Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 19

Пазироӣ

Оглавление

Ман худамро мешиносам!

Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,

Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.

Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам

                                                                        ҳавас дорад,

Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.


Ман худамро мешиносам!

Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро

                                                              ҷустуҷӯ дорам,

Ҳарфҳоям бӯи деҳистону

                             рафторам намуди деҳаро дорад,

То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,

Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу

                                                               хонаи лоянд,

Содаву бо ҳам қарину бериё, дилбанд.


Тифлаке будам, падар аз дасти ман медошт,

Шояд аз дасташ гузашт ин шоирӣ бар ман.

Як дам аз шеъру ғазал дурӣ надидам ҳеч,

Лаҳзае бар ин ҷудоӣ тоқатам ҳам нест,

Ман худамро бо китоби панди Мавлоно,

Бо шакаргуфториҳои Саъдии Шероз,

Бо нигоҳи Ҳофизу бо дониши Сино,

Бо насиҳатҳои Соиб мекунам пайдо.


Ман худамро мешиносам, мекунам эҷод,

Ишқ меорад ба лаб оҳанги зеборо.

Гоҳ ғарқи олами беш аз тамоми ҳастии худ мешавам чун бод,

Гоҳ баҳри сардии андешаҳое мешавам оташ,

Гоҳ баҳри сабзии гулҳои дил обам,

Аз азал хокию охир ҳамбари хокам,

Дар замини кӯчаке монанди афлокам!


Ман худамро мешиносам!

Ин ҳанӯз андак,

Худшиносӣ мекунам то лаҳзаи поён,

Қуллаҳое ҳаст дар ман, худ намедонам,

Бо гузашти умр як-як мешавад равшан.

Мепазирам ман шуморо ношиносонам,

Қуллаҳои ноаёни ошнои ман!


Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Подняться наверх