Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 14
«Садои хаста будани маро шунидани ту бас…»
ОглавлениеСадои хаста будани маро шунидани ту бас,
Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.