Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 15

«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»

Оглавление

Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,

Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.


Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,

Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.


Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,

Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.


Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?

Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.


Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,

Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.


Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,

Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.


Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,

Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.


Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,

Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.


Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,

Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.


Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

Подняться наверх