Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 12
Ромишгари бузург
ОглавлениеБа Устод Муҳаммадризо Шаҷариён
Эй садоят аз баландиҳо ба мо орад хабар,
Ин садоро аз дили мо то абад, ҳаргиз мабар.
Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
Бар хурӯш о!…
Наъра зан!…
Исён кун!
Ғамро бубар!…
Эй, ки дар майхонаи мо май туӣ, соғар туӣ,
Дар замони безабон, танҳотарин довар туӣ.
Ғарқи ишқему ба мо аз дардҳо ёвар туӣ,
Боз ҳам андешаи нав ор, чун гулҳо ба бар.
Мо зи оҳанги ту ҷонро бар амон овардаем,
Мо чароғ андар ниҳоди ин замон овардаем.
Мо туро ҳамчун ба қалби хеш аз он овардаем,
Боз рӯҳи ҳар касе бинмо ба оҳангат забар.
Як суруди ошиқона, як суруди беғубор,
Аз ту мехоҳем, эй Устоди бузурги табор.
Бо садоят бар дили мо завқ ор, озодӣ ор,
То касе натвон занад бар решаҳои мо табар.
Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
Хезу бо ҳар ғуссаҳои умр, чун Рустам, ситез!…