Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 7
«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»
ОглавлениеСияҳчашмони ту аз сар бурун созад
хаёли мо,
Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
чунон риндона фоли мо.
Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
гарон гардид,
Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.