Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 3
«Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо…»
ОглавлениеДар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо,
Фарқе надорад бар касе, буду набуди мо.
Пас аз ғаме пайдо шавад, андӯҳи тозае,
То оташи дигар занад, бар рӯйи дуди мо.
Ҷуғрофиёи ин замин танг асту бесамар,
Дар назди ҳаҷми ғуссаҳои беҳудуди мо.
Созанда, най навозу бигӯ бар мани асир,
Оё ту дидӣ ранг, ба сақфи кабуди мо?
Аз мо набуду хостем, аз мо шавад яке,
Бо латма мерабояд онро ҳасуди мо.
Кай омадан сиёҳ буд, кай рафтан ончунон,
Оғози марги мост, рафиқам, вуруди мо.