Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - - Страница 17
Ҷавонӣ
ОглавлениеҶавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.
Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
Ман аз теғе бимирам,
к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.