

Сохтори иҷроияи идораи давлатӣ

Шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатиро Перзидент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон Раиси Ҳукумат мебошад, ки устувории ин шохаро ташкил медиҳад. Мантиқан чунин ҳам бояд бошад, зеро амалисозии сиёсат ва натиҷагирии он асосан ба зиммаи ҳокимияти иҷроия вогузор мебошад, мувофиқан масъулияти ин шохаи ҳокимият дар назди ҷомеа ва халқ бештар аст.

Ҳокимияти иҷроияи давлатиро метавон аз рӯи шакли ташкилии ҳуқуқӣ, соҳа ва ҳудуди фаъолият, тобеият ва ғайра ҷудо намуд. Ҳамзамон, ҳокимияти иҷроия аз рӯи шаклҳои муайянгардида ба зинаи маъмурӣ, марказӣ, маҳаллӣ ва худидора ҷудо мегардад.

Зинаи маъмуриро бо назардошти идораи умури давлат ва сиёсати пешгирифта Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, чунки тамоми фармону супоришҳо ва амру қарорҳои идорӣ маҳз аз ҳамин институтҳо манша гирифта, дар дигар зинаҳо, аз ҷумла марказӣ ва маҳаллӣ табиқ карда мешаванд.

Зинаи марказӣ фаъолияти вазорату идораҳои гуногунро аз рӯи соҳаҳои муайян фаро мегирад. Сиёсати давлат аз рӯи соҳаҳо маҳз дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор коркард гардида, сипас барои татбиқ ба сохторҳои махсуси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ / вилоятӣ ва маҳаллӣ равона мегардад.

Зинаи маҳаллии идораи давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият – воҳидҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил дода, фаъолиятро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳудуди муайяни худ пеш мебаранд.

Зинаи худидоракунии маҳаллиро Ҷамоат ташкил медиҳад, ки он дар ҳудуди муайян аз ҳисоби деҳаҳо, кӯчаҳо, қитъаҳо ва ғайра ташкил ёфта, татбиқкунандаи сисёсати давлат дар ҳудуди худ маҳсуб мегардад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Подняться наверх