Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 18
Олу
ОглавлениеЯк дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…