Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 6
«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»
ОглавлениеГарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
«Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
– Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!