Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 13

«Тулӯъи партави ҳуснат…»

Оглавление

Тулӯъи партави ҳуснат

                                            бароям доварӣ дорад,

Хушо, ки дидани рӯи ту меҳри ховарӣ дорад.


Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,

Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад.


Ҷафоҳоят пазируфтам, пазироям, ки баъд аз ин

Фалак бар дидаи мо турфа нақшу соварӣ дорад.


Бигӯям шукри Яздоне, маро осуда медорад,

Ба посухи машаққат андаке ҳам ёварӣ дорад.


Зи оғӯши баҳори худ маро бебаҳра месозӣ,

Дарахти умри мо гаҳ хушку гаҳ бороварӣ дорад.


Маро дар оташи ишқат бисӯзонӣ, намемирам,

Муҳаббат ин чунин зӯру сари ҷанговарӣ дорад.


Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Подняться наверх