Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 20
«Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам…»
ОглавлениеОдатам нест, касеро ба касе бифрӯшам,
Одатам нест, ба ҳарфи ҳама додан гӯшам.
Одатам боварии беш ба худ доштан аст,
Одатам дар дили ҳар кас ҳавасе коштан аст.
Баҳри ин мардуми хушҳол диҳам дорамро,
Ҳеч нагзошта бар дӯши касе борамро.
Одатам то ки тавонам бинишонам дарахт,
Диҳад он соя ба гармию диҳад мева ба сахт.
Дӯст дорам бинишинам ба бари дӯст ҳаме,
Байни ин давра фақат сулҳу ба дил нест ғаме.
Дӯст дорам шунавам ҳарфи рафиқонамро,
Дӯст дорам бидиҳам гар талабад ҷонамро.
Ман аз ин ҷо ба худам ҳеч намехоҳам, ҳеч,
Бигзарад бо ману бе ман нафасе андар печ.
То ҷаҳон ҳаст, фақат сулҳ ба олам хоҳам,
То ҷаҳон ҳаст, фақат меҳр ба одам хоҳам.