Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 10

«Ин чӣ сиррест…»

Оглавление

Ин чӣ сиррест,

                       ки дар ҷони ту пинҳон шудааст?

Он чӣ сӯзест, ба мо решаи фармон шудааст?


То кунун рӯйи ҷаҳон ҳамсафари ишқ, ки буд

Аз нигоҳи дили Маҷнун ҳама ҳайрон шудааст.


Назаре афканӣ кофист ба мо, вовайло,

Дидаат мурдаи моро ҳама дармон шудааст.


Зи куҷое ба замин Одаму Ҳавво омад?

Пас аз он манзили мо хонаи шайтон шудааст.


Айби мо бар сари нафсе натовон истодем,

Баски он дам ба шикоят сари имкон шудааст.


Ақл дорему забон, дида, ҷаҳон мебинем,

Чанд кӯре ба ҳавас гӯӣ мусалмон шудааст.


Қалби вайронаи моро туӣ меъмори азиз,

Чи кунам, чун дили зебои ту вайрон шудааст?


Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Подняться наверх