Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 9

«Магар аз хона биронанд…»

Оглавление

Магар аз хона биронанд,

                                               куҷо меравӣ, эй дӯст?

Хаста чун кӯҳи Дамованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Ҳама манзил, ки ба як ҷо барад охар сари моро,

Ту ба ҷуз назди Худованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Умри якбора ба оворагӣ бигзашта равад, ҳайф,

Ту на сарсон шудӣ ҳарчанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Ҳар қадар сонияи мо, ки ишорат диҳад аз ғайб,

Бишнав аз фосила як панд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Гарчи бишкастӣ тамоми дилу ҷонро, чӣ бигӯям?

Ба амал кардани савганд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Шавқи дидори ту дар дида аён аст, биё,

                                                                    то бо ман,

Ҳамнафас бошиву хурсанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Роҳи мақсуди ту дур аст, бале, дури дарози беҳад,

Пеши ман о, ба Самарқанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?


Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Подняться наверх